Ноҳияи Айнӣ. Ба МТМУ №3 номи Бобо Сангинов гузошта шуд

№108 (4058) 07.09.2019

69556834_425442544845064_2463283036972646400_oДар арафаи 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 — и деҳаи Рарзи деҳоти «Рарз» — и ноҳияи Айнӣ ба номи академик Бобо Сангинов гузошта шуд. Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм дар ҳузури омӯзгорону хонандагон оид ба шахсияти Бобо Сангинов суханронӣ карда, шаҳодатномаи номгузории мактаб­ро ба директори он А. Сангинов тақдим намуд.

- Узви вобастаи Академияи кишоварзии ИҶШС, Агрономи хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Бобо Сангинов дар тӯли фаъолияти зиёда аз шастсола навъҳои серҳосилу дорои сифати баланди пахтаи маҳиннахро ихтироъ ва борҳо дар хориҷи кишвар муаррифӣ кардааст. Номбурда барои хизматҳояш дар рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла, пахтакорӣ, аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ва ИКАРДА бо медали тилло сарфароз гардид. Ба нишони қадршиносӣ ва поси хизматҳои арзандааш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки номи олими шинох­таро абадӣ гардонад, — гуфт раиси ноҳия М. Муродзода.

Ҳамчунин, бинои муассисаи таълимии №29 — и деҳаи Гузари Бод, ки бо дастгирии МИМҲД — и ноҳия таъмиру таҷдид гардидааст, ба истифода дода, барои сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №11 — и деҳаи Фатмев, ки тибқи нақша 15 синфхона, ҳуҷраи директор, ҳуҷраи муаллимон ва як синфхонаи компютериро дар бар мегирад, санги асос гузошта шуд.

«Садои мардум»