Тайёрӣ ба соли хониш

№102 (3087) 12.08.2013

ФАЙЗОБОД. (Маҷид ҲОМИДОВ)  Дар мактабҳои ноҳияи Файзобод баъди анҷоми соли таҳсили 2012-2013 бо ёрию мадади падару модарон, раисони деҳотҳо ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба таъмир сар карданд. Айни замон 57 адад мактаби миёнаю ибтидоӣ аз таъмир бароварда шудааст. Дар назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 29, мактаби ибтидоӣ дар деҳаи Бинисумч, дар назди мактаби  таҳсилоти миёнаи умумии  № 57 синфхонаҳои нав сохта шуданд.

Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №19, 23, 4 ва 3 бояд аз нав болопӯш шаванд. Аз тарафи ҷамоатҳои деҳот ба мактабҳо то ин дам 630 тонна ангиштсанг, 147 метри кубӣ ҳезум дастрас гардидааст.