Муҳорибаи Сталинград амалиёти аввалини ҷангиам буд,

№50 (3687) 09.05.2017

- мегӯяд модар-ҷанговари диловару шуҷоъ Робиға Холматова

DSC00847Дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор нафар иштирок ва 4131 кас қаҳрамонона ҳалок шудаанд. Баъди ғалаба 5869 нафар бо сари баланд ба Ватан баргаштанд ва ҳоло нуҳ нафар дар қайди ҳаёт мебошанд. Яке аз онҳо зан — модар аст, ки ба синни 92 расидааст.

Дар бораи ин модари диловару шуҷоъ — Робиға Холматова борҳо шунида будам, вале дидор бо ӯ бароям муяссар нагардида буд. Чанд рӯз пеш аз раиси Ҷамъияти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Ҳисор Иномҷон Аъзамов суроғаи ӯро гирифтам.

Вақте ба деҳаи Чанори деҳоти «Ориён», ки 18-20 километр дуртар аз маркази шаҳри Ҳисор, дар доманаи қаторкӯҳҳои Боботоғ воқеъ аст, расидам, як гурӯҳ ҷавононро ғарқи суҳбат дидам. Онҳо маро то ҳавлии Робиға Холматова роҳбаладӣ карданд.

Вориди ҳавлӣ шудам. Бо дидани ман бибӣ Робиға зуд аз ҷояш бархоста, наздам омад ва баъди ҳолпурсӣ ба меҳмонхона даъват кард.

- Ин «автомат»-и ман аст, — ба асобағалаш ишора карда, шӯхиомез гуфт ӯ. — Барои гаштугузор ва ба зинаҳои болохона баромадан аз он истифода мекунам.

Суҳбати мо қӯр гирифт.

- Зодаи деҳаи Солои нави ноҳияи Кама-Усти Ҷумҳурии Тотористон мебошам. Мактабро соли 1941 дар деҳа хатм карда, соли 1942 ба сафи комсомоли ленинӣ дохил шудаму бо як гурӯҳ духтарон ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия муроҷиат кардем. Он вақт 16 — сола будам. Ҷавонон ҳама ба ҷанг рафтанду бисёрашон шаҳид шуданд, аз ҷумла бародарону ҳамдеҳагони ман ҳам. Шаҳру деҳаҳо бе мард монд, ҳамаро даҳшат зер карда буд. Фашистон қадам ба қадам шаҳру деҳотро ба хок яксон карда, мардуми бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл мерасонданд. Фашисти хунхор ба дили давлати бузурги СССР — шаҳри Москва наздик мешуд, — мегӯяд модар бо чашмони пурашк ва идома медиҳад;

- 12 апрели соли 1942. Барф меборид. Мо — гурӯҳи духтарони ихтиёриро ба аспҳо савор карда, ба шаҳри Қазон бурданд. Дар Қазон аз дигар деҳаву ноҳияҳо низ духтарон ҷамъ шуданд. Полки духтарон таъсис ёфт. Шаш моҳ дар Қазон тайёрӣ дидем, усулҳои корфармоии яроқ ва ҷангиданро омӯхтем. Сипас, моро гурӯҳ — гурӯҳ ба ҷанг сафарбар карданд. Гурӯҳи моро ба шаҳри Сталинград, ки дар муҳосираи фашистон қарор дошт, равон карданд. Дар он ҷо ба полки 122 — юми танкӣ, ки генерал Н. Макаренко сарфармондеҳ буд, шомил шудем. Ман вазифаи алоқачии танкро иҷро мекардам ва дар як вақт разведкачӣ низ будам…

Дар яке аз муҳорибаҳои шадиди соли 1943 автомашинае, ки Робиға бо генерал Н. Макаренко дар он нишаста буданд, ба мина бархӯрда, таркид.

- Маро, ки аз сарам ҷароҳати сахт бардошта будам, дар беморхонаи ҳарбӣ бистарӣ карданд, — мегӯяд ӯ. — Баъди чанд рӯз ба худ омадам ва маро барои идомаи табобат ба шаҳри Саратов интиқол доданд ва он ҷо наздики чор моҳ табобат гирифтам. Баъдан фаҳмидам, ки командири полк Н. Макаренко дар ҳамон таркиш ҳалок шудааст.

Пас аз шифо ёфтан дар муҳорибаҳои озод кардани шаҳрҳои Харков ва Житомир иштирок кардам.

Модар баъди лаҳзае хомӯшӣ боз ба гап доромад:

-  Баҳори соли 1945 мо — як гурӯҳ духтарони ҷанговарро бо супориши Сарфармондеҳи Олӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ Иосиф Сталин ба Москва оварданд. Аз радиои Москва хабари ғалаба бар фашизмро шунидем. Ҳама ашки шодӣ мерехтем. Он лаҳзаҳо тасаввурнопазир буданд. Тӯпҳо гулдуррос мезаданду Москва меларзид.

Дар ҳамон ҷо маро бо медали «Барои ҳимояи Сталинград» мукофотониданд. Онро Маршали Иттифоқи Советӣ Андрей Гречко ба ман супорид.

Баъди ғалаба ба зодгоҳам, баргаштам ва ба ҳайси муҳосиб ба кор даромадам.

- Чӣ боис шуд, ки шумо Тоҷикистонро макони зист ихтиёр кардед? — мепурсам аз ӯ.

- Апаам Зайнаб Мухамедшина дар ҷанг вазифаи ҳамшираи шафқатро иҷро мекард. Ӯ дар майдони ҷанг бо ҷавонписари тоҷик шинос шуда, ба якдигар қавл медиҳанд, ки баъди ҷанг оиладор мешаванд. Ҳамин тавр, бо дилдодааш — Холматов Қара ба Тоҷикистон меоянду хонадор мешаванд.

Падару модарам баъди ҷанг апаамро ҷустуҷӯ карда, суроғаи ӯро аз Тоҷикистон ёфтанд. Соли 1946 Зайнаб ба хонаамон меҳмон шуд, баъди ду моҳ маро ҳамроҳ ба Тоҷикистон овард. Дар қисмату насибам обу нони Тоҷикистон будааст, бо маслиҳати апаам маро ба додари язнаам хонадор карданд. Шавҳарам Холматов Азиз низ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Ӯ дар озод кардани шаҳрҳои Минск, Гомел, Киев, Лвов ва Кенигсберг (ҳоло Калининград) иштирок намуда, шаҳди ғалабаро дар сарҳади Иттифоқи Советӣ бо Полша чашидааст.

Зану шавҳари ҷавон чанд муддат дар деҳаи Қарағочи ноҳияи Шаҳринав зиндагӣ карда, соли 1950 ба деҳаи Чанори ноҳияи Ҳисор кӯч бастаанд. Дар ин деҳа Азиз омӯзгор буду Робиғаи ҷавон ба кишоварзӣ машғул шуд. Ба гуфти худи ӯ, баъдан қариб 15 сол пиллапарварӣ ҳам кардааст. Онҳо соҳиби даҳ фарзанд, панҷ писару панҷ духтар гардида, ҳамаро соҳиби маълумоти олӣ кардаанд. Шавҳари Робиғабибӣ 23 декабри соли 2005-ум аз дунё гузаштааст.

Пеши бари модари диловарро 14 ордену медалҳои ҷангӣ оро додааст. Ӯ соҳиби 178 набераву абера, чабера ва кабера буда, дар ҳалқаи онҳо давлати пирӣ меронад.

Дар охири суҳбат модари бузург аз нооромии солҳои навадуми асри гузашта ёдовар шуда, гуфт: — Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чанд нафар пайвандамро аз даст додам. Баъди 45 соли ҷанг ба сарамон боз мусибат омад. Оқибати ҷангро хуб  медонам. Мо, модарон, аз Худованди бузург илтиҷо кардем, ки пеши ин офат гирифта шавад. Дуои мо мустаҷоб шуд. Ва фарзанди баруманду ҷасур, нотарсу сулҳовар — ­Эмомалӣ Раҳмон роҳбар интихоб шуд. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки тинҷиву оромӣ барқарор, ваҳдату ягонагӣ пойдор гардид.

Ин фарзанди азиз аз ҳоли мо — пиронсолону барҷомондагон ҳамеша бохабар аст. Ҳар субҳ барояш дуои нек мекунам.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»