Муаррифии иқтидори сайёҳии Тоҷикистон

№98 (4048) 15.08.2019

DSC_00778 — 10 августи соли равон дар шаҳри Душанбе Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2018» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати мамлакат, мақомоти соҳавии кишварҳои шарик, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва коршиносони дохилию байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Рӯзи якум иштирокчиён ба се хатсайр ҷудо шуда, Қалъаи Ҳисор, шаҳри Турсунзодаю Норак ва минтақаи сайёҳии Варзобро тамошо карданд. Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо фарҳангу тамаддун, таърихи куҳану муосир, расму оин, кӯҳу дарёҳо, чашмаҳои шифобахш аз наздик ошно шуданд. Ба онҳо, инчунин, тамошои калонтарин маҷмааи Осиёи Марказӣ – «Кохи Наврӯз» муяссар гардид, ки дорои 12 толор буда, ҳар кадом бо хусусиятҳои фарқкунанда таъриху тамаддуни миллатро муаррифӣ менамоянд.

Инчунин, дар боғи «Куруши Кабир»-и пойтахт намоиши имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ доир шуд, ки меҳмонони зиёде аз он дидан карданд.

Рӯзи дуюм дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон филми мустанади «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон» намоиш дода шуда, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни ифтитоҳи расмӣ мақсад аз баргузории чорабиниро муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, афзоиши шумораи сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа маънидод кард.

DSC_0053Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, иброз намуд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҳар як давлат ба ҳисоб рафта, муаррифгари таъриху тамаддун, анъанаҳои миллӣ, захираҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвонот мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар тӯли даҳсолаҳо, новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ, бо суръат рушд менамояд.

- Бо дарназардошти манфиатҳои соҳаи сайёҳӣ ба рушди иқтисодиёт ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи сайёҳӣ низ ислоҳот ба миён омад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ИДМ камназиранд. Дар робита ба ин, ҷорӣ гардидани раводиди электронӣ, низоми содакардашудаи дастраскунии раводид, инчунин аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳонро метавон мисол овард. Ин ибтикор имконият медиҳад, ки сайёҳон ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводидро ба тариқи онлайн дастрас намоянд, – гуфт Давлаталӣ Саид.

Муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ, инчунин зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди сайёҳӣ сол то сол шароити мусоид фароҳам меорад. Бунёди меҳмонхонаву истироҳатгоҳ ва роҳҳои хушсифат дар ҳар гӯшаю канори кишвар баёнгари гуфтаҳои болоянд. Инчунин, теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар ба 185 адад расидааст. Шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ шомил шуд. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки он баҳри рушди сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа, бори аввал ба мамлакат 1 миллион сайёҳ ташриф оварданд.

Роҳбари Департаменти аврупоии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Питер Янеч дастгириву таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба бахши сайёҳӣ махсус таъкид намуд.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори бузурги сайёҳӣ дорад. Манзараҳои зебои кӯҳистон, таърихи қадима, фарҳанги ғанӣ, ёдгориҳои таърихие, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, «Шоҳроҳи бузурги абрешим»-ро ба ёд меоранд. Боиси хурсандист, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори табииро барои рушди туризм самаранок истифода бурда истодааст. Чунончӣ, дар 4 соли охир теъдоди сайёҳон аз 400 000 ба 1 миллион нафар расид. Минбаъд низ дар ҳамкорӣ баҳри рушди соҳаи туризм, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ кори зиёдро ба сомон расонда метавонем, — гуфт Питер Янеч.

Роҳбари минтақавӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, хонум Кассандра Колберт манзараҳои дилфиреби кӯҳистон ва чашмаҳои маъданию обашон гарми Тоҷикистонро васф намуда, аз он изҳори таассуф кард, ки то ҳол бисёриҳо дар хусуси онҳо маълумот надоранд. Ӯ набудани хатсайрҳои ҳаррӯзаи ҳавоӣ ба шаҳрҳои калони Аврупо ва Осиёро яке аз монеаҳои асосӣ ба рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон арзёбӣ кард.

- Лаззати ангур ва дигар меваҳои аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ҳамто надоранд. Аз ин рӯ, дар кишвар барои рушди туризми агроэкологӣ имкониятҳо зиёданд, — гуфт Кассандра Колберт.

Ректори Академияи сайёҳии шаҳри Анталияи давлати Туркия Зафар Биккеноглу дар хусуси нақши соҳаи туризм дар иқтисодиёт зикр намуд, ки ҳар сол ба Туркия 40 миллион сайёҳ меояд ва даромад ба 30 миллиард доллар мерасад. Тоҷикистону Туркия дар соҳаи рушди сайёҳӣ ҳамкориро хуб ба роҳ мондаанд. Академияи сайёҳии Анталия омода аст, ки дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи туризм ба Тоҷикистон кумак намояд.

Ҳамчунин, муовини котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Се Сяоюн, директори иҷроияи котиботи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Ҳабибулло Мирзозода, роҳбари Ассотсиатсияи байналмилалии сайёҳии саргузаштӣ ва тиҷоратӣ Милена Николова, намояндаи шабакаи ҷаҳонии «Нейшнл ҷеографик» Виллиям Аллер ва дигарон дар бобати рушди ҳамкорӣ дар самти сайёҳии байналмилалӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа андешаронӣ намуданд.

Сипас, ҳамоиш дар чор бахш идома ёфт. Дар бахши якум, ки ба мавзӯи «Ҷалби сармоя ба инфрасох­тори сайёҳӣ, сайёҳӣ- омили муҳими густариши робитаҳо» бахшида шуд, ширкаткунандагон вобаста ба фазои сармоягузорӣ, имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзҳоро баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ фароҳам овардааст. Ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андози фоида озод буда, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озоданд.

Дар бахши дуюм мавзӯи «Сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ ва таърихию фарҳангӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокчиёни бахши сеюм бобати «Сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва рекреатсионӣ» мулоҳизаронӣ карданд. Дар робита, зикр шуд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 200 сарчашмаи оби минералӣ ва чашмаҳо мавҷуданд, ки дар заминаи баъзе аз онҳо осоишгоҳҳои табобатӣ бунёд гардидаанд.

Дар бахши чорум иштирокдорон роҷеъ ба «Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва паёмадҳои иқтисодии он» ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки ба дастранҷи ҳунармандон аз ҷониби сайёҳон баҳои баланд дода мешавад. Ҳунармандон ва фаъолияти ҳунармандӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, яке аз роҳҳои баланд бардош­тани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот ба шумор меравад.

Дар хотима, иштирокдорон изҳорот қабул намуда, баён доштанд, ки баргузории форуму намоишгоҳҳо табодули таҷрибаро бештар намуда, имкониятҳои соҳаи сайёҳиро муаррифӣ ва ҳамкориро тав­сеа мебахшад.

 С. АСОЗОДА,

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»