Майдончаи варзишӣ чаро ба партовгоҳ табдил ёфт?

№152 (4002) 19.12.2019

Х СафарАлҳол, ки сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёдкорию созандагӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ равона гардидааст, дар мамлакат майдону толорҳои варзишӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ, сартарошхонаҳо, ҳаммому кошонаҳои ҳусн, дӯконҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо бунёд мегарданд. Аммо афсӯс, ки дар шаҳраки «25 — солагии Истиқлолият»- и шаҳри Роғун дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба таври бояду шояд иҷро намешаванд.

Соли 2017 дар ин ҷо барои ҷавонону наврасон бунёди майдончаи варзиширо оғоз карданд. Баъди овардани сангу шағалу дигар масолеҳи сохтмонӣ сокинони шаҳрак боварӣ ҳосил карданд, ки ба зудӣ соҳиби майдончаи варзишӣ мешаванд. Вале хурсандии онҳо дер давом накард. Сохтмончиён бунёди майдончаи варзиширо ба охир нарасонда, якбора ғайб заданд. Чун сокинони хонаҳои истиқоматии гирду атроф ва соҳибони мағозаҳо диданд, ки дигар касе дар суроғи идома додани сохтмони майдончаи варзишӣ нест, онро ба партовгоҳ табдил доданд.

Акнун ҳайвонҳои хонагӣ майдончаро «иҷора» гирифтаанд. Наход ин вазъи ногуворро кормандони ҳифзи муҳити зист ва дигар масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун надида бошанд?

Ё шояд барои шаҳрак партовгоҳ заруртар аст?

Ҳокими САФАР, ш. Роғун