Лахш. Агар шабакаҳои обёрӣ таҷдид шаванд…

№139 (4245) 13.11.2020

potatoes in the farm.Картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзист, ки ба рушди он дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад. Ноҳияи Лахш яке аз ноҳияҳоест, ки солиёни зиёд кишоварзон дар он ба картошкапарварӣ машғуланд ва ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Солҳои охир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон картошкапарварӣ ба маротиб рушд ёфт. Тибқи дастури Сарвари давлат, имсол дар 5711 гектар картошка кишт шуд, ки баробари 130,5 дарсади дурнамо мебошад.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон 122 миллиону 849 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 475,7 ҳазор сомонӣ ё 4,7 дарсад зиёд мебошад.

Кишоварзон, инчунин, соли равон дар 1128 гектар ғалладона, 5711 гектар картошка ва 239 гектар сабзавот кошта, ҳосили хуб ба даст оварданд.

Барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, картошка, шумораи сардхонаҳо зиёд шуд. Айни замон дар Лахш 14 анбори мавсимӣ мавҷуд аст, ки ғунҷоишашон 4062 тоннаро ташкил медиҳад.

Роҳбарияти ноҳия ният доранд, ки ҷиҳати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ корхонаҳои хурду бузурги саноатиро зиёд намоянд. Айни ҳол чунин корхонаҳо ҳастанд, вале имконияти коркарди ҳама гуна маҳсулотро надоранд.

Дар доираи чорабиниҳо оид ба амалисозии «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 — 2020» аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва соҳибкорон барои ташкили корхонаҳои коркарди мева, ширу пашм, истеҳсоли мебел ва бандубасти асал таҷҳизоти нави истеҳсолӣ ворид шуд.

Бо ҷалби аҳолӣ ҷиҳати таъмиру барқарорсозӣ ва ба мавсими оянда омода намудани иншооти обрасонӣ низ корҳои назаррас амалӣ гардиданд. Барои омода намудани каналҳои Ғулама, Пиёзӣ, Ҷонқирғиз, Сартало ва Ҷилондӣ, ки тавассути онҳо зиёда аз 4090 гектар заминҳои корам обёрӣ мешаванд, ҳашари дастҷамъона ташкил гардид.

Ҳоло дар мавзеъҳои кӯҳдоман ҷамъоварии картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ идома дорад. То ҳол меҳнаткашон 27570 тонна картошка ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6263 тонна зиёд аст. Дар ҳама соҳаи хоҷагидории ноҳия 1536 тонна мева истеҳсол гардидааст, ки дар қиёс ба соли гузашта зиёд мебошад.

Барои амалӣ намудани нақшаҳо дар самти рушди кишоварзӣ чанд мушкил мавҷуд аст, ки дар ҳалли онҳо вазорату идораҳо ва шарикони рушд метавонанд саҳмгузор бошанд. Фарсуда гаштан ва аз фаъолият бозмондани қисме аз иншооти гидротехникӣ ва шабакаҳои обёрӣ, дастрас набудани техникаю мошинолот ҷиҳати тоза намудани наҳру каналҳои обгузар аз ҳамон ҷумлаанд. Солҳои охир зиёд шудани ҳашароти зараррасон ва ба касалиҳои гуногун дучор гардидани дарахтон ба мушоҳида мерасад. Барои пешгирӣ аз онҳо тавсияи мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои дахлдор муҳим ва муфид аст. Мутаассифона, дар ин самт то ҳол ибтикори қобили мулоҳиза амалӣ нагардидааст. Бар илова, норасоии маводи кимиёӣ мушкилотро дучанд намудааст.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»