Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи маркази нави хизматрасонӣ ва толори варзишӣ

№95 (4045) 06.08.2019

Ҳафтаи гузашта дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ маркази нави хизматрасонӣ ва толори варзишӣ ба истифода дода шуд.

Он дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Наимхон Баҳодуров бо харҷи зиёда аз 1 млн. сомонӣ бунёд шудааст. Дар марказ 22 нуқтаи хизматрасонӣ, аз ҷумла ошхона, дӯкони гӯшт, фурӯшгоҳи либос, пойафзол, атриёт, маҳсулоти заргарӣ, қисмҳои эҳтиётии техникӣ, толори мебел, фурӯши телефон, сехи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн фаъолият мекунанд.

Дар ошёнаи сеюми бино толори варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст, ки дар як вақт 25 нафар метавонанд машқу тамрин намоянд. Дар нуқтаҳои хизматрасонӣ 40 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи иншооти зикршуда таъкид намуд, ки ин иқдоми соҳибкори маҳаллӣ дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ шоистаи таҳсину пайравӣ аст.

Зикр гардид, ки то соли 2021 дар ноҳияи Мастчоҳ беш аз 500 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд ва садҳо сокини деҳот дар онҳо соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб хоҳанд шуд.

М. Мақсудов, «Садои мардум»