Лахш. Мардум аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат пуштибонӣ мекунанд

№72 (4022) 22.06.2019

БаротзодаМардуми ноҳияи Лахш ифтихор доранд, ки 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Раштонзамин баргузор мегардад. Дар Лахш аз қадимулайём намояндагони ду миллати ба ҳам дӯст — тоҷику қирғиз зиндагӣ мекунанд. Дӯс­тиву рафоқати онҳо намунаи беҳтарини ваҳдати миллатҳост. Дӯстиву ҳамдилӣ барои мардум, бешубҳа, хушбахтиву саодатмандӣ меорад. 

Хуб медонем, ки қадами мубораки Пешвои миллат ба ҳар ҷое расад, он ҷо обод ва зиндагии мардум беҳтар мешавад. Бамаврид аст ёдовар шавем, ки то рӯзи баргузории ҷашн чанд иншоот ба истифода дода мешавад. Айни ҳол бунёдкорӣ идома дорад ва сокинон бо дилгармӣ ва шавқу рағбати зиёд мехоҳанд барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Роҳбари давлат ва таҷлили ҷашн саҳм гузоранд.

Дастовардҳои меҳнатии мардуми ноҳия дар панҷ моҳи соли равон қобили мулоҳизаанд. Фаъолияти 1702 хоҷагии деҳқонӣ қаноатбахш буда, онҳо ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди боғот ва барқароркунии боғҳои куҳна, зиёд намудани майдони кишти зироат чораҳои зарурӣ андешиданд. Соли ҷорӣ бунёди зиёда аз 60 гектар боғи нав пешбинӣ шуд. То кунун 67 гектар боғи нав бунёд гардида, 15 гектар боғи куҳна барқарор шуд.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 16 млн. 052,1 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 744,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд зикр намуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ, Лахш мусоид мебошад. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки он рушд намояд. Аз соли 2010 дар ҳамкорӣ бо «Шӯрои рушди туризм» экспедитсияи байналмилалии куҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ташкил мешавад. Соли 2016 дар он 158 куҳнавард аз 16 кишвар ва соли 2017 94 нафар аз 17 мамлакат иштирок намуданд. Бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тариқи экспедитсия 125 куҳнавард аз 25 мамлакат ба экспедитсияҳои байналмилалии куҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ба ноҳия ташриф оварданд.

Дар масофаи 26 километр дур аз маркази ноҳия мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир аст, ки ҳарорати оби шифобахши он 960 С-ро ташкил дода, диққати садҳо сайёҳи хориҷиву дохилиро ҷалб намудааст.

Дар деҳаи Ҷилондии деҳоти «Сурхоб», дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ва масоҳати 45 гектар ҳавзи Кабуд ҷойгир буда, он аз дигар ҳавзҳо фарқ менамояд.

Дар ноҳия, ҳамчунин, ёдгориҳои таърихӣ (петроглифҳо) мавҷуданд. Яке аз онҳо дар деҳаи Ачиқалмаи деҳоти «Алға» ҷойгир буда, Ғори Сиёҳ ном дорад. Таърихшиносон муайян намудаанд, ки он ба давраи то мелод мансуб буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки ноҳияи Лахш дорои таърихи бою рангин мебошад. Ёдгориҳои таърихиву мавзеъҳои зебо, кӯҳҳои сарбаланду чашмаҳои мусаффо ва дашту дамани фарох диққати бинандаро ҷалб месозад.

Баҳри иҷрои банди 65-уми «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 136 иншоот ба нақша гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии иншооти банақшагирифта бунёди 40 адади он соли 2018 ба анҷом расида, 50 адади он соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, мардуми ноҳияи Лахш аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша пуштибонӣ намуда, содиқонаву самимона меҳнат мекунанд.

Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш