Ноҳияи Ҳамадонӣ. Бунёди 196 иншоот ба нақша гирифта шудааст

№104 (4054) 29.08.2019

davБо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иқдомҳои зиёди созандагию ободонӣ тарҳрезӣ гардида, бунёд ва азнавсозии иншооти маъмурию фарҳангӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои хизматрасонию таълимӣ идома дорад.

Тавре мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Латифи Шералӣ иттилоъ дод, дар се соли оянда бо мақсади дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ бунёд ва азнавсозии 196 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бунёд ва азнавсозии 13 корхонаи саноатӣ, 7 муассисаи таълимӣ, 9 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 12 кабинети фаннӣ, 3 боғчаи бачагон, 10 бунгоҳи тиббӣ, 8 беморхона, 5 маркази саломатӣ, маркази таълимӣ — табобатӣ, 4 клубу кохҳои фарҳангӣ, 4 китобхона, мактаби мусиқии бачагона, мактаби рассомӣ, 2 кошонаи ҳусн, 3 ҳаммом, 11 майдончаи варзишӣ, 6 толори варзишӣ, 12 маркази савдо, 8 маркази хизмати маишӣ ва 5 сартарошхона аз ҳамон ҷумлаанд.

davҲамчунин, иттилоъ дода шуд, ки таҷдид ва барқарорсозии системаи бообтаъминкунии шаҳраки Москва ва таъмири 7 нуқтаи оби нӯшокӣ дар масоҳати 3,6 километр, бунёди 2 гулгашт ва ғайра дар назар аст.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳия сохтмон ва азнав­созии бунёду иншоот дар соҳаҳои саноат — 16, маориф — 44, тандурустӣ — 25, фарҳанг — 14, варзиш  -18 ва  6 пул  ба нақша гирифта шудааст.

- Бояд қайд кард, ки тайи 6 моҳи соли равон аз  иншооти банақшагирифташуда сохтмони 44-тоаш ба анҷом расидааст, — афзуд Латифи Шералӣ.

Ӯ, ҳамчунин, иброз дошт, ки 24 августи соли ҷорӣ зимни сафари кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки бо маблағгузории Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Инчунин он рӯз толори варзишии кушоду барҳаво бо тамоми таҷҳизоти замони муосир, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Далер Хушвахтов, бо маб­лағи 3000 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, ки хурсандии сокинони маҳаллаи Синои шаҳраки Москва аз ин хотир ҳаду канор надорад.

Дар робита ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, дар ноҳия бунёд ва азнавсозии 13 корхонаи саноатӣ низ дар назар дошта шуда, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»