Неъмате беҳтар зи Истиқлол нест

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

ЛОГО 29Истиқлолият неъмати волотарин ва гавҳари гаронбаҳо буда, насиби миллате мегардад, ки поксиришту фурӯтан, ғаюру дарёдил ва ҳақиқатталошу хирадманд мебошад. Ҳамин ганҷи нодир баъди фурӯпошии  давлати абарқудрату паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ насиби ҷумҳуриҳои тобеи он гардид. Ҳама бо шукронаю сипос дар фикри ободӣ буданд. Миллати сарбаланди тоҷик низ, бо рӯҳбаландии бузург аз ин неъмати бебаҳо барои пойдор намудани пояҳои давлатдории навин камар баст. Аммо шодию сурур дер давом накард. Намедонам, қаҳри Яздон буд ё васвасаи шайтону макри шайтонтинатон, ки миллати соҳибтамаддун ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ҷанги бародаркуш оғоз гардид. Дар ду майдон ашхосе менишастанд, ки меҳри бародарию рафоқатро аз дил берун карда, сояи якдигарро аз девор метарошиданд. Баъдтар ҳар ду майдон ба ду сангар табдил ёфту бародаркушӣ доман зад. Аз ҳар ду тараф талафот меафзуд.  Душманони миллат ба ҷанги хонумонсӯз роҳбарӣ мекарданду ба ҳоли миллат механдиданд.

 Хушбахтона, миллат ба худ омад ва тири душмани маккор ба ҳадаф нарасид. Дар баробари тамаддунофарӣ ваҳдатофариро ба оламиён собит карда, ҷангандозҳои аҳримансириштро шармандаю шармсор намуд.

Зимнан, ҷавҳари асосии эҷодиёти шуарои тоҷик аз қадим панду насиҳат аст. Аз устод Рӯдакӣ сар карда, тамоми бузургон дӯстиро талқин намудаанд. Ҳаким Низомулмулк низ дар «Сиёсатнома» чунин нигоштааст, ки ба воқеоти ҷанги бародаркуши тоҷик бисёр шабоҳат дорад: «Ҳар оина аз шумии исён хашму хизлон (хорӣ) дар он мардумон даррасад ва суйуфи (теғҳои) мухталиф кашида шавад ва хунҳои ноҳақ рехта ояд. Ва ҳар киро даст қавитар ҳар чӣ хоҳад кунад, то он гунаҳгорон андармиёни он фитнаҳои хунрез ҳалок шаванд ва ҷаҳон аз ишон холиву софӣ монад. Ва аз ҷиҳати шумии ин гунаҳкорон бегуноҳон низ дар фитнаҳо ҳалок шаванд ва мисоли ин чунон аст, ки оташ андар наистон афтад, ҳар чи хушк бошад бисӯзад ва аз ҷиҳати муҷоварати хушк бисёр тар бисӯзад». Чунон ба назар мерасад, ки Ҳаким Низомулмулк маҳз ҷанги бародаркуши тоҷикро тасвир карда бошад. Низомулмулк дар идомаи сухан мефармояд: «Пас аз бандагон якеро ба тавфиқи эзидӣ саодате ва давлатеву иқболе ҳосил шавад ва аз Ҳақ Таоло донишеву ақле ёбад, ки бад-он донишу ақл зердастонро ҳар як ба андозаи  хеш бидорад ва ҳар якеро бар қадри ӯ мартабае аз маҳалле  ниҳад. Ва хизматгорону касони ишонро аз миёни халқ ва мардумон баргузинад ва ба ҳар як ишон пойгоҳе ва манзалате диҳад. Ва бар кифояти муҳимоти диниву дунявӣ бар эшон эътимод кунад ва раоёро нигаҳ дорад»

Баъди мутолиаи ин навиштаҳо, кас гумон мекунад, ки Ҳаким Низомулмулк маҳз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро пешгӯӣ намудааст, ки бо неруи хирад халқи парешонгаштаро сарҷамъ намуд. Бо мухолифин гуфтугӯ анҷом дода, дасти дӯстиву ҳамбастагӣ дароз намуд ва баъди гуфтушуниди зиёд миллат ба ваҳдат расиду сулҳу салоҳ танинандоз гардид.

Дарвоқеъ, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар забони тоҷикӣ, дар қатори вожаҳои муқаддаси ватан, модар, истиқлол, забон вожаи муқаддаси ваҳдати миллӣ ворид гардид, ки боис ба арҷгузорӣ аст. Зеро то расидан ба ваҳдати миллӣ Истиқлолияти давлатӣ зери суол қарор дошт. Рукнҳои истиқлолият маҳз баъди расидан ба ваҳдати миллӣ устувору побарҷо гардиданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ баъди расидан ба ваҳдати миллӣ ҳамкориро бо Тоҷикистон мустаҳкам намуд.

Дар ҷаҳони имрӯз ҳамон кишваре муваффақ мешавад, ки бо мамолики ҳамҷавор  ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ дошта бошад. Маҳз самараи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдат аст, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ба комёбиҳои беназир ноил гардид. Соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқ рӯ ба пешравӣ ниҳоданд.

Соли оянда Тоҷикистони азиз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил менамояд. Аммо аз баракати Истиқлолияти давлатӣ дар бештар соҳаҳо роҳи садсоларо тай намудем. Хусусан, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мисол меорем. Корҳои тадқиқотӣ дар он солҳои 50-уми асри гузашта оғоз шуд. Давлати абарқудрати  Иттиҳоди Шӯравӣ онро дар муддати 40 сол анҷом дода натавонист ё  анҷом додан нахост. Аммо файзи истиқлолиятро бубинед, ки дар муддати хеле кӯтоҳ ду чархаи он ба кор даромад, ки ин хун дар шарёну нур дар чашмони  миллат аст ва ба истифода додани НБО «Роғун» ба он мусоидат мекунад, ки истиқлолияти энергетикиро пурра ба даст оварем ва иқтисодиётро баланд бардорем. Ва дар муддати кӯтоҳ бунёд кардани неругоҳи азим далели пойдории ваҳдату ҳамбастагӣ, устувории пояҳои истиқлолият, ватанпарварию садоқати бемисли ҳар як фарди кишвар мебошад.

Даврони соҳибистиқлолӣ бисёр ёдгориҳои таърихӣ ва ҳунарҳои миллиро машҳури олам гардонид. Соли равон 5500 — солагии Саразми бостон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ таҷлил мегардад, ки бори дигар соҳибтамаддун ва бостонӣ будани миллатро собит сохта, ба оламиён таърихи шаҳрсозӣ ва санъати меъмориро нишон медиҳад.

Ба феҳрасти ЮНЕСКО дохил шудани Иди Наврӯз, Шашмақом, Чакан ва дигар анъанаву ҳунарҳои миллӣ далели дигари соҳиби тамаддуни бостонӣ будани миллат мебошад.

Сарвати дигаре, ки Тоҷикистонро дар олам машҳур намуд, обҳои мусаффо мебошад. То кунун чор пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт аз ҷониби СММ пазируфта шуда, дар амал татбиқ гардидааст, ки обрӯю эътибори Давлату Ҳукумати кишварро дар миқёси байналмилалӣ баланд бардошт.

Рушди сайёҳӣ, ки дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, на танҳо ба болоравии иқтисодиёт мусоидат мекунад, балки боис ба он мегардад, ки пешравиҳоро сайёҳон ба аҳли олам шинос намоянд. Яъне, тавассути рафтуомади онҳо Тоҷикистон ба ҷаҳон ва ҷаҳон ба Тоҷикистон бештар шинос мешавад ва дӯстию ҳамкории давлату миллатҳо пояндатар мегардад, ки ин бешак, самараи Истиқлолияти давлатист.

Шоҳкории дигари даврони истиқлолият қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ бо азму иродаи мардум  қабул шуд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Инчунин, қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо ба рушди иқтисодиёт ва болоравии буҷети ҳар як оила мусоидат намуд, инчунин боис ба болоравии маънавиёти аҳолӣ ва пурмазмунтар шудани расму анънаҳои миллӣ гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба донишу маҳорат ва ахлоқи неки насли наврас мусоидат намуда, ҳаёти падару модарон ва фарзандони онҳоро рангину осоишта мегардонад.

Қабул гардидани барномаҳои ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ боис ба тантанаи адолати судӣ, боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши судяҳо ва болоравии нуфузи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад. Дар заминаи онҳо судяҳо баъд аз гузаштан аз имтиҳони тахассусӣ, пеш аз таъин шудан ба ин мақоми пурмасъулият як сол ҳамчун коромӯз-судя таҳсил карда, ҳамаҷониба ба кор омода мешаванд, ки ин ҳама дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ мебошанд.

Гузашта аз ин, мақомоти судӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Дар аксар ноҳияҳо биноҳои нави суд сохта, ба истифода дода шуданд, ки ин ба фаъолияти босамари судяҳо ва кормандони мақомот мусоидат менамоянд.

Хулоса, он ҳама комёбие, ки сари ҳар қадам мушоҳида мешаванд, самараи соҳибистиқлолӣ мебошанд ва миллати сарбаланду шукргузори тоҷик пайваста шукрона аз он ва ваҳдати поянда мекунад.

Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст: «Истиқлолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба ҷон баробар аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиқлолият, ифтихор, осоишу оромӣ, ормонҳои накукорию сари баланди ҳар як шаҳрванд мебошад». Аз ин рӯ, чун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ намудан, пойдории рукнҳои истиқлолият ва пойдории ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷик ва ҳар як фарди Тоҷикистон мебошад.

Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,

судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод