Фаъолияти комиссияҳои доимӣ назаррас аст

№142 (3936) 24.11.2018

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мусоидат ба амалӣ гаштани сиёсати иҷтимоии давлат ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста корҳои муайянро ба сомон расонидаанд. Аз ҷумла, дар самти татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва ғайра тадбирҳои зарурӣ андешиданд.

Чунончӣ, Комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ, баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ­анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар нимаи аввали соли ҷорӣ бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия 42 вохӯрӣ баргузор намудааст.

Дар ин давра 815 маърака — 780 тӯйи домодию арӯсӣ, 17 маросими чил, 18 маъракаи сол доир шудааст, ки дар маҷмӯъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 363 адад кам мебошад.

Вобаста ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия якҷо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳи корӣ ташкил намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ мондаанд. Масъулини шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошанд, дар ҳамкорӣ бо ШВКД №1, №2 ва шуъбаи дар ноҳиябудаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба пешгирии тақлиду пайравӣ ба фарҳанги бегона аз ҷониби занон ва дар амал роҳандозӣ кардани принсипҳои давлати демократии дунявӣ, дар бозорҳои ноҳия бо 1430 нафар ба тариқи фаҳмондадиҳӣ чораҳои эксперименталӣ гузарониданд.

- Айни ҳол сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 — 2019 яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Бинобар ин, Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохт­мон, энергетика ва хоҷагии манзилию коммуналӣ дар асоси нақшаи корӣ, таҳти роҳбарии раиси комиссия Ибодулло Шарифов рафти иҷрои қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе ва раиси ноҳияи Синоро дар Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳо, КВД «Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маишӣ», шуъбаи маорифи ноҳия, КВД «Обу корези Душанбе» (қисмати ноҳияи Сино), шабакаҳои барқӣ, Муассисаи давлатии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил» ва ғайра мавриди санҷиш қарор дод, — гуфт роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Зоиршо Амиршоев.

Назар ба қавли ӯ, мувофиқи нақша имсол бояд 756 бинои истиқоматӣ, 56 муассисаи таълимӣ, 14 муассисаи соҳаи тандурустӣ ва 24 корхонаву ташкилоти ноҳия бо гармии мутамарказ таъмин карда шаванд. Ба ин хотир, баҳри ҳар чӣ зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла, барқарор кардани асбобҳои гармидиҳанда дар хонаҳои истиқоматӣ, ба тартиб даровардани таҳхонаҳо, нуқтаҳои гармитақсимкунанда, асбобҳои ченкунии фишор ва ҳарорати оби гарм, Муассисаи давлатии «Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзил»-и ноҳия ва Муассисаи давлатии «Шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» як қатор корҳоро амалӣ намудаанд.

Таъмиру ободонии роҳҳои дохили шаҳраку маҳаллаҳо низ дар маркази диққати роҳбарияти шаҳру ноҳия қарор дорад. То охири моҳи сентябр дар масоҳати умумии 56167 метри мураббаъ роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда, кӯчаҳои асосӣ дар масоҳати 24720 метри мураббаъ таъмир карда шудаанд.

- Айни замон аз 79 муассисаи таълимӣ 70 ададаш ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мебошад. Дар ноҳия 10 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир аст, ки аз буҷети ноҳия маблағгузорӣ мешаванд ва бо хати озоди барқ таъмин мебошанд. Онҳо ба мавсими тирамоҳу зимистон омодагии хуб гирифтаанд, — афзуд З. Амиршоев.

Р. УМАР, «Садои мардум»