Боздошти аср ва ё сохтакории Додоҷон Атовуллоев

№91-92 (3076-3077) 25.07.2013

Ба назар мерасад, ки бозори сафсатаи мухолифин дар ҷӯш аст ва ин «коргоҳ» ба таври ҷиддӣ ниёз ба тармиму ислоҳ дорад. Ислоҳи шахсиятҳо ва раванди маъмулии сиёсӣ. Тағйири афроде, ки дар назди миллат дарки масъулият кунанд.

Мухолифони дохилӣ то андозае низоми қонунмандиро дар ҷомеа риоя мекунанд, хориҷиён бошанд, бо тафсирҳои эҳсосотии берун аз одоб, нақши тахрибкориро дар ҷомеа мебозанд. Нофаҳмида аз он ки ин ҷомеа масунияти муайянро касб намуда, сиёҳро аз сафед метавонад фарқ кунад. Наслеро ба бор овардааст, ки то андозае хислатҳои донишпажуҳӣ ва иттилоотии он буруз кардааст.

Додоҷон Атовуллоев дар ин масир пешдасту пешоҳанг аст. Ӯ собиқадори журналистикаи тахрибкор ва ифодагари манфиати хориҷиҳост. Агар баръакси ҳол мебуд, аз дур истода танқид намудан дар ин бист сол ба дилаш мезад ва ӯ метавонист чеҳраи созандатаре аз худ ҷилва диҳад. Ин тарзи шинохт тавону иқтидори шахсони мансабталош ва ёғиро надорад. Ба ростӣ, «дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст», на дар талабу тақозои хабарнигорони манфигарову бадбин мисли Д.Атовуллоев. Ӯ ғайбатро ба арши аъло расонида, муқаддасоти ҷомеаро, ки ҳаракат ба сӯйи ростӣ дорад, латма мезанад.

Додоҷон Атовуллоев — хабарнигори фирорӣ бо айёрии ба ӯ хос ба таври мармузона татбиқи нақ-шаҳои хадамотиро рӯйи даст гирифтааст, ки инро беш аз шуъбадабозӣ ё лӯхтакбозӣ номидан  нашояд. Алалхусус, боздоштеро тарҳрезӣ ва амалӣ кард, ки Джеймс Бондҳову Агент 007-и муосирро дар ҳайрат гузошт. Гулзание буд дар жанри детектив, фақат нақши Э.Пуарову Шерлок Холмсро Д. Атовуллоев бозӣ кард. Ва чӣ бозие, ки падарсолори театри рус Станиславский (агар зинда мебуд) 15 июл бояд ба пешвозаш ба фурудгоҳи Шереметово меомад. Ҳарчанд нигоҳи ҳаваскоронаи мо ба ин тарзи бозингарии ҳунарпешагӣ  бовар накард, ки накард.

Агар аз марзи шӯхӣ бигзарем, чанд омил аст, ки коршиносон ин боздоштро боздошт намедонанд. Аввал, монандии «боздошт»-и Атовуллоев ба қазияи фирори ҷосуси америкоӣ Эдвард Сноудэн. Сурат гирифтани ин масъала дар як макон, дар мақтаъи замонӣ ва истифодаи абзору василаҳои  ҳаммонанди амалишавии он (аз роҳи ҳавопаймо, ҷалби таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма, терминал) ба ҷониби сенарияи фиреби боздошт кор мекунад.

Он чиз, ки бисёр шубҳанок менамояд, ин ба намоиш гузоштани мавҷудияти робитаҳои Додоҷон бо роҳбарони рақами аввали Кремл ва дар асоси қарори онҳо ба озодӣ гӯё раҳо шуданаш аст.  Яъне, бо ҳарфи дигар ва тобиши дигар, Додоҷон гуфтанӣ аст, ки ӯ аз фишанги маъмурии роҳбарони Россия бархӯрдор аст, ки инро метавон идроки нодурусти таҳмилӣ донист.

Ба намоиш гузоштани ҳодисаи қурбонии худ дар роҳи мубориза, яъне таваққуф дар интизорхонаи фурудгоҳи Шереметово, вале дар асл ба иштиёқмандон вонамуд кардани дурӯягии худ, воситаҳои ҷадиди сиёсатбозиҳои Атовуллоевро такрор мекунад.

Сониян, иттилои боздошти ин домулло аз тариқи хешу табораш расонаӣ гашт ва шабакаҳои иҷтимоӣ аксуламали муносибро дар қиболи ин сохтакорӣ дар аввали кор нишон надоданд. Дуруст аст, ки барои тавсеаи ҳангома баъд аз баргашти Д.Атовуллоев ба кулбаи вайронааш дар ш.Прага, пахши ахбор ба андозаи қобили таваҷҷуҳ, аз тариқи охунди сиёсатмаоб Саид Юнуси Истаравшанӣ  густариш ёфт. Яъне, боз ҳам ин амали тарғиботӣ дар сурате сару садоеро касб намуд, ки Д.Атовуллоев гӯё ба озодӣ баромад ва ҳамчун қурбонии роҳи озодӣ рӯнамо шуд. Ва, ниҳоят, аз масъулини фурудгоҳи рус чеҳраҳои неку аз худиҳо бадро расонаӣ кардани Додост.

Ҳамин тариқ, бо сиёсатбозиҳои худ Додоҷон Атовулло гӯё дар раванди муборизаи сиёсӣ омода аст ба ҳама худгузариҳо ва ҷонфидоиҳо даст занад. Вале, дар асл ба ҷаҳониён заъфи мудирият ва адами ҳамоҳангии ниҳодҳои ҳукуматии Россияро саҳнавӣ кард, ки яке боздошт мекунад, дигаре ба ҷинояткор роҳи раҳоӣ аз зиндонро нишон медиҳад ва мусоидат мекунад. Ё ин ки ин худ ифшои робитаҳои маҳрамонаи Додо бо хадамоти кашфии Россия аст, ки гумоштаашонро дар дили Аврупо моҳирона рӯпӯш мекунанд? Мавзуъ бисёр ҷиддӣ аст ва онро ҳатман пайгирӣ хоҳем кард.

 С. РАСО, хабарнигори мустақил