Иқдоми хайрхоҳона дар ноҳияи Шаҳристон

№8 (4114) 14.01.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ҳисобида, дастур доданд, ки чунин шахсон ба ғамхории доимӣ фаро гирифта шаванд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи раиси ноҳияи Шаҳристон Ҷалилзода Ашӯралӣ бахшида ба Соли нави мелодии 2020-ум ба 55 нафар ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат ба маблағи беш аз 15 ҳазор сомонӣ либосҳои гарми зимистона тақдим карда шуд.

 И. Шоаҳмедов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шаҳристон