Аз толори суд

«Макр ва фиреб дар оташ аст»

№64 (4014) 04.06.2019

Ҳайф аст, агар инсон умрро, хусусан дар овони ҷавонӣ паси панҷараи зиндон сипарӣ намояд. 11 июни соли 2018, пас аз он ки аъмоли ҷиноятии Муҳиддин Изатуллоев, санаи таваллудаш 13 октябри соли 1973, зодаи шаҳри Кӯлоб, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, омӯзгор, оиладор, соҳиби се фарзанд ва Сирожиддин Шарифов, санаи таваллудаш 14 июни соли 1987, зодаи ноҳияи Вахш, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, ихтисосаш иқтисодчӣ, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, ки дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ, тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ, ҳамчунин тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда ва сохтакории ҳуҷҷатҳо бо расонидани зарари махсусан калони моддӣ аз озодӣ маҳрум шуданд, моро ҳадиси Расули Акрам (с) ба ёд расид, ки чунин аст: «Макр ва фиреб дар оташ аст».

 Воқеан, рӯзгори ин ду тан дар муддати иҷрои ҷазо дар муассисаи ислоҳӣ сангин хоҳад буд. Вале чаро онҳо бо вуҷуди он ки соҳиби касбу кор, манзил, оила ва фарзанд буданд ва рӯзгори тинҷу осуда доштанд, ба ҷиноят даст заданд? Боварӣ дорем, ҳар ду низ танҳо нафсро гунаҳкор хоҳанд кард, ки сабаби аксари гуноҳ аст. Беҳуда нест, ки Паёмбари ислом(с) дар ҳадиси дигар фармудаанд: «Оқил он аст, ки нафси худро ром кунад…»

Аввалҳои моҳи августи соли 2014 Муҳиддин Изатуллоев зимни вохӯрӣ аз шиносаш Шаҳринисо Ҳайдарова хоҳиш намуд, ки ба ӯ кумак расонад. Зеро аз Раҳимова Ҳанифа Аскаровна 30000 доллари ИМА қарздор асту вақти баргардондани он фаро расидааст. Аммо маблағ ҳанӯз ба ӯ зарур ва ягон ҳуҷҷати манзили истиқоматӣ лозим аст, ки ба номи Раҳимова Ҳ. А. ба муҳлати 3 моҳ ба гарав гузоранду ӯ тай ин муддат тиҷоратро васеътар намояд. Ш. Ҳайдарова розӣ шуда, М. Изатуллоевро бо хешаш Сангова Туҳфа Ғуломовна шинос менамояд. М. Изатуллоев бо дурӯғҳои зиёд, ки гӯё тоҷири муваффақ асту дар муддати 3 моҳ маблағи қарзашро ба шаҳрванд Раҳимова Ҳ. А. ва сипас ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматии Туҳфа Санговаро бозпас мегардонад, домани шиноси навашро бо чормағзи пуч пур мекунад. Туҳфа Сангова бехабар аз нияти ғаразноки М. Изатуллоев ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, бинои 13/19, ҳуҷраи 48 ба вай медиҳад.

М. Изатуллоев 5 августи соли 2014 бо мақсади анҷом додани нақша Т. Санговаро ба назди Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев 46 даъват намуда, ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматии аз вай гирифтаашро ба номи Раҳимова Ҳ. А. ҳуҷҷатгузорӣ менамояд ва бори дигар ба Т. Сангова ваъда медиҳад, ки дар муддати 3 моҳ ҳуҷҷатҳои манзилашро дубора ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ хоҳад кард.

Баъд аз сипарӣ шудани 3 моҳ Т. Сангова ба назди М. Изатуллоев меояд, ки ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашро баргардонад. Аммо Изатуллоев М. боз бо ваъдаҳои бардурӯғ домани ӯро бо чормағзи пуч пур мекунад. Моҷаро оғоз ва 23 январи соли 2017 М.Изатуллоев маҷбур мешавад, забонхат навишта, ваъда диҳад, ки то моҳи сентябри соли 2017 ҳуҷҷатҳоро ҳатман бармегардонад. Вале то мурофиаи судӣ ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматӣ баргардонида намешаванд.

Дар баробари ин, М. Изатуллоев моҳи июли соли 2014 боз бо мақсади тасарруф, вале ин дафъа пулу моли ба тариқи қарз додашуда ба собиқ мудири хазинаи филиали №04-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шарифов Сирожидин Тоирович дар хусуси гирифтани қарз ба маблағи 2 000 000 (ду миллион) сомонӣ муроҷиат менамояд, гарчанд тибқи Низомномаи БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» филиалҳои он ҳуқуқи қарз додани маблағи зиёда аз 150000 сомониро надоранд. Ин ҳолатро дидаву дониста, С. Шарифов бо мақсади тасарруфи пулу мол ба М. Изатуллоев маслиҳат медиҳад, ки барои гирифтани қарз вай бояд ба сифати гарав ба бонк ҷавоҳироти тиллоӣ гузорад. Пасон, онҳо қарзро ба номи 13 наздику хешованди М. Изатуллоев ба маблағи 150000 сомонӣ ҳуҷҷатгузорӣ хоҳанд кард.

Мувофиқи маслиҳати пешакӣ бо С. Шарифов, М. Изатуллоев аз моҳи август то октябри соли 2014 шиносномаи 13 хешованд ва шинос, аз ҷумла, Нилуфари Ҳамид, Изатуллоева Мавлуда Кугановна, Олимова Фарзона Амировна, Изатуллоева Маҳбуба Кугановна, Изатуллоева Анзурат Кугановна, Изатуллоев Шарафиддин Куганович, Изатуллоев Беҳрӯз Шарофиддинович, Олимов Фаридун Амирович, Мусоева Гулрухсор Қаландаровна, Ивазова Шамсия Азизовна, Ҳайдарова Шаҳринисо Абдуллоевна, Ҳайдарова Муслима Лоиқовна ва Лайикова Зарнигор Зайиршоевнаро оварда, барои ҳар як қарзи 150000 сомонӣ 4 бастаӣ, дар маҷмӯъ, 52 баста ҷавоҳироти тиллоӣ дастрас намуд ва барои тартиб додани ҳуҷҷатҳои парвандаи қарзӣ бо роҳи сохтакорӣ ва гирифтани қарзи бонкӣ ба С. Шарифов дод. С. Шарифов дар ин давра аввал имзои роҳбари филиали бонкро гирифт ва бо коршиносони қарзии филиал Наимов Манучеҳр Абдуҷаборович ва Наҷмуддинзода Сафарбег Наҷмуддин маслиҳат ва амал намуда, бидуни санҷиш ҳамчун шинос ба номи соҳибони шиносномаҳои гирифтааш бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои парвандаи қарзӣ тартиб дод. Барои 10 нафар патентҳои қалбакӣ ва санади нархгузории ҷавоҳироти тиллоии пешниҳоднамудаи М. Изатуллоевро бе хулосаи иёргирӣ мураттаб намуда, дар асоси шартномаи қарзии тартибдодааш ва санадҳои хароҷоти хазинавии берақам аз хазинаи филиали номбурда ба номи ҳар яке 150000 сомонӣ, ҷамъ 1950000 сомонӣ нақд маблағ гирифт. Пасон, аз М. Изатуллоев талаб намуд, ки хешовандонаш омада ба ҳуҷҷатҳои зарурӣ имзо гузоранд. Ҳамаи онҳое, ки шиносномаҳояшонро ба М. Изатуллоев дода буданд, омада, бидуни гирифтани маблағ ба ҳуҷҷатҳо имзо гузоштанд. Пас аз таҳияи пурраи ҳуҷҷатҳо С. Шарифов дар асоси шартномаҳои қарзии 11 нафар ба М. Изатуллоев 1650000 сомонӣ пули нақд дода, 300000 сомонии боқимондаро тибқи маслиҳат ба Шаҳринисо Ҳайдарова ва келинаш супорид.

Бо ин кирдор М. Изатуллоев ва С. Шарифов ба филиали №04-и БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 1950000 сомонӣ зарар расониданд. Вале «бори каҷ ба манзил намерасад». Ҷинояткорон ба даст афтоданд ва тафтишот гуноҳҳои онҳоро ошкор ва исбот намуд.

Пас аз омӯзиши пурраи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ин ду тан Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба хулоса омад, ки Изатуллоев Муҳиддин бо моддаи 246 қисми 3 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон, моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифода аз боварӣ, расонидани зарар ба миқдори махсусан калон ва моддаи 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ва гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва Шарифов Сирожиддин Тоирович бо моддаи 246 қисми 3 банди «б» ва моддаи 340 қисми 2 бандҳои «а,б,в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ва гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ гунаҳкор дониста шаванд ва дар асоси қисми 6 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо нисбат ба Изатуллоев Муҳиддин ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати 15 сол, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 5 сол ва адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт ва ба Шарифов Сирожиддин Тоирович ҷазои ниҳоии маҳрум сохтанро аз озодӣ ба муҳлати 13 солу 6 моҳ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаб дар соҳаи хизмати давлатӣ, дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ва шахси ҷавобгарии моддӣ вобастабуда, инчунин машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 4 солу 6 моҳ ва адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин кард. Ҳамчунин, суд ҳукм кард, ки аз ҳисоби судшаванда Изатуллоев Муҳиддин ба фоидаи ҷабрдида Сангова Туҳфа Ғуломовна 30000 доллари ИМА (баробар ба сомонӣ дар рӯзи пардохт), ба фоидаи филиали №04 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 1 609 000 сомонӣ ва аз ҳисоби судшаванда Шарифов Сирожиддин Тоирович ба фоидаи филиали №04 БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 341 000 сомонӣ рӯёнида шавад.

М. Изатуллоев ва С. Шарифов низ бо қаллобӣ, фиреб додани шиносҳояшон, ки ҳадафи он тасарруфи молу мулк буд, аз зиндагии осудаи хеш, наздик будан ба пайвандон ва ризқу рӯзӣ маҳрум гардиданд. Зеро моли касе ба шахси дигар насиб нахоҳад кард ва рӯзе ҳақ ба ҳақдор мерасад.

Бахтиёр ИСКАНДАРЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Синои

шаҳри Душанбе,

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»