Луай Исо: Дар кишвари тоҷикон бегона наям

№ 07.01.2021

IMG_0478Чоруми январи соли равон дар Сафорати Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон симпозиуми фарҳангӣ зери унвони «Таърих ва рӯйдодҳои Фаластин» баргузор гардид. Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Луай Исо ба ҳозирин дар бораи таъриху фарҳанги бисёрҳазорсола, мавзеъҳои сайёҳӣ, вазъи соҳаҳои тандурустию маориф, кишоварзӣ ва иќтисодиёти Фаластин маълумот дод. Аз ҷумла зикр кард, ки ӯ узви парлумони Фаластин буда, то ин дам дар кишварҳои Алҷазоир, Тунис, Мавритания ва Салтанати Уммон ба ҳайси Сафири Давлати Фаластин фаъолият намудааст.

- Пеш аз ба Тоҷикистон омадан дар бораи ин кишвари бостонию зебоманзар маълумоти зиёд надоштам. Ваќте ки ба ин мамлакати дилкаш омадам, ба чеҳраи мардум, тарзи либоспӯшӣ ва расму оини онҳо, манзараҳои зебои Душанбе нигариста, гумон кардам, ки дар диёри худ қарор дорам. Ин наздикиҳои фарҳангию таърихиро дида, худро дар мулки тоҷикон бегона эҳсос намекунам,- гуфт Луай Исо.

Сафир иброз дошт, ки ҳанӯз соли 1992 робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Фаластин барќарор шудаанд. Ҳоло 13 созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳар ду давлат омодаи ба имзорасӣ буда, 7 созишномаи дигар дар ҳоли таҳияанд. Яке аз ин онҳо ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф мебошад. Дар давраи шӯравӣ ҷавонони фаластинӣ дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил намуда, ҳоло ҳамчун табиб, муҳандис ва олим фаъолият менамоянд.

- Силоҳи фаластиниҳо дониш буд. Аз ин рӯ онҳо сафҳои таърихашонро дубора пурра намуда, ба фарзандонашон таълими хуб доданд ва онҳоро чун шахсиятҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, илмӣ ба воя расониданд,- иброз дошт Луай Исо.

Сафир аз робитаҳои сатҳи баланди Роҳбарияти олии Тоҷикистону Фаластин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаластин Маҳмуд Аббос ёдовар шуда, сарвари Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пуштибони сулҳу адолат дар ҷаҳон номид.

Луай Исо дар хотима ба мардуми Фаластин озодӣ ва ба Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно кард.

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»