Норасоии мутахассисон – мушкили асосӣ

№66 (4172) 04.06.2020

ramz_30solagiДар доираи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор сохтмону навсозии бунгоҳҳои тиббӣ вусъат меёбад.

Тавре менеҷери муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС)-и ноҳия Идибек Олимзода иттилоъ дод, ҳоло бунёди чор бунгоҳи тиббӣ ва аз таъмири асосӣ баровардани маркази саломатӣ идома дорад.

Маркази саломатии ноҳиявӣ, чор маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ, шаш ҳуҷраи махсус, маркази эмгузаронӣ, ҳуҷраҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар тобеияти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия қарор доранд. Дар онҳо 13 табиби маълумоти олидор, 69 корманди миёнаи тиб ва 41 корманди хурди тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар ноҳия 285 маъюб зиндагӣ доранд, ки ба вазъи саломатии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Ҷиҳати коҳиш додани таваллуд дар хона, пешгирии фавти модару кӯдак ва бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи муассисаҳои соҳаи КАТС-и ноҳия дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардидаанд.

- Бо вуҷуди зиёд будани комёбиҳо баъзе аз мушкилиҳо низ мавҷуданд, ки ба пешрафти соҳа монеа эҷод мекунанд. Кам будани бастҳои вазифавӣ дар бахши тибби оилавӣ ва норасоии мутахассисони соҳаи пӯст, асаб ва тибби оилавӣ аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ дар ноҳия маҳсуб меёбанд. Дар сурати бартараф гардидани онҳо хизматрасонии тиббӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид хоҳад гашт, — гуфт зимни суҳбат И. Олимзода.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»