Фархор. 142 иншоот ба истифода дода шуд

№11 (4117) 21.01.2020

IMG_20200109_112130Соли 2019 барои сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Фархор хотирмон буд. Соҳибкорону мардони саховатпешаи ноҳия дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншоотро ба истифода супориданд. Суҳбати мо бо раиси ноҳия Рустам Раҳматзода дар ҳамин мавзӯъ сурат гирифт.

- Дастовардҳом ноҳия дар соли 2019 чӣ гуна буд?

-  Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 100,1 фоиз таъмин ва ба ҷойи 32349782 сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 32375832 сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2018-ум 5247500 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 838702,6 ҳазор сомонӣ расид, ки 110,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соли сипаришуда кишоварзони ноҳия 69033,5 тонна сабзавот истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6392 тонна зиёд аст. Аз 9614 гектар пахтазор 19187,2 тонна ҳосил ба даст омад, ки нисбат ба соли 2018-ум 159,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 55380 сар чорвои калон ва 117252 сар чорвои майда нигоҳубин мешавад. Сокинони ноҳия дар самти бунёд ва барқарорсозии боғҳо низ фаъоланд. Дар давоми соли гузашта дар ҳудуди ноҳия 25748 бех ниҳоли гуногун шинонда шудааст, ки далели ин гуфтаҳост.

- Саноатикунонии босуръа­ти мамлакат ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон гардид. Доир ба ин масъала кадом корҳо анҷом дода шуданд?

dav- Айни ҳол 22 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, 5 корхонаи коркарди пахта, 5  коргоҳи хурди нассоҷӣ, 2 корхонаи шир, коргоҳи хурди консервабарорӣ, корхонаи қаннодиву истеҳсоли нон, корхонаи дӯзандагӣ, 3 корхонаи хурди истеҳсоли хишти сементӣ ва корхонаи истеҳсоли қуму шағал фаъолияти пурмаҳсул доранд. Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 136391,8 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва бо ҷойи кор таъмин кардани сокинони маҳаллӣ соли гузашта  9 корхонаи саноатӣ, фермаи мурғпарварӣ ба фаъолият пардохтанд.

- Вазъи муассисаҳои таълимӣ ва иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ чӣ гуна аст?

- Айни замон дар ноҳияи Фархор 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 2 литсей, 2 гимназия ва хонаи бачагон фаъолият менамоянд, ки 37410 хонандаро ба таълим фаро гирифтаанд. Ба онҳо 2461 омӯзгор таълим медиҳанд. Илова бар ин, 10 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 768 тарбиятгиранда ва 102 гурӯҳи Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 2732 нафар фаъолият доранд. Соли 2019 ду хонандаи фаъоли ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Ба хотири беҳбуд бахшидани шароити таълим дар назди МТМУ рақамҳои 38, 20, 52 ва 5 барои 275 ҷойи нишаст 11 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 дар шаҳраки Фархор ва №4 дар деҳаи Аловуддини ноҳия идома доранд.

- Дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш чӣ дастовард доред?

dav- Роҳбарият ва кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия соли 2019 миёни наврасону ҷавонон 68 вохӯрию суҳбат, 139 чорабинии варзишию фарҳангӣ, 10 семинари омӯзишӣ, 17 озмун, 5 фестивали бозиҳои варзишӣ  баргузор намуданд. Феълан, дар ноҳия шумораи ҷавонони аз 14 то 30 — сола 55100 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 24795 нафарашон духтаронанд. Варзишгарони ноҳия соли гузашта дар мусобиқаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори 75 медали тилло, 55 — нуқра ва 54 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ноҳия 212 иншооти варзишӣ амал мекунад. Дастаи овозадори футболи ноҳия — «Ҳосилот» соли 2019 ба Лигаи дуюми чемпионати вилояти Хатлон роҳ ёфт.

- Вобаста ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чӣ тадбирҳо андешида шудаанд?

-  Дар ин давра аз ҷониби шуъбаву бахшҳои кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, тандурустӣ, САҲШ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ноҳия бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳти унвонҳои «Кадбонуи беҳтарин», «Хӯриши беҳтарин», «Сайри чакан», «Сад ранги чакан», «Тарроҳи беҳтарин», «Нонпази беҳтарин», «Бонуи ҳунарманд», «Ҳунарманди беҳтарини сол», «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ва «Иншои беҳтарин» бо ҷалби зиёди занону духтарон озмунҳо  гузаронида шуданд. Бо мақсади ҷалби бештари духтарон ва занони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ соли гузашта 270 ҷавонзан ба курс­ҳои кӯтоҳмуддат, ба монанди адрасбофӣ, қолинбофӣ, қӯроқдӯзӣ ва қаннодӣ ҷалб гардиданд. Дар ноҳияи Фархор барои сайёҳон шароити мусоид фароҳам аст. Айни замон 6 меҳмонхонаи замонавӣ ба қабули меҳмонон омодааст. Дар ноҳия 50 ёдгории таърихӣ мавҷуд мебошад, ки бештари онҳо  таърихи беш аз 4200 — сола доранд. Қобили зикр аст, ки соли 2019 аз мавзеъҳои таърихию тамошобоби ноҳия 1000 сайёҳи дохилӣ ва 50 сайёҳи хориҷӣ боз­дид карданд.

- Омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ чӣ гуна аст?

- Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП – 1059 барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ қарори раиси ноҳия қабул ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Дар робита ба ин, бунёди 333 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз 142 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Соли 2019 142 иншоот, аз ҷумла, 2 маркази саломатӣ, 14 маркази савдо ва дӯконҳои тиҷоратӣ, маркази хизматрасонӣ, се коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, бозор, шаш майдончаи варзишӣ, чор дорухона, 10 гармхонаи мавсимӣ, ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, осорхона дар назди МТМУ-и рақами 10 ва дигар иншоот бо харҷи 24 миллиону 835 ҳазору 80 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, сохтмону азнавсозии хати оби нӯшокӣ ба масофаи 2 км, кандани се чоҳи амудӣ, насби се насоси обкашӣ ва трансформатори 400 кв. аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Ассалом» бо арзиши 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид.

- Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор гардидааст. Баҳри амалӣ гардидани қарори мазкур кадом корҳо анҷом дода шудаанд?

- Соли равон бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 2 километр роҳи кӯчаву маҳаллаи ноҳия ва як қисми роҳи автомобилгарди Фархор — Хуррамзамин — Дӯстӣ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш гардид. Бо дастгирии аҳолӣ ва шахсони саховатпеша дар 54 деҳа зиёда аз 146, 570 километр роҳҳои маҳаллӣ бо харҷи 4763525 сомонӣ шағалпӯш карда шуд. Айни замон дар мувозинаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 409,8 километр роҳ мавҷуд аст, ки 56,4 километри он роҳҳои байналмилалӣ, 39,0 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 314,4 километраш роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.

- Муроҷиатҳои шаҳрвандони ноҳия бештар ба кадом масъалаҳо марбут мебошанд? 

- Соли сипаригардида ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор 3168 муроҷиати хаттӣ ва 474 мактуб ворид шудааст. Дар ин давра 810 шаҳрванд ба қабули раиси ноҳия роҳ ёфтанд. Мавзӯи асосии муроҷиати шаҳрвандон баҳси замин, ҷудо кардани саҳми замин, таъмин шудан бо манзили зист ва расонидани кумаки молиявӣ мебошад.

Мусоҳиб Исломи РАҶАБАЛӢСадои мардум»