Раҳовард

Носири Хусрав. Ноҳияе бо аҳолии каму имкониятҳои зиёд

№42 (3679) 20.04.2017

40 сол пеш, бо мақсади аз худ намудани дашти асрҳо лабташнаи Бешканд муассисаи сохтмонии «Бешкентводстрой» ба фаъолият шурӯъ ва дар он 17 корхона муттаҳид шуда, бо дилгармӣ биёбони сӯзонро корам карданд. Дар 4 сол тақрибан 8000 гектар замин обёрӣ гардида, 5 хоҷагии нав ташкил ёфт. Соли 1996 аз ҳисоби заминҳои навкорами дашти Бешканд ноҳияи алоҳидае ташкил шуда, номи Носири Хусравро гирифт. Чанде пеш бо мақсади аз наздик ошно шудан ба фаъолияти  ободкунандагони дашти Бешканд ба ин ноҳия сафар кардем.

Бори аввал тақрибан 15 сол пеш ба ин ҷо омада будам. Он вақт Баҳор — маркази ноҳияи Носири Хусрав шаҳраки навбунёду хеле камдарахт буд. Тӯли 15 сол дар канори роҳи Шаҳритуз — Носири Хусрав ва шаҳраки  Баҳор дарахтони ҳамешасабзу мевадиҳандаи зиёде шинонидаанд, ки ба чашм хеле зебо менамоянд. Алалхусус, дарахтони арча, санҷиду бодом, зардолу ва олу бештар ба назар мерасанд. Соли равон аз тариқи ҳашар 33000 бех ниҳоли дарахти  мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуд. Дар Носири Хусрав нисбат ба пойтахти мамлакат фасли баҳор 20- 30 рӯз пештар фаро мерасад. Аз ин рӯ, пиёз қариб ба чидан тайёр шуда буд. Яке аз аввалин фотеҳони дашти Бешканд Муъминҷон Бердиев, ки ҳанӯз соли 1979 аз ноҳияи Ҳисор ба ин ҷо омадааст, солҳои нахустини кӯчида омаданашро ба ёд оварда, чунин гуфт:

- Вақте мо ба ин мавзеъ омадем, ягон  дарахт набуд. Аз ин рӯ, корро аввал аз тутшинонӣ оғоз  кардем. Баъди он ки аз дарёи Кофарниҳон тавассути канали 45- километра об омад, вазъият дигар шуд. Дар натиҷаи меҳнати 38 — сола дашти  лабташна ба чунин мавзеи сарсабз табдил ёфт.

Муъминҷон Бердиев дар 4 гектар боғ бунёд карда, дар 4 гектари дигар пиёз кишт намудааст. Даҳаи охири моҳи апрел ба чидани пиёз шурӯъ мекунад. Ӯ ҳамчун раиси хоҷагии деҳқонии пешқадам дар ноҳия ном баровардааст. Муъминҷон, ҳамчунин раиси маҳаллаи ба номи Б. Тоҷиев  мебошад. Ҳар сол аз нуҳ гектар замини хоҷагии деҳқониаш ду маротиба ҳосил мегирад. Ният дорад, ки баъди ғундоштани пиёз дар он тарбузу харбуза кишт намояд. Дарвоқеъ, ҳар сол аввалин шуда, аз ноҳияи Носири Хусрав меваю сабзавоти нав ба бозорҳои пойтахт ворид мешавад.

Раиси ноҳия Рамазон Оймаҳмадзода иброз дошт, ки сол то сол дар натиҷаи  кандану тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ва чораҳои зидди шӯразанӣ ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар шуда истодааст. Соли гузашта 45 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза шуданд. Тавассути маблағгузории «Лоиҳаи идоракунии захираҳои оби водии Фарғона» ҳамчунин 48 километр каналу ҷӯйҳо тоза гардиданд.

- Дар ноҳия 6480 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст, ки пурра дар истифодаи кишоварзон қарор доранд. Соли 2016 аз ҳисоби заминҳои бекорхобида 60 гектарро ба гардиши кишоварзӣ ворид кардем. Тибқи нақшаи пешбинигардида имсол ният дорем, ки дар майдони 3130 гектар пахта кишт намоем, — гуфт Рамазон Оймаҳмадзода.

Кишоварзони ноҳия дар заминҳои боқимонда гандум, ҷав, ҷуворимакка, пиёз, сирпиёз, помидору бодиринг кишт кардаанд. Бо мақсади пешгирии зарари шамолу хокбориш байни қитъаҳои замин дарахтони муҳофизатӣ, бештар санҷид шинонида мешавад. Теъдоди гармхонаву лимӯхонаҳои хусусӣ дар ноҳия торафт меафзояд. Азбаски ноҳияи Носири Хусрав дар қисмати ҷанубии мамлакат ҷойгир буда, зимистонаш гарм аст, бунёди гармхонаҳо самарабахш мебошад. Дар ноҳия 17000 гектар чарогоҳ мавҷуд буда, чорводорӣ дар ноҳия дурнамои хуб дорад. Инчунин, заминҳои обёринашуда зиёданд, ки барои азхудкунии онҳо маблағу техника ва қувваи корӣ зарур аст.

- Ҳар сол ба ноҳия зиёда аз 30 оилаи муҳоҷири ихтиёрию экологӣ меоянд, — мегӯяд Рамазон Оймаҳмадзода. — Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирон замин ҷудо шудааст.

Дар ноҳия шумораи қуттиҳои занбӯри асал торафт меафзояд. Ҳоло 4 хоҷагии деҳқонӣ ба занбӯриасалпарварӣ машғуланд.

Ноҳияи Носири Хусрав бо зиёратгоҳи оби  шифобахши «Чилучорчашма» машҳур аст. Тавре мудири зиёратгоҳ Ҳақназари Ҳақбердӣ иброз дошт, оби ин чашма ба 17 дард давост. «Чилучорчашма» дар ҳақиқат муъҷизае дар биёбон аст. Имсол канали «Чилучорчашма» дар масофаи 8 километр тоза карда шуд. Аз оби зулоли он тавассути канал сокинони 6 деҳа истифода мебаранд. Хати оби нӯшокии маркази ноҳия низ аз «Чилучорчашма» кашида шудааст. Инчунин, бо ин об 700 гектар киштзор обёрӣ мешавад. Дар назди зиёратгоҳ корхонаи хурде ҳаст, ки дар фаслҳои баҳору тобистон оби шифобахши чашмаро дар зарфҳо бастабандӣ мекунад. Маъмурияти зиёратгоҳ барои гардишгарон шароити заруриро фароҳам оварда, баҳри сердолу дарахт намудани ин мавзеи дилкаш кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Зиёратгоҳ дорои ошхонаю меҳмонхона ва катҳои истироҳатӣ мебошад. Ҳақназари Ҳақбердӣ иброз дошт, ки барои қайди хотираҳои сайёҳони дохилию хориҷӣ имсол дафтари махсус кушодаанд. Бо мақсади ҷалби сайёҳон ба ин мавзеи хушбоду ҳаво маъмурияти зиёратгоҳро зарур аст, ки бо Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дастуру таблиғномаҳои туристиро бо забонҳои гуногун таҳия намоянд. Дар сомонаҳои интернетӣ низ ба забонҳои англисиву русӣ, арабию олмонӣ ва туркӣ маълумоти бештарро ҷой додан зарур аст.

Солҳои пеш сокинони ноҳия барои табобат бештар ба ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён мерафтанд. Ҳоло дар ноҳия ду беморхона, яке марказӣ ва дигаре минтақавӣ (дар деҳоти «Наврӯз») фаъолият мекунад.

- Соли гузашта дару тирезаҳои чӯбини беморхонаи марказиро бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз намудем.  Инчунин бо кумаки ташкилоти японии JICA беморхонаи деҳоти «Наврӯз»- ро пурра аз таъмир  баровардем. Акнун сокинон ба дигар ноҳияҳо нарафта, дар ҳамин ҷо ёрии саривақтии тиббиро мегиранд, — гуфт Рамазон Оймаҳмадзода.

Ба гуфти менеҷери сохтори  госпиталии ноҳия Назар Холмуродов, ҳоло дар беморхонаи марказӣ 57 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо нуҳ нафар  духтури маълумоти олидор мебошанд. Дар назди беморхона филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият мекунад, ки дар он 45 нафар таҳсил мекунанд. Ҳар сол муассисаи мазкурро 15 нафар бо ихтисоси «Ҳамшираи шафқат» хатм менамоянд. Тибқи Квотаи президентӣ ҳар сол 10 нафар хатмкунандаи аълохони ноҳия ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил мешаванд. Сарфи назар аз ин дар ноҳия норасоии мутахассисони  маълумоти олидори соҳаи тиб ба чашм мерасад.

Дар ноҳия сол то сол вазъи соҳаи маориф низ беҳбуд ёфта истодааст. Ду сол пеш Сардори давлат хишти аввалини мактаби хуштарҳи замонавии сеошёнаро гузошта буданд. Сохтмони мактаб дар арафаи анҷомёбӣ буда, умед аст, ки то соли нави таҳсил мавриди истифода қарор мегирад. Ба гуфти мудири шуъбаи маорифи ноҳия Нуриддин Ғафуров, ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 20 нафар мутахассис намерасад. Илова бар ин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 60 нафар омӯзгорон ғайри ихтисос фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия 80 нафар мутахассис намерасад. Соли равон дар назди шуъбаи маорифи ноҳия гурӯҳи мақсадноки Коллеҷи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав кушода шуд, ки дар таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон кумак хоҳад расонд.

Ҳарчанд шуғли асосии сокинони ноҳияи Носири Хусрав  зироаткорию чорводорӣ бошад ҳам, солҳои охир ба рушди саноат таваҷҷуҳ зиёд шудааст. Ба гуфти Рамазон Оймаҳмадзода, ҳоло дар ноҳия корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ ва равғанкашӣ фаъолият мекунанд. Бо ҷалби сармоягузорон оянда имкони таъсиси корхонаҳои истеҳсоли шарбати меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти ширӣ, мевахушккунӣ ва ғайра мавҷуд аст.

- Дар деҳаҳое, ки оби нӯшокӣ надоранд, чоҳҳои  амудӣ канда истодаем, — гуфт раиси ноҳия.

Ба ҳар деҳа, ки мерафтем, мардум сиёсати сулҳпарваронаю ободкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, шукри тинҷию осудагии кишварро мекунанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки ноҳия бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Афғонистон ҳамсарҳад аст. Дар сурати ба фаъолият шурӯъ намудани бозорҳои наздимарзӣ садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Тӯхтамурод РӮЗИЕВ