Дар мавзӯи рӯз

Луиҷи Ди Майо: «Италия он давлатҳоеро, ки кумак карданд, фаромӯш намекунад»

№42-43 (4148-4149) 07.04.2020

1Чанде пеш рӯзномаи «The Global Times» («Глобал таймс») хабар нашр кард, ки  дар он вазири корҳои хориҷии Италия Луиҷи Ди Майо аз тариқи радио ва телевизиони миллӣ ба давлатҳое, ки Италияро дар самти мубориза бо коронавирус кумак кардаанд, изҳори миннатдорӣ баён намудааст.

Вақте сухан дар бораи кумак аз тарафи Ҷумҳурии Халқии Хитой рафт, вазири корҳои хориҷии Италия зикр кард, ки «онҳое, ки пештар барои воридшавии Италия ба лоиҳаи «Як камарбанд, як роҳ» хандиданд, ҳоло бояд қоил шаванд, ки он тасмим боис гашт, то ҳаёти қисми зиёде аз одамон аз коронавирус наҷот дода шавад. Зеро, замоне ки бори аввал ин беморӣ дар Хитой паҳн шуд, Италия ба он 40 ҳазор ниқоб ва дигар лавозимот кумак расонд. Он замон гӯё ҳама чизи барои мардуми Италия зарурӣ ба Хитой дода шуд. Аммо вақте Италия ба ин вабои аср гирифтор шуд, Хитой ба ҷои 40 ҳазор ниқоб, миллион лавозимоти зарурӣ расонид. Дар маҷмӯъ, Италия он давлатҳоеро, ки кумак карданд, фаромӯш намекунад», — гуфт ӯ.

23Дарвоқеъ, қобили қайд аст, ки Хитой замони хурӯҷи беморӣ дар шаҳри Ухан ёриро дареғ надошта, лавозимоти заруриро ба Италия равон намуд. Гурӯҳи сеюми коршиносони хитоӣ барои мубориза бо эпидемия, ки дар музофоти Фузян ташкил шуд, 25 март аз фурудгоҳи Чанлэи шаҳри Фучжоу барои кумак дар муқобили эпидемия ба Италия парвоз кард. Дар баробари гурӯҳи мутахассисони варзида, ҳамчунин, асбобҳои лозимаи тиббӣ, ки дар музофоти Фузян барои одамон омода шуда буданд, аз ҷумла, дастгоҳи нафаскашӣ 30 адад, монитор — 20, либоси муҳофизатӣ — 3000, ниқоб — 200000, ниқоби тиббӣ — 300000, ниқоби нигоҳдорӣ — 3000 адад, дору ва ғайра ба Италия интиқол дода шуд.

«Садои мардум»