Хоҷаобигарму Хоҷамуъмин ба муаррифии бештар ниёз доранд

№28 (3822) 03.03.2018

ХочаобигармТоҷикистон кишвари афсонавиест, ки манзараҳои зебои он дили ҳар сайёҳи хориҷиро тасхир мекунад, хоса Хоҷаобигарму Хоҷамуъмин. Соли 2005 чор нафар шаҳрванди Украина аз ман хоҳиш намуданд, ки онҳоро барои дидани чашмаи радонӣ ба Хоҷаобигарм барам.

ХочамуъминБаъди шиносоӣ бо ин ­муъҷиза онҳо дар тааҷҷуб монданд. Хоҷамуъмин низ яке аз муъҷизаҳои табиат аст. Солҳои 80-уми асри гузашта дар озмуни сифати намак дар Фаронса намаки он сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид. Дар дигар давлатҳо намакро аз зери баҳр бо душворӣ истеҳсол менамоянд. Дар Олмон соле як рӯз иди намакпазон эълон шудааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки касе гирифтори бемории тарбод ва диққи нафас (ревматизм ва астма) бошад, агар дар кони намак кор кунад, шифо меёбад. Дар кӯҳи Хоҷамуъмин чашмае мавҷуд аст, ки оби ширин дорад. Пас аз ҷорӣ шудан шӯр мешавад. Магар, ин муъҷизаи табиат нест? Мардуми сарзамини иқлимаш сард, хоса Россияву мамолики назди Балтик зиёд ба бемории тарбоду диққи нафас гирифтор мешаванд ва ин ду муъҷиза ба ин бемориҳо шифобахшанд. Мутаассифона, сокинони ин кишварҳо аз хосияти мавзеъҳои зикршуда хабар надоранд. Соҳибкорони ватаниро мебояд, ки дар Хоҷамуъмин истроҳатгоҳе амсоли Хоҷаобигарм бунёд намоянд. Мутасаддиёнро месазад, ки ин ду муъҷизаи табиатро муаррифӣ намоянд. Бо эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» масъулонро зарур аст, ки дар ин ду мавзеъ барои пешвоз гирифтани сайёҳон барномае омода созанду ҷиҳати тарғибашон ба забонҳои хориҷӣ матолиб омода намоянд.

Раҳмат ШЕРАЛИЕВ,

омӯзгор, ноҳияи Восеъ