Қонун ва иҷрои он

Муроҷиатҳои такрории беасос аз сатҳи пасти фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон дарак медиҳад

№115 (3595) 06.09.2016

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи инсон кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон мебошад. Тавассути арзу шикоят ҳар як шаҳрванд метавонад ҳалли ин ё он масъаларо тақозо намояд ва мақоми ваколатдор муваззаф аст, ки тибқи муқаррароти қонун онро баррасӣ ва ҳал кунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии кишвар ва ҷаласаҳои Ҳукумат ба масъалаи аз ҷониби роҳбарияти зинаҳои ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ роҳандозӣ намудани қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе бо ташкили сафарҳои корӣ ба маҳалҳо ва баррасии ҳамаҷонибаву одилонаи муроҷиатҳои мардум таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд, ки ин масъулияти роҳбарони мақомоти давлатиро боз ҳам меафзояд.

Чанде пеш ба хотири ошноӣ пайдо кардан бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар кардам.

Мушоҳида гардид, ки дар гӯшаи намоёни даромадгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомот бо нишондоди рӯзу соат овехта шудааст. Аз ҷумла, раиси ноҳия Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои шанбе ва чоршанбе шаҳрвандонро қабул менамудааст. Рӯзу соатҳои қабул байни муовинон ва роҳбари дастгоҳ низ мушаххас тақсимбандӣ шудаанд.

Шиносоии мо ба рӯзи шанбе рост омад. Мутасаддиён шаҳрвандонеро, ки он рӯз ба қабули раис омада буданд, ба рӯйхат мегирифтанд.

Соати нуҳ дар толори мақомот маросими қабул оғоз гардид. Раис тибқи рӯйхат ба ҳар нафар муроҷиат мекард ва мушкилоташро пурсон мешуд. Шаҳрвандон низ бо навбат арзи матлаб мекарданд.

Масъалаҳои бамиёнгузошта соҳаҳои гуногуни ҳаёти шахсию ҷамъиятиро дар бар мегирифтанд. Раиси ноҳия ба ҳар савол возеҳу равшан ва вобаста ба талаботи қонунгузорӣ посухҳои мушаххас гардонид.

Дар рӯзи қабул барои пурра ҷавоб додан ба саволҳои шаҳрвандон роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ даъват шуда буданд. Умуман, роҳбари ноҳия саъй менамуд, ки мувофиқи имкон масъалаҳо бетаъхир ҳал гарданд. Чунончӣ, ҷиҳати ҳалли масъалаҳое, ки шаҳрвандон Ҷӯрабек Маннонов, Алимурод Ҳалимов, Халилуллоҳ Алиев, Мунаввар Амонова, Холбибӣ Абдуллоева, Аҳмад Халилов ва дигарон ба миён гузоштанд, ба роҳбарони ташкилоту мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки онҳоро баррасӣ ва мутобиқи муқаррарот ҳаллу фасл намуда, аз натиҷаашон маълумот пешниҳод намоянд.

Барои ҳалли мушкилоти шахсии маъюб Сулаймон Шарипов, раис масъулеро вазифадор сохт, ки ин масъаларо ба таври фаврӣ иҷро намояд.

Аз суҳбат бо корафтодагон маълум гардид, ки онҳо аз натиҷаи қабулу вохӯрии доиргардида қаноатманд мебошанд.

Таҳлили ҳолати кор бо арзу шикояти сокинони ноҳияи Рӯдакӣ нишон дод, ки қабули шаҳрвандон ва муносибат ба ҳалли мушкилоти онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ба роҳ монда шудааст.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 6390 нафар ба таври хаттӣ ва 300 нафар шифоҳӣ муроҷиат намудаанд.

Аз ин ҳисоб 1998 ариза ба Кумитаи заминсозӣ, 1116 ариза ба раёсату шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, 2677 ариза ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот фиристода, барои ҳалли онҳо 1480 қарор ва 56 амри раиси ноҳия ба тасвиб расонида шудааст.

Ҳар як аризаю шикоят дар варақаҳои махсус қайд ва иҷрои он таҳти назорат гирифта мешавад.

Инчунин, борҳо бо иштироки раиси ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳолӣ вохӯриҳо гузаронида, дар онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату шуъбаҳои мақомоти гуногун иштирок намуда, ба дархосту пешниҳодоти аҳолӣ посух додаанд.

Қобили қайд аст, ки айни замон раёсату шуъбаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот суроғаҳои электронии худро кушодаанд, ки баробари воридшавии аризаҳо тибқи мазмуну муҳтаво онҳо ба идораҳои дахлдор фиристода мешаванд. Бо кормандони дахлдор ҷиҳати омӯзиши технологияи инноватсионӣ семинарҳои махсус гузаронида мешавад.

Тавре зикр гардид, қисми зиёди аризаҳо ба ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони хонаи истиқоматӣ тааллуқ доштаанд. Сабаби ҳал нагардидани бисёре аз онҳо дар он аст, ки аксари муаллифон сокинони дигар ноҳияҳо мебошанд. Онҳо дар бӯстонсаройҳои атрофи дарёи Кофарниҳон ва Элок зиндагӣ мекунанду дар қайди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот нестанд, аз ин лиҳоз иҷрои талабу дархости онҳо аз имкон берун аст.

Инчунин, омӯзиши масъала нишон дод, ки сабаби зиёд гардидани аризаҳо, махсусан муроҷиатҳои такрории беасос, ҳанӯз ҳам нокифоя будани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки баъд аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҷдиди назар намудани як қатор қонунҳо ба миён омад, ки мисоли он дар таҳрири нав қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мебошад.

Ин иқдом танҳо ба манфиати шаҳрвандони кишвар нигаронида шуда, масъулияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассиса ва шахсони мансабдорро баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои сокинони кишвар боз ҳам баландтар хоҳад бардошт.

 Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»