Намоиши ҳунарҳои халқӣ

№ 24.08.2016

 16-уми август дар боғи фарҳангӣ-истироҳатии шаҳри Кӯлоб ба истиқболи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои халқии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба иштирокчиёни намоиш маҳсули дасти чакандӯзону зардӯзии  шаҳри Кӯлоб, адрасбофони ноҳияи Восеъ, гулдӯзиҳои намояндагони ноҳияҳои Муъминободу Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Қубодиёну Ҷайҳун ва Бохтару Ҷалолиддини Балхӣ писанд омад.

Ҳакамон бо сарварии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода намунаҳои ҳунари дастии намояндагони шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Муъминободро арзанда ва лоиқи ҷойҳои ифтихорӣ донистанд. Иштирокчиёни фаъоли намоиш бо ифтихорномаҳои раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ «Садои мардум»