Тоҷикобод. Сохтмони 38 иншоот дар ду сол

№109 (3589) 20.08.2016

«Тоҷикобод диёри дар ҳақиқат биҳиштосо буда, номи хеле зебо дорад. Он ҳамрадифи номи миллат ва номи Тоҷикистони азиз, ҳамсоли даврони соҳибистиқлолии кишвар аст.» 

Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАСМИ РАИСИ ТОЧИКОБОД (1)Тоҷикобод яке аз навоҳии хушманзараи кӯҳистони Тоҷикистон аст. Табиати зебо ва дилкаши он дили ҳар бинандаро мафтун менамояд. Муаррихи машҳури тоҷик Муҳаммад Содиқхоҷаи Бухороӣ, мутахаллис ба Гулшанӣ, ки солҳои ҳаштодуми қарни нуздаҳ ба вилояти Қаротегин (Рашт) омада буд, дар асари хеш «Таърихи ҳумоюн» навиштааст: «Аз ҷиҳати нузҳату сафо, аз ҷиҳати хушҳавоӣ ва фараҳфизоӣ рашки тамоми амсору булдон аст… Ва мобақияи қалъаи Ғарму Қалъаи лаби об, Қалъаи Яхак, Қалъаи Пунбачӣ ва Оби Гарм, хулосаи калом тамоми аҳолии ҳаждаҳ қурғони он ҳама тоҷиканд, машҳуранд ба ғалчаи кӯҳӣ. Ва Қалъаи лаби об хушҳаво ва фараҳфизост. Саҳнаи гулистони кӯҳӣ ва канори дарё ва сабзазор ва марғзор аст, бағоят хушнишасту дилкаш аст.» (Муҳаммад Гулшанӣ, «Таърихи ҳумоюн», Душанбе-2006, саҳифаи 153-154)

Ин ноҳия дар даврони шӯравӣ гоҳҳо ҳамчун ноҳияи алоҳида ва гоҳе бо сабабҳои мухталиф дар ҳайати ноҳияҳои Ҷиргатол (Лахш) ва Ғарм (Рашт) будааст. Дар асоси қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 феврали соли 1991 Тоҷикобод аз ҳайати Ғарм хориҷ ва дар шакли ноҳияи мустақил таъсис дода шуд. Соли равон сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар баробари ҷашни муқаддаси миллӣ 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 25-умин солгарди таъсиси ноҳияро низ таҷлил менамоянд.

- Тоҷикобод дар гузаштаи начандон дур ҳамчун минтақаи аграрии қафомонда ва маркази он деҳаи назарногиреро мемонд. Гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвас­таи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи мо обод шуд. Симои ноҳия, хоса маркази он, ба куллӣ дигаргун гардид, — гуфт раиси ноҳия Ализода Ҳусейн Хоҷамир.

Ализода Ҳусейн дар идома афзуд, ки сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи ­Тоҷикобод солҳои 1994, 2000, 2003, 2008, 2009, 2010, 2011, 2013 барои рушду нумӯи ноҳия уфуқҳои навро боз намуд. Солҳои 1991-2015 аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ 154 иншооти ҳаётан муҳим сохта, ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, 22 бинои нав барои муассисаҳои таълимӣ, 12 бунгоҳи тиббӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи беморхонаи марказии ноҳия, 4 канали обёрӣ ба масофаи 28 километр, 25 километр хатти оби нӯшокӣ, 3 бинои бонк, 9 пули мошингузар, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва 3 бинои маъмурии ҷамоатҳои деҳот аз ҳамин қабил иншоот мебошанд. Биноҳои бист муассисаи таълимӣ таъмири асосӣ карда шуданд.

Аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ 125 иншооти тиҷоратию маишӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Сокинони ноҳия асосан ба кишоварзӣ машғул мебошанд. Соли 2015 истеҳсоли картошка ба 21,1 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1992-юм 8,5 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҳамин тариқ, дар муқоиса ба соли 1992 истеҳсоли ғалладона-6, сабзавот-4,5, теъдоди оилаҳои занбӯри асал-9,8, саршумори чорвои калон-2, моли майда 2,2 маротиба афзоиш ёфтааст. Масоҳати майдони боғ ба 600 гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1992 -юм 305 гектар зиёд аст.

Соли равон кишоварзони ноҳия бо мақсади бо дастовардҳои чашмгир пешвоз гирифтани ду ҷашнвораи муҳим фидокорона заҳмат кашиданд. Мутобиқ ба маълумоти оморӣ дар майдони 2184 гектар зироати ғалладонагӣ кишт шудааст, ки нисбат ба соли 2015 се гектар зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рушди картошкакорӣ дар ноҳия 958 гектар картошка шинонда шудааст.

Имсол дар майдони 21 гектар боғи нав бун­ёд ёфт, ки иҷрои накшаро таъмин менамояд. Масоҳати умумии боғҳо 446 гектарро ташкил медиҳанд, ки 35 гектарашро тутзор ва 411 гектарашро боғҳои мевадиҳанда ташкил медиҳанд. Дар ноҳия бунёди боғҳои интенсивӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Айни ҳол 3 гектар чунин боғ бунёд гардидааст ва давоми панҷ соли оянда масоҳати он ба 15 гектар расонда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳҳоро пайвандгари қалбҳову марзҳо ва оину фарҳангҳо номидааст. Дар ин давра шоҳроҳи Душанбе-сарҳади Қирғизистон, ки аз ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, ба истифода дода шуд. Ин орзуи чандинсолаи мардуми ноҳияи мо буд. Кушодашавии шоҳроҳ барои мардуми ноҳия, аз ҷумла соҳибкорон шароит фароҳам овард, ки бе ҳеҷ мушкилӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва кишвари ҳамсоя равуо намоянд.

Дар давоми 25 сол соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳияи Тоҷикобод низ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Шумораи аҳолии ноҳия аз 25200 нафари соли 1991 то 1 январи соли 2016 беш аз 69 фоиз афзоиш ёфта, ба 42 ҳазору 800 нафар расид.

Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар 20 соли охир аз 13 миллиону 600 ҳазор то ба 108,9 миллион сомонӣ дар соли 2015 афзоиш ёфт.

Ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии ноҳияи Тоҷикобод нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз 10 феврали соли 2015, № 39 таҳия ва тасдиқ гардид, ки тибқи он дар солҳои 2015-2016 дар ноҳия аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта, ба истифода супоридани 38 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2015-ум 26 иншоот ва нимсолаи аввали соли равон 8 иншоот ба истифода супорида шуд. Дар 4 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд ва то ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Соли хониши 2014-2015 дар 43 муассисаи таълимӣ 8864 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия айни ҳол 555 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия ҷалб шудаанд, ки 67 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ҳол он ки соли 1992 дар ноҳия 24 муассисаи таълимӣ фаъолият дошту теъдоди хонандагон 5949 нафарро ташкил мекард.

Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ низ фаъолтар гардид. Дар даври минтақавии олимпиада дар ноҳияи Рашт 40 нафар хонандагони синфҳои 9, 10 иштирок намуда, 12 медал ба даст оварданд.

11 нафар ғолибони синфи 11 бошад, дар даври минтақавии олимпиада дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд, ки ду нафари онҳо аз фанҳои биология ва математика соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардиданд.

Ҷудо намудани Квотаи президентӣ ва ҷалби довталабон аз деҳаҳои дурдаст барои ноҳияҳои кӯҳистон тадбири хуби андешидаи Сарвари давлат аст. Айни ҳол дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ 89 нафар ба тариқи Квотаи президентӣ таҳсилро идома дода истодаанд. Маҷмӯан, дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 680 нафар дастпарвари муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил карда истодаанд.

Дар ноҳия 83 муассисаи соҳаи тандурустӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба соли 1992 -юм 21 адад зиёд аст. Агар соли 1992 дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия шумораи духтурон бо маълумоти олии тиббӣ 13 нафарро ташкил дода бошад, ин нишондод ҳоло 4 баробар зиёд шуда, ба 52 нафар расидааст.

Соҳаи фарҳанг ҳам дар ин давра рушду нумӯ ёфт. Тоҷикобод аз қадим соҳиби мактаби санъат буд. Аз ин диёр дар давраҳои гуногун овозхону хунёгарони номӣ ба камол расидаанд. Шодравон Иброҳим Кобулӣ, Зулфиқаҳҳор Исмоил, Сунатулло Раҳматулло, Давлат Исмоил, Муқим Мақсудов давомдиҳандагони санъаткорони пешин буданд. Имрӯз ҳам шогирдону пайравони ин мардони ҳунар дар хизмати халқанд ва барои рушди соҳа заҳмат мекашанд.

Бахши фарҳанги ноҳия дар минтақа яке аз аввалинҳо шуда, ансамбли рақсу таронаро бо номи «Баёзи кӯҳистон» ташкил кард. Ин дастаи ҳунарӣ дар чандин озмуни ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар ширкат варзида, ғолиб омадааст. Соли 2014 дар озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2014» ҷойи дуюмро ишғол кард.

Боиси ифтихор аст, ки ҳунармандони ноҳия дар даври аввали фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» байни навоҳии минтақаи Рашт фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд ва ба даври ниҳоии он, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016, №АП – 681 бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамоатҳои деҳоти беҳтарин, деҳаи беҳтарин, маҳаллаи беҳтарин, хонаи беҳтарин ва оилаи намунавӣ озмун эълон гардида буд, ки дар ин робита чораҳои амалӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, бо қарори раиси ноҳия аз 17 марти соли 2016, №92 нақшаи чорабиниҳо, комиссияи масъул таъсис дода шуд.

Дар ин озмун 43 деҳа, 258 маҳалла ва зиёда аз 100 хона ва оила иштирок намуд. 5 деҳа, 5 маҳалла, 9 хона ва 8 оилаи беҳтарин ба даври ноҳиявӣ пешниҳод гардиданд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Сипас, бо қарори комиссияи ноҳиявӣ даври якуми озмун аз 24-уми майи соли 2016 ҷамъбаст, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян карда шуданд. Ғолибон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо туҳфаҳои хотиравӣ ва диплом қадрдонӣ гардонида шуда, ба даври минтақавӣ пешниҳод гардиданд.

- Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар оянда ноҳияи Тоҷикобод бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз зеботару ободтар мегардад. Хоса маркази ноҳия, ки масоҳаташ хеле васеъ аст, ба як шаҳраки зебо табдил хоҳад ёфт. Мардуми ноҳияи Тоҷикобод сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҳамеша ҷонибдорӣ мекунанд ва барои амалӣ гардидани барномаҳои аз ҷониби Ҳукумат пешниҳодгардида софдилона заҳмат мекашанд, — иброз дошт дар фарҷоми суҳбат раиси ноҳия Ализода Ҳусейн Хоҷамир.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»