Хатлон. Қарзи истифодаи неруи барқ ба 631 миллион сомонӣ расид

№43 (3993) 18.04.2019

Чамъбаст сул 150419 (2)12 — уми апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии хоҷагии халқи вилоят дар 3 моҳи соли 2019 ҷаласа доир гардид.

Қайд гардид, ки иҷрои нақшаи ҳама намуди андоз 100,4 фоиз таъмин ва ба буҷет 337,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 1,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар вилоят 33 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст ва маблағи то ин замон азхудшуда 454,5 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 2 миллиарду 799,6 миллион сомонӣ расид ва афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоизро ташкил дод.

Гардиши савдо ба 1307,3 миллион сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригардида 263 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ ба 81,3 миллион доллари амрикоӣ (содирот 38,8 миллион ва воридоти молу маҳсулот 42,5 миллион) расид.

Чамъбаст сул 150419 (1)Аз ҳисоби шахсони воқеӣ дар вилоят 8626 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Бо баргузор намудани 76 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва дигар чораҷӯйиҳо 2481 нафар шаҳрванд соҳиби ҷойи кор гардид.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1714,8 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 119,8 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар вилоят 20 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 212 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Кишоварзон ба маблағи 520,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Фаъолияти бонкҳои вилоят, ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ низ назаррас аст.

Дар баробари ин ҳама дастовард раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар 3 моҳи соли ҷорӣ 36 миллион сомонӣ ҳаққи истифодаи неруи барқ ҷамъоварӣ нашудааст. Дар маҷмӯъ, қарзи истифодаи неруи барқ 631 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бинобар ин, ба масъулин дастуру супориш дода шуд, ки ҳар чӣ зудтар роҳи ҳалли мушкилро пайдо намоянд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»