Ободкорӣ дар Роғун идома дорад

№55 - 56 (4161 - 4162) 05.05.2020

Дар шаҳри Роғун ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободкорӣ вусъати тоза мегиранд. Рӯзҳои мусоиди фасли баҳор дар шаҳр 10 316 бех ниҳол шинонданд, ки аз он 92 бех ниҳолҳои мевадиҳанда мебошад. Дар майдони 5 гектар боғи нав бунёд карда шуд.

Тибқи нақшаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист, дар маркази шаҳр ва шаҳраку деҳот боз 1300 бех арчаи ороишӣ ва зиёда аз 80 ҳазор ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинонданианд. Дар шоҳроҳи Рашт — Душанбе бошад, 2 300 бех арчаи ороишӣ шинонида, ба масофаи се километр каналу ҷӯйборҳоро тоза мекунанд.

Ҳокими САФАР, шаҳри Роғун