Ободӣ хуб аст, вале…

№112 (4062) 19.09.2019

1Чанд моҳ боз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва соҳибкорони маҳаллӣ даромадгоҳи самти шарқии шаҳр сангфарш, тахту ҳамвор, васеъ ва чароғон гардидааст. Аз 13 сентябри соли равон роҳсозон тақрибан 500 метр роҳро банд карда, барои  мумфарш намудан омодагӣ дида истодаанд. Ронандагону мусофирон хурсанд шуданд, ки ниҳоят баъди «чангхӯрӣ»- и чандмоҳа дидани роҳи мумфарш насибашон мегардад. Аммо роҳбарияти шаҳр ба инобат нагирифтанд, ки тайи чанд рӯзи омодагӣ ба мумфаршкунӣ ҳазорон мошини сабукраву боркаш бо кадом роҳ ба шаҳр ворид мешаванд. Шояд беҳтар буд, ки нисфи ин роҳи паҳновари қариб 24 — метраро барои ҳаракати нақлиёт мегузоштанду нисфи дигарашро  мумфарш мекарданд, зеро ду сол пеш роҳсозони ҳиндустонӣ роҳи Душанбе – шаҳраки Айниро, ки бараш камтар буд, бо ҳамин усул мумфарш карданд. Роҳсозони чиноӣ низ роҳи Душанбе – Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистонро ҳамин гуна мумфарш намуда буданд.

4Ҳоло чанд  рӯз боз ронандагон аз поёни маҳаллаи 8- уми шаҳр, ки сангфаршу танг ва пур аз чуқурист, гузар мекунанд. Гузаштан аз роҳи нообод хароҷоти нақлиётро бештар мекунад.

Масалан, таксиҳои самти Ҳисор – Коллеҷи тиббӣ ба ҷойи 2 сомонии пештара 3 сомонӣ мегиранд. Яъне, бандшавии 500 метр роҳ ҳаҷми роҳкироро ба таври сунъӣ 1 сомонӣ зиёд кард. Акнун ҳар як  мусофир ҳангоми рафтуомад 2 сомонӣ зиёдтар сарф мекунад. Барои донишҷӯён дар 5 рӯз ин рақам 10 сомониро ташкил медиҳад. Роҳи вайрон ва чуқуриҳои сершумор боиси зуд фарсудашавии  мошинҳо мегардад.

Хуб мешуд, ки роҳбарияти шаҳр ва муассисаи роҳсозӣ пеш аз  бастани роҳ аввал бо ду- се мошин қум  чуқуриҳои роҳи эҳтиётиро ҳамвор  ва сипас ба  мумфарш кардан оғоз мекарданд. Он гоҳ барои ронандагону мусофирон сарсонӣ пеш намеомад.

С. АМИНИЁН