Хатлон. 53 корхона ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд

№92 (3886) 31.07.2018

IMG_2333Чанде пеш дар шаҳри Бохтар даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷамъбаст гардид.

Он бо ибтикори Агентии «Тоҷикстандарт» аз соли 2009 гузаронида мешавад. Ба комиссия аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолӣ 73 дархост аз рӯйи номинатсияҳои — номгӯйи маҳсулоти хӯрокворӣ — 21, маҳсулоти саноатӣ — 14, ҳунарҳои мардумӣ — 17, хизматрасонии хӯроки умумӣ — 13, меҳмонхонаҳо — 4 ва таъмири техникӣ 4 адад пешниҳод гардид. Аз ин шумора 53 корхона ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, соҳиби ифтихорнома гардиданд.

Тавре директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон Сайдализода Ҷумъахон Қурбон иброз намуд, ҳадафи баргузории озмун, пеш аз ҳама, мусоидат ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, истеҳсолкунандагони ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ вобаста ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо мебошад.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»