Наҳзатиҳо террористонанду дигар намешаванд

№46 (3840) 14.04.2018

Аз нимаи дуюми садаи нуздаҳум коргирӣ аз исломи сиёсӣ ва ба манофеи ҷомеаи сармоядорӣ ҳамоҳанг сохтани хурофоти динӣ аз силсилаи барномарезиҳои калидӣ дар бозиҳои геополитикӣ маҳсуб ёфта, бо андӯхтани таҷрибаю собиқа минбаъд истифодаи дин ва мазҳаб дар шикастани камари ҷомеаҳои мусулмонӣ амри зарурӣ шуд. Ин раванд дар ибтидои асри бист ба стратегияи сиёсати хориҷии баъзе аз қудратҳои ҷаҳонӣ табдил ёфт ва таъсиси гурӯҳҳои муташаккили динӣ аз ҳисоби насли ҷавони ифротгаро ва дар ин замина дар ҳоли парешонӣ нигоҳ доштани давлатҳои вопасгарои шарқи мусулмонӣ ба ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки созмонҳои ифротии мазҳабӣ дар маҳдудаи мамолики шарқи исломӣ таҳти назар ва ҳимояти қудратҳои ҷаҳонӣ амал карда, баҳри бароварда сохтани манофеъ ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии онҳо  хизмат мекунанд.

Мутаассифона, дар ташкилоти сохтаи манфиатхоҳони  минтақавию хориҷӣ ба ҷуз аз рӯҳияи миллӣ дигар ҳама анвои  масоили ҷаҳонватанӣ ва динӣ ҷойгоҳ дошт. Созмондиҳандагони исломи сиёсии садаи бист ҳаминро ба назар гирифта, барои ривоҷ додани он дар манотиқи мусулмоннишини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба тарзи густурда ҳадафҳои хешро амалӣ намуданд, зеро ҳамин ҷаҳонватании (космополитизми) исломӣ тибқи идеологияҳои хеш инсони беҳувият месозад. Аз ин рӯ, барои барномасозони муассиси ҳизби сиёсии динӣ дар манотиқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва махсусан, дар қисми осебпазири он, ки аз ҷумла Тоҷикистон буд, ин пружаи таъсиррасонӣ ба боварҳои динӣ ва ба тарзи дигар, ба хотири манофеи хеш тавсеа бахшидан ба космополитизми  исломӣ, аз лиҳози иқтисодӣ хеле  камхарҷ буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 ба Истиқлолияти давлатӣ расид, нахус­тин бархӯрдҳояш бо рӯҳонияти муҳофизакор, фурсатталаб, бехабар, ноогоҳ сурат гирифт. Дар он бархӯрдҳо ибтидо хурофоту таассуби мазҳабӣ ғалаба кард ва ҷомеаи тоҷик таҳти фишори равонӣ, фикрию мафкуравии динӣ қарор гирифт. Дар марҳилаи фошофош муборизаи мазҳабӣ бурдани рӯҳонияти ифротии исломӣ  таҷрибаи ташкилоти дигари радикалӣ ба сифати манбаи боэътимоди мафкуравӣ ва сиёсӣ хидмат кард. Собиқаи усулу методҳои муборизаи сиёсӣ ва таблиғоти мафкураи динӣ-мазҳабӣ имкон дод, ки баъзе аз роҳбарони рӯҳонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ ҳараҷу мараҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, домани бетартибиҳои мардумиро дар манотиқи даргири Тоҷикистон тавсеа бахшанд ва сабабгори асосии ҷанги дохилӣ гарданд.

Новобаста аз он ки Ташкилоти террорис­тию экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ТТЭ ҲНИТ) муҷрими асосии ҷанги дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, дар марҳилаи навбатӣ (расидан ба ризояти миллӣ ва истиқрори сулҳ) даъвоҳои дигар пеш овард ва хоҳони аз худ кардани ҳокимияти сиёсӣ, муҳимтар аз ин, давлати миллӣ шуд. Мақсад аз сиёсатбозиҳо, лафзпардозиҳо, фазлфурӯшиҳои роҳбари нави наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ, дар маҷмӯъ, ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ буд. Бехабар аз он ки дар давлати миллӣ мафкураи бегона ҳеҷ гоҳ тасаллут дошта наметавонад, Кабирӣ бо технологияи нави сиёсӣ – чарбзабонӣ, гапфурӯшӣ, донотарошӣ ва шиорпартоӣ миёни авом нуфуз пайдо ва хешро наҷотбахши миллату ҷомеаи тоҷик унвон карданӣ мешуд.

Бори дигар ба ин масъала бармегардем, ки бо кадом идеология ва мароми сиёсӣ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш мехостанд давлати миллӣ бисозанд? Албатта, бо идеологияи аҷнабӣ, ки ҳазорсолаҳо ҷомеаи тоҷикро ба барда табдил дода, бадбахтиро ба сараш бор кардааст. Ногуфта намонад, ки ҳанӯз фабрикаи бардасозии мазҳабӣ дар баъзе аз нуқтаҳои осебпазири Тоҷикистон аз ҷониби мухлисони наҳзат фаъол аст ва кабириҳо то имрӯз пинҳонӣ таблиғгари мафкураи бегонаанд. Бо каломи бадеъ онҳо доми фиребу найранг густурдаанд, то сайди ноогоҳ ва ғофилро ба даст биоваранд ва саранҷом сафашонро афзун созанд. Ин ҳолат қавли маъруфи «Дар либоси дӯст кори аҳли душман мекунанд»-ро ба хотир меоварад.

Дар нобасомониҳои сиёсию низомие, ки бо «ибтикори» ТТЭ ҲНИТ ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба вуқӯъ пайваста, наздик ба дусад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро туъмаи  марг кард, режими исломӣ  бо роҳандозии барномаҳои пасипардагӣ ва пешандоз намудани муридони наҳзатиаш  ширкат варзид. Ҳосили ин «ширкати фаъол»-ро насли миёнсол ва солманди кишвар хуб дар хотир доранд. Аз ин рӯ, ба дастурхони доми фиреби наҳзатӣ, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои берунӣ густурда мешавад, набояд таваҷҷуҳ кард, зеро он ба ҷуз зиллат, бадбахтӣ, беҳувиятӣ ва саргардонӣ чизи дигаре надорад. Ин танҳо зоҳири хони наҳзатист, ки мардумро бо шириниҳои қалбакию сунъӣ ба худ мекашад, дар асл, дар нӯшокию хӯрокии он (манзур ваъдаю даъвоҳои беасос, матолиби дар зоҳир дилкаш, вале дар ботин саркаш ва иттилооти ғаразноку таваҷҷуҳбарангези наҳзатӣ аст) шарбат бо заҳр омехта шудааст, то мардуми гумроҳро аҷалком созад.

ТТЭ ҲНИТ созмони ба дасти хадамоти махсуси хориҷӣ сохташудаест, ки тибқи барномасозии эшон аз ҳар масоил метавонад аъзои он сухан кунанд, вале воқеият ин аст, ки онҳо салоҳияти ҳеҷ масъаларо ҳал намудан надоранд, илло ба вуҷуд овардани тавтиаву хараҷу мараҷ дар ҷомеа. Воқеияти онҳоро ҳаводиси солҳои навадуми садаи бист дар Тоҷикистон собит намудааст. Онҳо ҳамон террористони миллаткушанд, ки ба туфайли ҷанги шаҳрвандии роҳандозикарда дусад ҳазор нафарро куштанд ва боқӣ мондани давлатдории тоҷиконро зери суол бурданд. Аз ин рӯ, бояд фаромӯш насозем, ки роҳбарону масъулони ТТЭ ҲНИТ бо гузашти солиён ва вобаста ба вазъияту манфиат метавонанд зоҳири хешро иваз намуда, худро мудерн ҷилва диҳанд, вале воқеият ин аст, ки онҳо ҳамон террористонанду дигар намешаванд.

Эҳсони ИЛҲОМ