Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маводи антисептикӣ

№59 (4165) 16.05.2020

КушониёнДар ноҳияи Кӯшониён бо ибтикори ҶДММ «Сомон фарм» корхонаи истеҳсоли маводи антисептикӣ ба фаъолият оғоз кард.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён иттилоъ доданд, корхона дар як рӯз 10 ҳазор флакон антисептикаи 75 ва 95-фоиза истеҳсол мекунад.

Дар корхона 7 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»