Масъалаи омодагӣ ба Рӯзҳои Санкт –Петербург дар Душанбе баррасӣ гардид

№ 28.09.2016

26 сентябри соли 2016 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев намояндагони бародаршаҳри Душанбе  — Санкт-Петербурги Федератсияи Россияро таҳти роҳбарии Светлана Журкина – сардори Раёсати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва минтақаҳои Федератсияи Россияи Кумита оид ба робитаҳои хориҷии Санкт-Петербург ҷиҳати баррасии ҷузъиёти барномаи баргузории Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе ба ҳузур пазируфт. 

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз иқдоми Губернатори шаҳри Санкт-Петербург ҷиҳати ташкили сафари гурӯҳи корӣ баҳри омодасозӣ ва баррасии масъалаҳои марбута зимни сафари дарпешистодаи ҳайати бонуфузи доираҳои ҳукуматию бахши хусусӣ ба шаҳри Душанбе бо сарварии  ҷаноби Георгий Полтавченко ва ба ин васила тақвият бахшидан ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ тақозои талаботи замони муосир мебошад.

Зеро дар доираи Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе масъалаҳои марбут ба воридсозии инвеститсияҳои хориҷию технологияҳои нав барои соҳаҳои мухталифи хоҷагии шаҳр, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ табодули таҷрибаи табибони варзидаи  санкт-петербургӣ, бахусус дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», тавсеаю тақвияти  ҳамкориҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат, таъсиси корхонаю коргоҳҳои муштарак, маорифу фарҳанг, такмили заминаҳои омӯзиши забони русӣ ва ихтисосмандии корҷӯён аз шаҳри Душанбе тарҳрезӣ карда мешаванд.

Тарафҳо бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои зикршуда таъсиси гурӯҳҳои кории ду ҷонибро амри зарурӣ шумориданд ва гурӯҳҳои кориро муваззаф намуданд, ки  дар доираи консепсияи зикрёфта барномаи мукаммали Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанберо таҳия намоянд.

Ш. Саидов