Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия хор нахоҳанд шуд, агар…

№131 (4081) 31.10.2019

изображение_viber_2019-10-31_12-14-45Соли панҷум аст, ки баъди таҷдиди сохтор дар шаҳри Москва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират амал мекунад ва ба умедгоҳи муҳоҷирони меҳнатии кишвар табдил ёфтааст. Ҳар рӯз ба он даҳҳо нафар муроҷиат карда, маслиҳату машварати ҳуқуқӣ мегиранд ва мушкилашонро рафъ месозанд. Ин ҳолатро мо, вақте ки бо мақсади аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо кору фаъолият ва мушкилоти ҳамватанон ба он ҷо ворид шудем, мушоҳида кардем.

Тавре маълум гардид, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 32875 муроҷиати шифоҳию хаттии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар дастуру супоришҳо ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1418 адад зиёд аст.

Бино ба гуфти муовини роҳбари ин ниҳод Саид Боев, аксар муроҷиаткунандагон дар бобати пардохт нагардидани музди меҳнат аз ҷониби корфармоён шиква мекунанд, аммо дар бисёр ҳолат бепарвоӣ аз ҷониби онҳо сар мезанад. Зеро қисми зиёдашон бо соҳибкорон аз тариқи миёнарав бе бастани шартномаи меҳнатӣ, надонистани ному насаби кордиҳандаи аслӣ, суроғаи ҳуқуқии корхона фаъолият мекунанд. Аз сабаби надоштани маълумоти дақиқ дар бораи муҳлати кор, ҳаҷми маош ва муҳлати пардохти он ба асорати қарзии корфармоён гирифтор мешаванд. Дар натиҷа, дар бисёр маврид миёнаравон ҳаққи заҳмати муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳи фиреб ба киса ва ғайб мезананд.

изображение_viber_2019-10-31_12-15-07Масалан, моҳи сентябри соли равон зодаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд Ҳилол Камолов дар хусуси ҳамроҳи гурӯҳе аз тоҷикони муҳоҷир дар ширкати сохтмоние фаъолият кардану муддати зиёд нагирифтани музди меҳнат бо аризаи шикоятӣ муроҷиат кард. Баъди такудави зиёди масъулон роҳбари он музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки 700 ҳазор рубли русиро ташкил медод, пардохт намуд. Ё ин ки моҳи октябри соли ҷорӣ, баъди ворид шудани аризаи зодаи шаҳри Турсунзода Дилмурод Муҳаммадов як миллиону 250 ҳазор рубл маоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоён пардохт карда шуд.

Умуман, дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ 545 аризаи хаттии муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба пардохт нагардидани музди меҳнаташон аз ҷониби корфармоён ворид гардид, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия 15 миллиону 51 ҳазору 180 рубли пардохтнашудаи онҳо аз тарафи корфармоён ва соҳибкорону шахсони воқеӣ баргардонида шуд.

-Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо сабабҳои буҳрони иқтисодӣ дар Федератсияи Россия ва пастшавии қурби рубл фармоишгарони кор сари вақт музди ҳаҷми кори баанҷомрасидаро ба корфармоёни муҳоҷирони меҳнатӣ пардохт намекунанд. Зимни муроҷиат ба мақомоти додситонӣ ва додгоҳии минтақавӣ муайян гардид, ки бархе аз ширкатҳои сохтмонӣ расман ба қайд гирифта нашудаанд ва суроғаи муайяни ҳуқуқӣ надоранд. Чунин ҳолат муҳлати зиёдро талаб мекунад, ки мақомоти дахлдор онҳоро пайдо намоянд, -мегӯяд Саид Боев.

Котиби матбуотии Намояндагии Вазрати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов иброз дошт, ки тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ 41 шаҳрванди кишвар дар хусуси манъ будани вурудашон ба ­Федератсияи Россия муроҷиат намудаанд, ки пас аз омӯзиш ба воридшавии 24 нафар, бинобар доштани далелҳои пайвандии хешутаборӣ, ақди никоҳ, зисти муваққатӣ ва шаҳодатномаи зист, иҷозат дода шуд. Айни замон 17 муроҷиати дигар мавриди баррасӣ қарор дорад. Аммо баъди баррасии 2044 муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ муайян гардид, ки вуруди онҳо ба Федератсияи Россия бо сабабҳои содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мамнӯъ мебошад. Дар ин давра аз Федератсияи Россия баромадани 184 нафар шаҳрванд, бинобар сабаби насупоридани ҷаримаи солҳои пешини будубош, бо қарори суд манъ шудааст. Бинобар ин, бо мусоидати бевосита то онҳо пас аз супоридани ҷарима ҳуқуқи аз Федератсияи Россия баромаданро соҳиб шуданд. Ҳамчунин, тайи ин муддат ба 2702 муҳоҷири меҳнатӣ тартиби гирифтани патент, 2879 нафар тартиби қонунии дар қайди муҳоҷирати Федератсияи Россия мондан, 2299 кас тартиби гирифтани сертификати забони русӣ, 2273 шаҳрванди Тоҷикистон тартиби гирифтани суғуртаи тиббӣ ва ба 2328 нафар оид ба тартиби гирифтани шиносномаи хориҷӣ маслиҳат дода шуд. Дар ҳамкорӣ бо Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 380 нафар муҳоҷир аз марказҳои нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ бо кумаку дастгирии диаспора, ташкилоти ҷамъиятии минтақавӣ ва марказҳои фарҳангӣ — ҳуқуқии ҳамватанону соҳибкорони бурунмарзӣ ба ватан фиристода шуданд. Ҳамчунин, 47 нафар дармондаву бемор, ҳангоми кор ҷароҳатбардошта, заноне, ки бо кӯдакон имкони ба ватан баргаштан надоштанд, бо ҷалби ҷамъиятҳои тоҷикону соҳибкорони саховатманд, созмону ташкилоти байналмилалӣ ва фондҳои хайрия бо чиптаи ҳавопаймою қатораи мусофирбар таъмин гардонда, ба онҳо ба маблағи 2 миллиону 453 ҳазор рубл кумаки моддӣ расонида шуд.

изображение_viber_2019-10-31_12-14-53Вобаста ба масоили муҳоҷират, омӯзиш ва таҳлили вазъи бозору бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар кишвари иқомат ва бо дарназардошти таъмини ҳуқуқу манфиати онҳо дар асоси Кодекси меҳнати Федератсияи Россия тайи нуҳ моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо диаспора ва соҳибкорони тоҷики муқими Федератсияи Россия 10441 нафар ҳамватан дар субъектҳои хоҷагии минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ба кор таъмин гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 611 нафар зиёд аст. Онҳо шахсоне буданд, ки баъди ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия омадан бо сабабҳои гуногун кори муносиб ёфта натавонистанд.

- Қисме аз муроҷиати шаҳрвандон бобати кумак расонидан ҳангоми интиқоли фавтидагон ба ватан мебошад, — мегӯяд Саид Боев. -Зеро дар баъзе аз маврид, бо сабаби надоштани шароити молиявӣ зарурати ёрии моддии иловагӣ ҷиҳати омода кардани тобут ба вуҷуд меояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли ҷасади ҳамватанонро тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ («Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр») ройгон ба роҳ мондааст, ки дар дигар кишварҳо чунин нест. Аммо барои нигоҳ доштани ҷасад дар сардхона, омода кардани тобут, таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва расмиёти гумрукӣ маблағ зарур аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шаҳрвандони дар садамаи нақлиётӣ, сӯхтор, куштор ва дигар ҳодисаҳои фавқулода баҳалокатрасида, тибқи муқаррарот бояд ба сардхонаи судӣ интиқол гардида, ҳатман мавриди ташхиси тиббӣ қарор гиранд. Ҳаққи хизмати онҳо аз 22000 то 30000 рублро ташкил медиҳад. Аммо қисми зиёди агентиҳо бо суиистифода аз ин ҳолат (баъзан бо мусоидати миёнарав – шаҳрвандони Тоҷикистон) нархи гарон — аз 70000 то 100000 рублро пешниҳод менамоянд. Дар чунин ҳолат Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба шаҳрвандон тартиби интиқоли каммасрафи ҷасади наздиконро ба ватан фаҳмонад. Вобаста ба ин, тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷасади 163 шаҳрванди кишвар бо дастгирӣ ва кумаки соҳибкорони тоҷик, инчунин, роҳбарони диаспораҳои тоҷикистониёни Федератсияи Россия, ба ватан фиристода шуд.

Доир ба бедарак гум шудани одамон ва хешону наздикони онҳо Саид Боев изҳор дошт, ки тайи нуҳ моҳи соли равон 15 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст. Дар ҳамкорӣ бо Раёсати шуъбаи кофтуковии ҷиноии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳр ва вилояти Москва муайян шуд, ки Т. Абдуғаффорзода (зодаи шаҳри Исфара) дар шаҳри Москва ва А. Абдураҳмонов (сокини шаҳри Ҳисор) дар шаҳри Уфа қарор доштаанд. Шаҳрванд А. Махсумов бошад, дар муассисаи тафтишотии боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и шаҳри Астрахан нигоҳдорӣ шуда, сипас, ба шаҳри Санкт-Петербург, ки дар он ҷо ҷиноят содир намудааст, интиқол меёбад. Азиз Қурбонов (аз шаҳри Турсунзода), баъди берун шудан аз Федератсияи Россия дар ватан пайдо карда шуд. Зиёвиддин Воҳидов (аз ноҳияи Рӯдакӣ) дар муассисаи ислоҳии шаҳри Санкт-Петербург дарёфт гардид.

- Аз сабаби он ки солҳои пеш иддае аз ҷавонон, бинобар надоштани маълумоти пурраи динию дунявӣ, ба доми гурӯҳу созмонҳои ифротӣ афтода, дар амалиётҳои низомии кишварҳои Шарқи Наздик ба ҳалокат расиданду қисми дигар ба асорат афтоданд, бо мақсади пешгирӣ нақша тартиб додаем, ки дар ҷойҳои корӣ ва будубоши муҳоҷирон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шаванд, — изҳор дошт Саид Боев. — Бо ин мақсад,  дар нуҳ моҳи соли равон 161 вохӯрӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳокимҷон Холиқзода, Бахтовар Сафарзода, раиси Кумитаи ХХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ва дигарон бо муҳоҷирону донишҷӯён ва ҳамватанони муқими Федератсияи Россия дидору мулоқот карданд. Зимни суҳбатҳо таъкид гардид, ки ҳадафи гурӯҳҳои ифротӣ ноором сохтани вазъи сиёсию иҷтимоии мамлакат, дигаргун намудани сохти конститутсионӣ ва барангехтани бадбинии иҷтимоию мазҳабӣ мебошад. Бинобар ин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд то ба шахсони шубҳанок, ки ваъдаи даромади осон ва таъҷилан ҳал кардани мушкилотро медиҳанд, бовар накунанд. Инчунин, зикр гардид, ки дар сурати ба амал омадани ҳолатҳои изтирорӣ ҳамватанон фавран ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоянд.

Бо мақсади пешгирии ҳама гуна мушкилӣ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират барои муҳоҷирони меҳнатӣ дастури иттилоотиро таҳти унвони «Патент гиру қонунӣ кор кун» аз чоп бароварда, ройгон дар гӯшаҳои махсуси истгоҳҳои роҳи оҳан ва фурудгоҳҳои шаҳрҳои калонтарини кишвар гузоштааст. Дар он тартиби гузаштан аз муоинаи тиббӣ, гирифтани патент, бақайдгирӣ, супурдани имтиҳон аз забони русӣ, таърихи Федератсияи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия сода баён шудааст. Инчунин, дар он суроға ва рақами телефони ба таври шабонарӯзӣ фаъоли ин ниҳод дарҷ ёфтааст. Бовар дорем, ки дар ҳамкорӣ бо ин умедгоҳ муҳоҷирони меҳнатӣ хор нахоҳанд шуд.

Самариддин АСОЗОДА, Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум».

Душанбе – Москва – Душанбе