Машқҳои муштараки амалиётӣ — стратегии зиддитеррористӣ дар Суғд

№101 (3738) 24.08.2017

Ҳафтаи сипаришуда дар машқгоҳи низомии «Чоруқдаррон»-и вилояти Суғд машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ гузаронида шуданд.

Чорабинӣ дар 4 марҳила  ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифт. Зимни баргузории он захираҳои эҳтиётии даъватшавандагони ҳудуди вилоят ва сокинони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда ҷалб гардиданд. Дар машқҳо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии Гарнизони ҳарбии Суғд, аслиҳаи мухталифи оташнишон, 10 адад авиатсияи ҷангӣ, наздик ба 200 адад техникаи зиреҳпӯши ҳарбӣ, 70 адад техникаи артиллерӣ ва зиёда аз 450  автомобили ҳарбӣ истифода шуданд.

Дар маросими ҷамъбасти чорабинӣ вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, масъулини сохторҳои қудратӣ иштирок намуда, ба маҳорати сарбозон дар машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпарронӣ аз техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, силоҳу муҳимоти сабуки ҳарбӣ баҳои баланд доданд.

Сипас, бо фармони вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо чанд нафар иштирокчии машқҳои муштарак бо сипоснома, медал ва рутбаҳои нав­батӣ сарфароз гардиданд. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои пулӣ тақдим кард.

 М. Мақсудов,

«Садои мардум»