Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Хатлон, соҳаи сайёҳӣ аз мадди назар дур мондааст»

№152 (4002) 19.12.2019

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мақолаи танқидии «Хатлон, соҳаи сайёҳӣ аз мадди назар дур мондааст»-ро, ки дар нашрияи «Садои мардум» (22 июни соли 2019, №71) чоп гардидааст, дар маҷлиси васеи назди раиси ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Бояд қайд кард, ки дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати ба яке аз соҳаҳои афзалиятнок табдил додани сайёҳӣ дар ноҳияи Хуросон як қатор корҳои назаррас анҷом пазируфтаанд. Аз ҷумла, то ба имрӯз дар ҳудуди ноҳия 1 боғи фарҳангӣ, 1 гулгашти «Парчами миллӣ», 11 нуқтаи хӯроки умумӣ, 5 нуқтаи хизматрасонии сарироҳӣ, 4 меҳмонхона, 3 осорхона, 2 тарабхона, 1 чойхона, 1 осоишгоҳ, 6 мағозаи армуғон, 6 зиёратгоҳи қадима: Табаа — тобеин, Гулчечак, Зокирҷон, Хӯҷабехоб, Хӯҷа Ганҷина, Ермачит, 2 қалъа — Қалъаи Ғозималик, Қалъаи Сурх, 7 ёдгории мемориалӣ, 4 мавзеи сайёҳӣ, 12 адад нуқтаи хизматрасонии бонкӣ барои қабули сайёҳон омода карда шудаанд.

Тибқи маълумот дар 9 моҳи соли 2019, дар маҷмӯъ, 4350 нафар сайёҳи дохилӣ ва 4 нафар сайёҳи хориҷӣ ба ноҳия ташриф овардаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ кӯшиш менамояд, ки баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кунад.

 Р. САФАРЗОДА, раиси ноҳияи Хуросон