Кӯҳистони Помир — макони сабз барои сайёҳӣ

№121 (3758) 12.10.2017

Кӯҳистони Помир («Боми ҷаҳон») ба рейтинги ҷаҳонии «100 green destinations» — «100 самти устувори ҷаҳонӣ» (The Sustainable Destinations Top 100) шомил гардид. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ дод. Рейтинги мазкур 27 сентябр, Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар яке аз шаҳрҳои сайёҳии Португалия — Кашкайше интишор шуд.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода зикр намуд, ки чунин чорабинӣ ҳар сол дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ки дорои инфрасохтори сайёҳии пешрафта мебошанд, гузаронида мешавад. Соли равон дар он 36 кишвар иштирок намуда, дар маҷмӯъ 350 самти сайёҳиро муаррифӣ карданд.

Номбурда инчунин гуфт, ки Кӯҳистони Помирро коршиносони байналмилалӣ ҳамчун макони устувор ё сабз барои сайёҳӣ баланд баҳогузорӣ намуданд. Ин арзёбии коршиносони сатҳи байналмилалӣ ба ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳон ба минтақаҳои Тоҷикистон мусоидат карда, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақа имконият фароҳам меорад.

Ёдовар мешавем, ки интишори солонаи рейтинги «100 самти устувори ҷаҳонӣ» натиҷаи фаъолияти муштараки созмонҳои байналмилалӣ, барномаҳо, коршиносон ва ВАО дар самти мусоидат ба сайёҳии экологӣ, ба монанди  «National Geographic Traveler», «Travel Mole», «Vision for Sustainable Tourism», «Totem Tourism» ва ғайраҳо мебошад.

Кӯҳистони Помир маротибаи сеюм аст, ки пай дар пай ба рейтинги «100 беҳтарин» («Top 100») макони устувор ё сабз барои сайёҳии ҷаҳон шомил мешавад. Дар гузашта дар рейтинги мазкур якбора се макони зеботарини Тоҷикистон — кӯҳҳои Помир, водии Вахон ва дараи Бартанг ҷой гирифта буданд.

Бино ба маълумоти ташкилкунандагон, самтҳои сабз ва устувор аз рӯи нишонаҳои табиат ва манзара, муҳити атрофу иқлим, фарҳанг, анъана, одамон ва меҳмоннавозӣ, инчунин идоракунии устувори макони таъинот интихоб карда мешаванд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон, ҳамчунин минтақаҳои сайёҳии Аргентина, Канада, Хитой, Олмон, Мексика, Нигерия, Австрия, Италия, Танзания ва ғайра ба рейтинги мазкур шомил шуданд.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»