Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Намоиши 200 намуд маҳсулот дар хуҷанд

№16 (3810) 06.02.2018

ячсячсЧанде қабл дар шаҳри Хуҷанд намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид. Дар кохи «Суғдиён»-и шаҳр беш аз 80 нафар ҳунарманд — қанноду кашидадӯз, гаҳворасозу заргар, қолинбофу қуроқдӯз, устоҳои тайёркунандаи созҳои халқӣ ва ғайра, ҷамъ беш аз 200 намуд маҳсулотро ба намоиш гузоштанд.

Дар назди иштирокчиён раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ва яке аз занони ҳунарманд Фароғат Абдуллоева баромад карда, рушди ҳунарҳои миллиро яке аз василаҳои беҳдошти зиндагӣ ва зинда гардонидани анъанаҳои қадимаи мардум номиданд.

Бино ба гуфти Маъруф Муҳаммадзода, дар шаҳр 5 маркази таълимии атласу адрасбофӣ амал мекунад. Танҳо дар соли 2017 аз ҷониби маркази адрасбофӣ 12000 метр адрас истеҳсол гардидааст. Баҳри дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ, муҳрабофӣ, сабадбофӣ, гавҳорасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ ва косибӣ ҳар сол бо қарори раиси шаҳр ба маблағи 65 ҳазор сомонӣ грантҳо таъсис дода, зимни таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ супорида мешуданд. Соли равон маблағи умумии грантҳо 130 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»