Хатлон. Ҷамъоварии пахта оғоз гардид

№105 (3899) 28.08.2018

309435.640xpЗаҳматкашони хоҷагии тухмипарварии  ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ (сарвараш Бекмурод Холов), ки соли равон дар майдони 351 гектар пахта кишт карда буданд, яке аз аввалинҳо шуда, ба ҷамъоварии ҳосил оғоз намуданд.

Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ Раҳимҷон Бобоев, дар ноҳия дар майдони 7 ҳазор гектар пахта кишт шудааст ва мувофиқи дурнамо аз он бояд 14 ҳазору 700 тонна «дурри гаронбаҳо» ҷамъоварӣ карда шавад. Аллакай деҳқонони пуртаҷрибаи деҳоти «Ҷиликӯл», «Навзамин» ва Хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов 650 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд. Онҳо ният доранд, аз ҳар як гектар замин 35-40 сентнер ҳосил ба даст оранд.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»