Хатлон. Таваҷҷуҳ ба занони соҳибкор хос аст

№133 (3770) 14.11.2017

Туфайли ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳибкории занон шароит фароҳам аст. Бо ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардида, татбиқи онҳо ба боло рафтани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат намуда истодаанд.

Дар вилояти Хатлон занони соҳибкор 27264 нафар мебошанд. Аз 65 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ, ки дар он фаъолият доранд 12632 ё 19,3 фоизи онро занон роҳбарӣ менамоянд.

Тибқи маълумоти даст­расшуда, солҳои охир тавассути бонкҳои дар вилоят амалкунанда, ба 19752 зан 108 миллиону 808 ҳазору 788 сомонӣ қарз дода шудааст. Агар онҳоро раддабандӣ намоем, қарзҳои имтиёзнок ба 1393 нафар ба маблағи 11 миллиону 249 ҳазору 950 сомонӣ, барои соҳибкорӣ ба 4023 нафар ба маблағи 28 миллиону 687 ҳазору 993 сомонӣ, соҳаи кишоварзӣ ба 4491 нафар ба маблағи 25 миллиону 816 ҳазору 936 сомонӣ ва дигар намуди қарзҳо ба 9846 зан ба маблағи 43 миллиону 053 ҳазору 909 сомонӣ дода шудааст.

Бо мақсади таъмини ҳамоҳангии фаъолияти соҳибкории занон  дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Шӯрои соҳибкорзанон таъсис дода шуд, ки 41 соҳибкорзан аз 25 шаҳру ноҳия аъзои он мебошанд.

Ба ғайр аз ин, маблағҳои грантӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо соҳибкорони ватанӣ 25 декаб­ри соли 2007 баён гардид, пешниҳод мешавад. Соли 2016- ум 29 нафар ва дар соли 2017-ум 32 зан сазовори гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Бо мақсади ҳамовозӣ ба иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 марти соли 2016, №64 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон  барои солҳои 2016-2020» қабул гардида, ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ 21 гранти раиси вилоят таъсис дода шуд.

Ба шуғл фаро гирифтани занону духтарон низ дар мадди назар буда, Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» таъсис ёфта, филиалҳои он дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Қубодиён, Данғара, Темурмалик, Дӯстӣ  фаъолият менамоянд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорони ватанӣ 130 дастгоҳи адрасбофӣ насб гардида, 637 нафар зану духтари хонашин ройгон ҳунар омӯхта, фаъолият доранд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят минбаъд низ баҳри рушди соҳибкорӣ, бахусус фаъолияти занони соҳибкор чораҳои имконпазирро меандешад.

Чанде пеш сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  Раъно Раҳимзода ба 21 зани соҳибкор шаҳодатномаи гранти раиси вилояти Хатлонро тақдим намуда, қайд кард, ки барои ба даст овардани онҳо 57 лоиҳа пешниҳод гардид.

Сулаймон Султонов,

«Садои мардум»