Бузургонро бузургон зинда медоранд

Гӯри рамзии Дониш …-ро дар Душанбе бояд сохт

№142 (3936) 24.11.2018

1Пайдо кардан ва обод нигоҳ доштани марқади шахсиятҳои шинохта яке аз роҳҳои ҳифзи хотираи таърихии мардум аст. Наҷмиддини Кавкабӣ, Сайидои Насафӣ, Шамсиддини Шоҳин ва Аҳмади Дониш низ аз зумраи он бузургоне мебошанд, ки оромгоҳашон номаълум буд. Хушбахтона, бо эҳё шудани муносибатҳои дӯстона ва робитаҳои илмиву фарҳангӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекис­тон ин масъала ҳалли ­худро ёфт.

Профессор Аскаралӣ Раҷабов зимни сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон бо кумаки фарҳангиёни шаҳри Бухоро муайян кардааст, ки гӯри Наҷмиддини Кавкабӣ, Шамсиддини Шоҳин ва Аҳмади Дониш дар шаҳри Бухоро ва гӯри Сайидои Насафӣ дар шаҳри Насаф мавҷуд мебошад.

- Имсол бо қарори ­ЮНЕСКО 400-солагии шоири машҳур Сайидои Насафӣ ва 550-солагии яке аз бузургтарин назариячиёни санъати мусиқии классикӣ Наҷмиддини Кавкабӣ таҷлил хоҳад шуд. Дар иртибот ба ин ҷашнҳо ду маротиба ба шаҳрҳои Тошканд ва Бухоро сафари хидматии илмӣ анҷом додам. Ҳадаф муайян кардани ҷойи дафни Кавкабӣ, Сайидо ва Аҳмад Махдуми Донишу Шамсиддини Шоҳин буд.

Соли 2017-ум 190-солагии Аҳмади Донишро таҷлил кардем. Ба ин муносибат ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд гузаронида шуд. Зарур аст, ки дар баробари гузаронидани чорабиниҳои расмӣ марқади бузургонро ҳамчун зиёратгоҳ барои ояндагон пайдо кунем ва обод нигоҳ дорем, — иброз дошт Аскаралӣ Раҷабов.

Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, баъди аз назар гузаронидани қабристонҳои Бухоро (ҳамроҳ бо шахсиятҳои фарҳангии шаҳр), маълум шуд, ки Аҳмади Дониш соли 1897 дар қабристони махсуси шахсиятҳои бузург — «Дахмаи биҳиштиён» (ин дахма аз садаи VIII то нимаи аввали садаи ХХ амал мекард ва ҳозир ҳамчун мавзеи таърихӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад), гӯронида шудааст. Инчунин, дар он ҷо соли 1893 шоири ҷавонмарг Шамсиддини Шоҳин ҳам дафн шудааст.

- Барои гӯри Донишро муайян намудан ба мо яке аз фарҳангиёни Бухоро Маҳмуд Қосимов кумак кард. Ӯ аз меъморонест, ки шоҳиди кӯчонидани гӯри Дониш (соли 1955) аз «Дахмаи биҳиштиён» ба саҳни масҷиди назди Девори Бухоро буданд.

Дар назди Девори Бухоро марқади Хоҷа Исмати Бухороӣ ва ҳамчунин, масҷиде ба номи ин шоир ва орифи бузург мавҷуд аст. Дар ҳамин масҷид боқимондаи ҷасадҳои Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва орифу сӯфии машҳур Калободии Бухороиро дуюмбора гӯронидаанд.

Дар бораи Аҳмади Дониш бисёр рисолаву китоб навиштаанд, мутаассифона, таваҷҷуҳ накардаанд, ки гӯри Дониш дар куҷост.

Дар робита ба муайян намудани макони дафни Наҷмиддини Кавкабӣ ҳамсуҳбатам бо такя ба маълумоти тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ гуфт, ки соли 1532, баъди бозгашт аз сафари Машҳад, дар миёни шаҳрҳои Ҳирот ва Бухоро сарбозони шоҳ Таҳмосп зери таассуби мазҳабӣ Наҷмиддини Кавкабиро ба қатл мерасонанд. Ҷасади вайро дар гӯристон неву дар як маҳаллаи шаҳри Бухоро ба хок месупоранд. Он маҳалла ва гӯри Кавкабӣ имрӯз ҳам вуҷуд дорад.

Бино ба иттилои муаррихон ҳаёти Сайидои Насафӣ бештар дар Бухоро гузаштааст, вале ҳеҷ кадом аз тазкиранависон зикр накардаанд, ки шоир дар куҷо дафн шудааст. Маълум гардид, ки марқади Сайидо дар гӯристони деҳаи Қарноқи ноҳияи Муборак воқеъ аст. Азбаски сафари мо кӯтоҳмуддат буд, натавонис­тем мазори Сайидоро зиёрат намоем, вале қарор аст, то таҷлили ҷашни 400 — солагии ин бузургвор мазорашро зиёрат намуда, акс гирифта, ба тамошои иштирокчиёни симпозиуми байналмилалӣ гузорем.

Аскаралӣ Раҷабов гуфт, ки аз хоки сари гӯри Дониш, Шоҳин, Кавкабӣ ва Калободӣ (яъне аз «Дахмаи биҳиштиён») бо худ ба Тоҷикистон овардааст.

- Агар дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ин бузургон боғе ё маҳале бунёд ё номгузорӣ шавад, ба нишони рамз хокро он ҷо гӯронем. Аллакай бо ҳидоят ва дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе боғи хеле зебо ба номи Аҳмади Дониш бунёд гардидааст. Ният дорем, ки хоки аз марқади аллома Аҳмади Дониш овардаро барои бунёди гӯри рамзиаш ба Ҳукумати шаҳри Душанбе пешниҳод намоем. Умед аст, ки раиси ҷавону ободкори пойтахт Рустами Эмомалӣ дар боғи ба номи Аҳмади Дониш марқади рамзии ӯро бино мекунад ва он ба зиёратгоҳи воқеии шаҳрвандони кишвар табдил хоҳад ёфт. Ин барои мо хеле муҳим аст, зеро шахсоне, ки имкони ба Бухоро рафтан надоранд, дар ин ҷо марқади Донишро зиёрат кунанд, — изҳор дошт дар анҷоми суҳбат профессор А. Раҷабов.

Бояд гуфт, ки таҷрибаи сохтани мақбара ва гӯрҳои рамзии шахсиятҳои таърихӣ дар Тоҷикис­тон пештар ҳам истифода шудааст. Чанд сол пеш хоки гӯри Камоли Хуҷандӣ аз шаҳри Табрез ба шаҳри Хуҷанд оварда, мақбара ва гӯри рамзии ӯ сохта шуд, ки он ба зиёратгоҳи мардум табдил ёфтааст.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»