Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Муҷассамаи зангзада ба кӣ лозим аст?»

№111 (3748) 19.09.2017

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» вобаста ба мушоҳидаи хабарнигор Н. Ҷумъаев, ки  санаи 10 августи соли 2017 дар рӯзномаи «Садои мардум» бо сарлавҳаи «Муҷассамаи занг­зада ба кӣ лозим аст?» чоп шудааст, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки крани  маноравии тамғаи КБ- 674 воқеан ҳам солҳои тӯлонӣ дар шафати Сирки давлатӣ бе фаъолият истодааст. Мутаассифона, сохтмони бинои бисёрошёнае, ки бо крани маноравии мазкур бояд сохта мешуд, бо сабабҳои номаълум оғоз нагардида ва кран ба шахси воқеӣ фурӯхта шуд. Ҳарчанд ки кран солҳои тӯлонӣ истифода нагардида бошад ҳам, аз ҷониби нозирони Хадамот то имрӯз таҳти назорат қарор дорад.

Таҳкурсии кран дар ҳолати устувор қарор дошта, хатари ҷиддиеро ба миён намеорад. Гарчанде ки рангубори қисми фулузии кран тӯли солҳо аз таъсири нури офтоб нуқсон дида бошад ҳам, ин ҳолат ба мустаҳкамии он зараре нарасонидааст, ки хатареро ба миён орад.

Албатта, аз ҷониби соҳибмулки крани мазкур чораандешӣ лозим буд ва дар ҳолати нодаркор буданаш бояд таҷзия мешуд. Мутаассифона, бо сабаби ҳолати бади молиявии соҳибмулки кран он солҳои тӯлонӣ таҷзия нашудааст.

Ҳоло аз ҷониби нозирони Хадамот ба соҳибмулк корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда истодааст. Албатта, мас­ъалаи мазкур бо ҷалби мутахассисон, ки бо васл ва таҷзияи ин намуди кранҳо машғуланд ва дастрас намудани маблағи зарурӣ барои анҷоми корҳо, ҳалли худро ёфта истодааст.

Раҳим Санъат Асо,

сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон