Ба мо муроҷиат мекунанд

Имкон намедиҳанд, ки ҳалол кор кунем

№85 (3879) 10.07.2018

Мо — саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Абдулмаҷид»-и ноҳияи Вахш — Забир Сафаров, Ҷамила Сафарова ва Сайфиддин Сафаров узви як оила ҳастем. Бо истифода аз моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ҳуқуқ дорем, ки хоҷагии алоҳида ташкил диҳем. Аммо барои ташкили хоҷагии деҳқониамон («Ҷамила») раиси хоҷагии деҳқонии «Абдулмаҷид»  Саймумин Нуров монеа эҷод мекунад. Барои ин кор нуҳ сол боз даводав дорем, ба мақомоти дахлдор ва борҳо ба суд муроҷиат кардем. Ба ҷойи он ки иҷозат диҳанд хоҷагидорӣ кунем, заҳмат кашида, нони ҳалол хӯрем, сарсону саргардон кардаанд.

28 майи соли 2010 Суди иқтисодии вилояти Хатлон қазияи моро баррасӣ карда, ҳалнома баровард, ки дар он аз ҷумла қайд шудааст:

«Саҳми замини Сафаров Забир, Наимова Ҷамила ва Сафаров Сайфиддин мутобиқи сертификати ҳуқуқи истифодаи замин (дараҷаи АН №0068605) барои ташкили Хоҷагии деҳқонии оилавии «Ҷамила» аз ҳисоби заминҳои Хоҷагии деҳқонии «Абдулмаҷид»-и ноҳияи Вахш ба андозаи умумии 4,74 га ҷудо карда шавад».

Лекин аз  Кумитаи заминсозии ноҳия  Сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро намедиҳанд. Борҳо ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат кардем, вале мушкиламон ҳал намешавад. Дар робита ба замини зикршуда аз ҷониби суд се ҳалномаи дигар бароварда шудааст. Маълум мегардад, ки дар қитъаҳои замини хоҷагиҳои деҳқонӣ барои шахсони алоҳида замини наздиҳавлигӣ ҷудо кардаанд ва дар ангурбоғ хонаҳои истиқоматӣ сохта истодаанд.

Ба рӯзномаи «Садои мардум» муроҷиат кардем  то мақомоти зиддахл ба додамон расанд.

Ҷ. Сафарова, З. Сафаров, сокинони ноҳияи Вахш, Ҷамоати деҳоти «20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»