Корашон дар зери осмони кушоду…

№ 27.05.2017

дворникОнҳо ҳар субҳ пеш аз дигарон аз хоб мехезанд ва ба кор оғоз мебахшанд. На аз сармо бим доранд, на аз гармо. Коргоҳашон зери осмони кушод аст. Фаъолияти ҳаррӯзаашон дар пеши чашми мардум сурат мегирад.  Онҳоянд, ки ҳар субҳу шом кӯчаҳо, атрофи хонаю хиёбону гулгашт ва боғу бӯстони шаҳрро аз партов тоза мекунанд.

Заҳмати онҳо шоистаи таҳсину арҷгузорист. Аз ин ҷост, ки  пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мешаванд. Дар арафаи ҷашнҳо аз ҳисоби шаҳри Душанбе ба онҳо иловапулии якдафъаина ҷудо карда мешавад. Аммо барои расидан ба қадри онҳо танҳо дастгирии давлатӣ кифоя нест. Сокинони пойтахт низ бояд заҳмати онҳоро қадр кунанд, ақаллан сарбории онҳо нашаванд. Нафароне ҳастанд, ки новобаста аз мавҷуд будани қуттиҳои партов пасмондаи ғизову зарфҳои обҳои ташнашиканро ҳар куҷое рост омад, мепартоянд, партови хонаҳояшонро канори ҷӯйбору биноҳои истиқоматӣ мегузоранд. Ин аст, ки баъзан рӯфтурӯби кӯчаҳо, ки бояд то вақти ба кору таҳсил рафтани сокинон анҷом ёбад, тӯл мекашад ва чангу ғубор роҳгузаронро ошуфта месозад.

Аз ин рӯ, бояд ба қадри меҳнати онҳо расем, ба ҷойи монеа эҷод кардан аз маданияти баланди шаҳрнишинӣ кор гирем. Модом  ки дар тозагии шаҳр шахсан саҳм намегузорем, лоақал бо рафторҳои ноҷо кори дигаронро зиёду ҳусни шаҳрро коста нагардонем.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»