«Низоми муосири худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

№54 (4004) 14.05.2019

Таҳти ин унвон чанде пеш дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Кумитаи рушди маҳал, Агентии хизмати давлатӣ ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғаффорзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2019 — 2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд ва таъкид намуданд, ки мақсади асосӣ аз он амалигардонии иқдомҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум мебошад.

Дар ҳамоиш ислоҳоти низоми худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бо мақомоти давлатӣ, низоми мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар хориҷа, назария ва амалияи ин раванд, заминаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии рушди худидоракунии маҳаллӣ дар ҷумҳурӣ ва ғайра баррасӣ ва оид ба онҳо пешниҳодҳои судманд манзур гардиданд.

Раҳматулло КАРИМОВ, рӯзноманигор