Кӯлоб. Чаро сохтмони мактаб «гӯштиуштурхӯрда» шуд?

№68 (4174) 09.06.2020

davАз солҳои 70-уми асри гузашта хонандагони деҳаи Санг­пари деҳоти «Зиракӣ»-и  шаҳри Кӯлоб аз сабаби набудани мактаб ҳар рӯз 3-4 километр роҳро тай карда, ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Корези Боло ба дарс мераванд.

davДиректори МТМУ № 12 Азизулло Маҳмадалиев мегӯяд, ки дар дабистон хонандагон аз деҳаҳои гирду атроф, аз ҷумла, Ҳакимобод, Сангпар, Баҳорис­тон ва Корези Боло, ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ҳоло 1114  нафар хонанда таҳсил дошта, ҷойи нишаст намерасад. Зеро мактаб солҳои шӯравӣ барои 400 хонанда сохта шудааст. Аз деҳаи Сангпар хонандагоне, ки ҳар рӯз 3 километр роҳро тай карда меоянд, зиёда аз 600 нафаранд. Аз миёни деҳаҳои Сангпар ва Корези Боло роҳе мегузарад, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад ва хавфи ба садамаи нақлиёт дучор гардидан дар он зиёд аст.

Ин мушкил волидонро водор сохт, ки соли 2013 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва раиси Раёсати кооперативи истеҳсолии «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» Абдуҷаббор Зардиев муроҷиат намоянд, то дар сохтмони мактаби нав мусоидат кунанд. Ҳамон сол 50 сокини деҳаи зикршуда аз Абдуҷаббор Зардиев аз заминҳои бекорхобида барои сохтмони бинои таълимгоҳ ҷудо намудани заминро талаб карданд.

davРаиси хоҷагӣ 13 феврали соли 2013 дар маҷлиси Раёсати кооператив ­масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод. Дар натиҷа, қарор қабул кард, ки дар он омадааст:

« 1. Аризаи истиқоматкунандагони деҳаи Сангпар оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб дар деҳа ба асос гирифта шавад.

2.  Аз ҳисоби як қисм тарҳҳои 422, 423 ва 424, ки санглохзаминанду истифода бурда намешаванд, 3,0 га замин ҷудо карда шавад.

3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба маҷлиси саҳомони кооперативи истеҳсолӣ пешниҳод карда шавад.

4. Аз Ҳукумати шаҳри Кӯлоб хоҳиш карда шавад, ки қарори мазкурро дастгирӣ намояд.».

Ҳамин тариқ, қарори собиқ раиси шаҳри Кӯлоб А. Раҳмонов аз моҳи сентябри соли 2013 таҳти № 869 барои ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб қабул шуд. Дар он чунин нигошта шудааст; «… барои сохт­мони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аз ҳисоби заминҳои хоҷагии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, тарҳи 424-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, майдони 3,0 га замини корами обӣ ба истифодаи бемуҳлат дода шавад… ».

Соли 2013 сохтмон мактаб барои 320 хонанда дар як баст аз тарафи филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи шаҳру минтақаи Кӯлоб аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ шурӯъ гардид. Ба он сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардида, гирду атрофи замини таълимгоҳро деворбандӣ намуда, баъдан таҳкурсӣ рехтанд. Мутаассифона, сохтмони мактаб қатъ гардид. Бо мақсади аз рафти он огоҳӣ пайдо намудан сӯи деҳаи навбунёди Баҳористон роҳ пеш гирифтем. Шоҳид шудем, ки ба ҷуз таҳкурсӣ ва чанд иншооти хурди ёрирасон кори дигаре анҷом дода нашудааст. Алафҳои бегона рӯи таҳкурсии бино рӯида, дохили сохтмон ифлос гаштааст. Аммо чаро он «гӯштиуштурхӯрда шуд»?

Сардори филиали Раёсати сохтмон дар минтақаи Кӯлоб Аскар Бобоев ба таъхир афтодани бунёди мактабро чунин шарҳ дод: «Ҳоло замини мактаб қарор надорад. Ҳарчанд қарори раиси шаҳри Кӯлоб соли 2013 барои 320 хонанда дар масоҳати 3 га баромадааст, вале замин таъиноти кишоварзӣ буда, дар Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун замини корами обӣ ба қайд гирифта шудааст. Биноан, ҳуқуқи идома додани сохтмонро надорем. Бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ ва шумораи хонандагони деҳаи Сангпар собиқ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб А. Раҳмонов соли 2017 ба раиси шаҳри Кӯлоб мактуб ирсол карда буд, ки дар он омадааст: «… бо сабаби сол то сол зиёд шудани аҳолии деҳаи Сангпар, шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо камоли эҳтиром хоҳиш менамояд, ки сохтмони бинои мактабро барои 320 нафар не, балки барои 640 нафар ба нақша мегирифтанд, беҳтар мебуд». Филиали Раёсати сохтмони асосӣ дар минтақаи Кӯлоб дар асоси мактуби мудири шуъбаи маорифи шаҳр, ки 25 апрели соли 2017 дастрас гардида буд, хаттӣ ба раиси шаҳри Кӯлоб мактуб пешниҳод карданд, ки дар он минҷумла зикр шудааст: «Аз сабаби бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар ҳудуди деҳаи Сангпар ва гирду атрофи он сафи хонандагони ба мактаб фарогиранда зиёд шуда, сохтмони мактаб барои 640 хонанда мувофиқи мақсад аст…».

Мактуби дигаре, ки ба мо дастрас гардид, аз тарафи сардори филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб 15 апрели соли 2020 ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ирсол шуда, дар он, аз ҷумла, омадааст: «… бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб таҳти № 869 аз сеюми сентябри соли 2013 се га замин барои сохтмони мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аз ҳисоби заминҳои корами хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҳти № 424-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷудо гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мактуби №1-342 аз 11 майи соли 2013 ва такроран бо мактубҳои №2/11 аз 20 феврали соли 2017, №1-118 аз якуми марти соли 2018 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои аз ҳисоби заминҳои хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, деҳоти «Зиракӣ», мушаххасан тарҳи №424-и харитаи заминистифодабарии хоҷагии мазкур ҷудо намудани 3 га замин дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ намудан муроҷиат кард. Вазорату кумитаҳои дахлдор хулосаҳои мусбат пешниҳод намуда буданд, аммо то ҳол масъалаи асосӣ аз фонди заминҳои корами обӣ ба фонди манзил гузаронидани 3 га замин барои сохтмони мактаб дар деҳаи Сангпари деҳоти «Зиракӣ» роҳи ҳалли худро наёфтааст».

Аз мактубҳо бармеояд, ки вазорату кумитаҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин бобат хулосаи мусбат додаанд. Мутаассифона, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Кумитаи заминсозии шаҳр дар ин масъала саҳлангорӣ мекунанд? Бинои мактаб бояд соли 2018 мавриди истифода қарор мегирифт. Тибқи маълумоти дастрасгардида, то якуми январи 2020 дар сохт­мони мактаб 2 миллиону 960 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст. Дар назар аст, ки он бояд бо харҷи 12 миллиону 433 ҳазор сомонӣ маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ сохта шавад.

Сардори Идораи замини шаҳри Кӯлоб Шамс Мирзохонзода зимни суҳбат гуфт: «Замини мактаб замини кишоварзӣ аст. Мо як маротиба ҳуҷҷат кардем ва қарори раиси шаҳри Кӯлоб ҳам барои сохтмони мактаб барои 320 хонанда баромад. Ҳоло шуъбаи маорифи шаҳр талаб дорад, ки қарорро иваз карда, барои 640 хонанда омода кунем. Парвандаи замин дар Кумитаи замини ҷумҳурӣ аст. Мегӯянд, ки равон кардем, вале намедонем, ки дар куҷост».

Иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба сохтмон Исмоилзода Саймурод дар суҳбати телефонӣ гуфт: «Ман аз ин масъала хабар надорам. Бо сабаби набудани муовини раиси шаҳр оид ба сохтмон муваққатан маро ба ин вазифа таъин карданд».

Дар таҳияи мақола бояд гуфт, ки то андозае роҳгум задем, чунки ҳар нафари масъул барои қатъ гардидани идомаи сохтмони болозикр «асос»-е пеш меовард.

Далелу арқоми дарҷгардида аз санаду ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатӣ ва суханони масъулон истифода шудааст. Масъулини шаҳри Кӯлоб ва шуъбаи маорифи шаҳр дар ин масъала бояд бетаъхир чора андешанд.

Ба мавзӯъ боз хоҳем баргашт.

Исломи РАҶАБАЛӢ«Садои мардум»