Сафи фаъолзанон меафзояд

№49 (3034) 22.04.2013

РАШТ. (Мирзосафар РИЗВОНОВ) Дар ноҳияи Рашт ба соҳибмаълумот шудани занону духтарон диққати махсус медиҳанд.

-Алҳол шумораи умумии занону духтарон дар ноҳия 54768 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 28297 нафарашон ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд, — гуфт мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Шаҳодат Тавурова.

Аз ин шумора 59 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 303 нафар дар соҳаҳои маориф, 277 нафар тандурустӣ, 85 нафар фарҳанг ва 86 нафар хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд. Ҳамзамон дар макотиби олии мамлакат 259 нафар духтарон таҳсили илм дошта, 16 нафар хатмкунандаҳои мактабҳои  олӣ соли гузашта ба ноҳия баргашта, дар соҳаҳои гуногун ба кор сар карданд.