Хабарҳо аз кишвар

№151 (3136) 30.11.2013

Намоишгоҳи байналмилалии маърифатӣ

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати «ТМ –International» ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 – 27 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»- и пойтахт Намоишгоҳи 9 – уми байналмилалии маърифатӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз ин намоишгоҳ пайдо намудани имконоти таҳсил дар донишкадаҳои олии хориҷӣ ва шиносойӣ бо ихтисосҳои нави замонавӣ мебошад. Нигораҳои намоишгоҳ иборат аз барномаҳои таълимии донишкадаҳои олии кишварҳои хориҷӣ ва шартҳои дохил шудан ба онҳо мебошанд. Онҳое, ки аз намоишгоҳ дидан карданд, роҷеъ ба дастовардҳои ихтисоси муҳандисӣ, илмҳои дақиқ, тиб, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои компютерӣ ва ғайра маълумот гирифтанд.

 Кишти тирамоҳӣ авҷ мегирад

ДАНҒАРА. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Ғаллакорони ноҳияи Данғара мақсад доранд, ки  дар майдони  19367 гектар кишти  тирамоҳии ғалладонагиҳо гузаронида, ба ин васила дар фаровон намудани  бозори истеъмолии сокинони кишварамон саҳми шоиста гузоранд. Сарфи назар аз хушку камбориш  омадани фасли тирамоҳ, аллакай дар майдони беш аз даҳ ҳазор гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст. Рафти маъракаи кишти тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии мавзеи Олимтойи деҳоти ба номи Исмат Шарифов ва бахусус дар хоҷагии «Сомонҷон»-и ноҳия рӯз аз рӯз авҷу барори тоза мегирад. Ғаллакорон ният доранд, ки аз заминҳои обӣ на камтар аз 50 сентнер ва аз заминҳои лалмӣ на камтар аз 28 сентнер ҳосил ҷамъ оваранд.

Парвариши чӯҷаи кабку мурғҳои даштӣ

ҚУБОДИЁН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар мавзеи доманфарохи Полвонтӯғай ба тариқи таҷриба парвариши чӯҷаи  кабку мурғи даштӣ ба роҳ монда шуд. Бо ин мақсад аз ИМА тухми ин паррандаҳо ва таҷҳизоти зарурии илмию техникиро ворид намуданд. Тавре зимни суҳбат мутахассиси ин соҳа Имом Файзиев иброз намуд, баъди калон шудани чӯҷаҳо мо онҳоро дар мамнуъгоҳ, ки масоҳати 500 гектарро ташкил медиҳад, сар медиҳем. Ин аз як ҷониб агар барои ҳифзи муҳити зист ва паррандаҳои нодир имконият диҳад, аз ҷониби дигар барои афзун гардонидани олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Агар ин таҷриба самараи хуб диҳад, шояд дар оянда парвариши чунин паррандаҳои нодир дар ин мавзеъ ба роҳ монда шавад. Мавзеи биёбонии Полвонтӯғай яке аз гӯшаҳои нодири табиати Тоҷикистон буда, дар ҳудуди ноҳияҳои Қубодиёну Ҷиликӯли вилояти Хатлон ҷойгир аст.

 Омодагӣ ба зимистон

ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Тибқи иттилои роҳбарияти шуъбаи маорифи ноҳия, ҳамаи мактабҳои ҳудуди ноҳия барои зимистони имсола омодагии хуб дидаанд.

Бо кӯмаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои хариди миқдори зарурии ангишту ҳезум маблағи муайян ҷудо гардидааст. Соли ҷорӣ тибқи қарори раиси ноҳия, барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи тирамоҳу зимистон маблағ ҷудо карда шуд. Бо ин маблағҳо беш аз 830 тонна ангишт ва миқдори зарурии ҳезум дар анбори мактабҳо захира шудааст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва маблағгузории сарчашмаҳои гуногун соли таҳсили ҷорӣ беш аз даҳ таълимгоҳҳои нав ва ба миқдори беш аз 100 адад синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардид. Аз ҷумла, чанде пеш дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия 17 синфхонаи иловагӣ бунёд гардид. Дар анбори ин дабистон 17 тонна ангишт ва 25 метри мукааб ҳезум низ захира карда шудааст.

Бинои нави мактаб ба истифода дода шуд

ИСТАРАВШАН. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан бинои иловагии мактаби  таҳсилоти миёнаи умумии № 16 ба истифода дода шуд. Бинои нави мактаб аз 8 синфхона, хонаи муаллимон ва ҳуҷраи компютерӣ иборат буда, он барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳои иловагӣ бо харҷи наздик ба 1 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ — бародарон Додобоевҳо бунёд гардидааст. Мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас ва бо ташаббуси сокинон ошхонаву майдончаҳои варзишӣ низ бунёд шудааст. Алҳол дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 16- и деҳаи Қалъаи Баланди шаҳри Истаравшан 1504 нафар хонанда таҳсил мекунад.

 Амалиёти нодири ҷарроҳӣ

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд нахустин бор занони мубталои бемориҳои узвҳои дарунӣ бо истифода аз таҷҳизоти лапароскопӣ ҷарроҳӣ шуданд. Чунин амалиёти ҷарроҳӣ дар вилояти Суғд бори нахуст сурат гирифта, он бо истифода аз таҷҳизоти ҷарроҳии лапароскопии истеҳсоли Олмон гузаронида шуд. Бино ба иттилои сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд Шоира Бузрукова, чунин амалиёти нодири ҷарроҳиро ду нафар табибоне, ки дар марказҳои тиббии Федератсияи Россия ва шаҳри Душанбе таълим гирифтаанд, ба роҳ мондаанд. То ҳол мутахассисони таваллудхона чор маротиба чунин амалиёти ҷарроҳиро бомуваффақият анҷом додаанд.

 Мактаб номгузорӣ шуд

ЗАФАРОБОД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и  деҳоти ба номи Ҳамид Алиев ба номи дастпарвари ҳамин мактаб Элмурод Мирзанов номгузорӣ шуд. Бино ба гуфтаи муовини раиси ноҳияи Зафаробод Бисоро Баротова, Элмурод Мирзанов аз зумраи ҷавононест, ки баҳри дифои ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ҷони худро нисор кардааст.  Аз ин рӯ, аҳли деҳа ва ҷомеаи таълимгоҳ қарор доданд, ки номи ин парвардаи шуҷои таълимгоҳро абадӣ гардонанд.

 Бачаҳои душвортарбияи шеърдӯст

ДУШАНБЕ. ( Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Бо ташаббуси кормандони Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ҳафтаи «Хониши китоб» гузаронида шуд. Давоми як ҳафта китобдорон хулосаҳои библиографии китобҳои тозанашр, намоиши китобҳо, суҳбату маҳфилҳо доир карданд.

-Хонандагони ин мактабро душвортарбия мегӯянд, вале дар рафти чорабиниҳо мо дидем, ки онҳо шеърдӯсту ба китоб таваҷҷуҳ доранд. Онҳо дар ҳама маҳфилҳо фаъолона ширкат варзиданд. Дар ин мактаб барои таълиму тарбия шароити хуб фароҳам аст.  Чанд сол инҷониб дар ин мактаб нуқтаи китобдиҳии китобхонаи мо фаъолият мекунад,- гуфт ба хабарнигорамон директори КДБҶ Қурбон Авғонов.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91