«Офтобро бо доман пӯшида намешавад…»

№4 - 5 (3798 - 3799) 09.01.2018

Мақолаи «Оё изофанависӣ корҷӯёнро соҳиби кор мекунад?» («Садои мардум», 7 декабри соли 2017, № 145) сару садои зиёдро ба бор овард. Мута­ассифона, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб Сайдаҳмад Пириев ба ҷойи нуқтагузорӣ ба изофанависию «сиёҳкорӣ»-ҳои роҳбарони шуъбаҳои агентии таҳти назораташ қарордош­та, пайи худсафедкунӣ шуда, дар ҷавоби ба идораи рӯзнома фиристода қисми зиёди далелҳои овардаи муаллифро ботил ҳукм кардааст. Вале, «Офтоб­ро бо доман пӯшида намешавад» — у бемасъулиятиро бо дурӯғ.

Чунонки Пириев нигоштааст, гӯё муаллиф номи 11 нафарро дар матлаб оварда бошад, ки онҳо на соли 2017, балки солҳои 2014 — 2015 дар ташкилоту идораҳои давлатии шаҳри Кӯлоб ба кор қабул шудаанд. Аз ин возеҳ мегардад, ки ҷаноб зимни мутолиа ба далелҳо амиқан таваҷҷуҳ накардааст, зеро дар он ҷо номи чор нафар бо иллати ба ҳисоботи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғлии аҳолии шаҳри Кӯлоб мувофиқат накардани санаи бакорқабулшавӣ дарҷ шудаас­ту халос (муфассал дар матлаби қаблӣ). Боқӣ нафароне мебошанд, ки ному насабашонро бо мақсади зиёд нишон додани омор танҳо дар «маълумотнома» бо «кор» таъмин намудаанд. Дарвоқеъ, ягон нафари онҳо дар идораву ташкилоти дар маълумотнома ишорашуда ба кор қабул нашудаанду фаъолият намекунанд.

Нуқтаи дигаре, ки боиси нигаронии С. Пириев гаштааст, ин 112 нафар мутахассиси ҷавони дар муассисаҳои таълимии Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб ба кор таъминшуда мебошад. Гӯё бо ташаббуси раёсат ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр ин нафарон соҳиби ҷойи кор гаштаанд ва муаллифи мақола моҳияти корро дарк накарда, хулоса баровардааст. Барои тасдиқи гуфтаҳояш аз номи сардори Раёсати маориф А. Раҳмонов як номаи бемуҳрро (11-уми декабри соли 2017, №1/447) «далел» овардааст. Ба таваҷҷуҳи хонанда мерасонам, ки 27-уми ноябри соли 2017, расо 40 дақиқаю 41 сония бо Сайдаҳмад Пириев мусоҳиба намудам (далел: сабти садо). Диққат кунед, ба суханони ҷаноби Пириев вобаста ба ҳамкорияш бо Раёсати маориф:

«…Бисёри ташкилоту муассисаҳо воҳидҳои кории холиашонро ба мо (шуъбаҳои Агентии меҳнат) пешниҳод намекунанд. Ҳамон воҳидҳоеро медиҳанд, ки даркор нес­танд. Дар дилхоҳ ташкилот вакансия ҳаст, аммо меравем намедиҳанд… Дар як шаҳри Кӯлоб, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 77 ҷойи кори холӣ (вакансия) мавҷуд аст. Як мард, ки соҳиби ду фарзанд асту ҷойи кор надорад, даҳ бор мешавад, назди ман барои кор муроҷиат мекунад, аммо барояш кор пайдо карда наметавонем. Чанд рӯз пеш назди мудири маориф рафта, гуфтам, ки ҳамин нафарро дар ягон муассиса кор бидеҳ. Аммо гуфт, ки надорам (ҷойи кори озод). Ҳозир дар ҳамаи мактабҳо вакансия ҳаст. Маориф миллион – миллион ҷойи кори холӣ дорад, вале пинҳон намуда, моро намегӯяд…».

Дирӯз гила, имрӯз таърифу тавсиф, ба кадом сухани Пириев бовар кунем? Ин мактуби бе муҳр аз номи сардори Раёсати маорифи шаҳр аз куҷо омад? Пурсуҷӯ муайян кард, ки сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Абдулманон Раҳмонов 21-уми ноябри соли ҷорӣ ҷарроҳӣ шудааст ва то он рӯз ба кор набаромадааст. Мактуби №1/447-ро аз номи ӯ мутахассиси пешбари раёсат Алишер Мӯъминов имзо гузоштааст.

- Мактуби мазкурро мушовир оид ба кадрҳои Раёсат Мирзохон Бобоев тартиб дода, ба наздам овард. Ростӣ, намедонистам, ки чӣ гапу чӣ кор аст. Онро пешниҳод карда гуфт, ки бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҳамкорӣ дорем, мактуб барои онҳост. Кормандони шуъбаи Агентӣ тавсияномаҳоро оварда, дар дасташ доданд. Ман ҳам нофаҳмида имзо кардам. Чун аз воқеият огоҳ шудам, ӯро даъват ва маломат намудам, ки 261 нафар мутахассиси ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба Раёсат омада, 112 нафараш ба кор таъмин шудаанд, ҳисобот дуруст рафта истода буд, чӣ шуд, ки якбора имрӯз бо шуъбаи Агентӣ ҳамкорӣ пайдо кардӣ, ин гапу тавсиянома аз куҷо баромад? Бобоев мактубро аз рӯи нофаҳмӣ кардааст. Худаш ҳам қоил шуд, ки ду рӯз қабл кормандони шуъбаи Агентӣ тавсияномаҳоро оварда, ба ӯ додаанд. Далели 112 нафари бо роҳхати вазорат ба ҷойи кор таъминшуда раднашаванда буда, то раёсату вазорат ҳисобот рафтааст. Хулоса, ягон нафари онҳоро шуъбаи Агентии меҳнат равон накардааст. Бобоев моли вазоратро гирифта, ба шуъбаи Агентӣ додааст, — мегӯяд А. Мӯъминов.

Барои аниқтару қавитар намудани далелҳо Мӯъминов бо Мирзохон Бобоев тамоси телефонӣ гирифта, ҳолати корро бори дигар дар ҳузури мо аз ӯ пурсон гардид. М. Бобоев дар суҳбат бо ҳамкораш гуфт, ки «Ягон нафарро бо тавсияномаи шуъбаи Агентӣ ба кор қабул накардаем. Нав тавсиянома навиштем, камтари дигараш мондааст». Ин дар ҳолест, ки намунаи тавсияномаи шуъбаи Агентиро ба ҷаноби мушовир – Бобоев нишон дода будам. Дар ҷавоб гуфта буд, ки чунин тавсияномаро то имрӯз (1-уми декабри соли 2017, соати 11:23) надидаасту дар дохили ягон парвандаи шахсии ба кор қабулшудагон чунин ҳуҷҷат вуҷуд надорад. Акнун ӯро чӣ водор кард, ки аз фикру зикраш пас гаштаю заҳмати Вазорати маориф ва илмро ба шуъбаи Агентии меҳнат мутааллиқ бидонад?

Пириев гила кардааст, ки номи Замираи Ғайратшоҳ, Абдулмаҷид Салимов ва Дилшодҷони Аваз ва дигаронро, ки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Маркази ҳимоя аз бемориҳои сили ноҳияи Восеъ ба кор таъмин кардааст, гӯё муаллифи матлаб нодуруст навиштааст. Аввал ин ки ҷаноби Пириев, саҳлангорона ба матлаб таваҷҷуҳ карда, ҳатто номҳои овардашударо сарфаҳм нарафтааст. Тибқи маълумоти додаи нозири шуъбаи кадрҳои марказ Асулбӣ Розиқова, Замираи Ғайратшоҳ соли 2015 дар марказ ба кор қабул шудааст. Аммо сардори шуъбаи Агентии ноҳия ӯро дар соли 2017 ҳамчун «кортаъминшуда» ҳисобот додааст. Ному насаби Алабердӣ Салимов ва Дилшодҷони Аваз дар рӯйхати ба кортаъминшудагони шуъбаи Агентӣ навишта шудаанд, ки бо чунин ному насаб ҳақиқатан ягон нафар дар МҲАБ кор намекунад. Пириев ду фармонро дар ҷавобаш замима намудааст, ки онҳо ба Абдулмаҷид Салимов ва Дилшодҷони Абдулмаҷид тааллуқ дошта, ҳар ду корманди ин марказанд. Агар дар навишти номҳо хато рафта бошад, пас иштибоҳ аз зердастони Пириев сар задааст, на аз муаллиф.

Нуктаи дигари баҳс дар ҳисоботи бакортаъминшудагон ворид намудани мутахассисони ҷавони бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ сафарбаргардида мебошад. Бо нозири кадрҳои шуъбаи маориф Бобохон Лақаев 27 — уми ноябри соли ҷорӣ 10 дақиқаю 56 сония суҳбат намудам, ки сабти гуфтугӯро дар даст дорам. Лақаев гуфт, ки «Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 156 нафар аз хатмкардагони донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат­ро бо роҳхат ба шуъбаи маорифи ноҳия фиристод. Онҳоро бо ҷойи кор таъмин кардем». Маълумотномаи онҳоро имзо гузошту пешниҳод намуд. Дар қисми болоии феҳрист навишта шудааст: «Мутахассисони ҷавони таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ барои кор фиристода шудаанд (дар соли 2017)». Айнан ҳамин феҳрист дар маълумотномаи моҳи августии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дарҷ гардидааст. Ҳар нафари бошуур метавонад, «мӯй»-ро аз «хамир» ҷудо кунаду хулоса барорад.

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Восеъ 17 — уми августи соли ҷорӣ таҳти №1-128 ба унвони сардори Раёсати Агентии меҳнати минтақа С. Пириев гузориш додааст, ки 15-уми августи соли 2017 бо шуъбаи маорифи ноҳия дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор намуданд. Дар он 15 нафар соҳиби кор шуданд, ки рӯйхати онҳо замима гардидааст. Ҳангоми таҳлили маълумотномаи ярмаркаи гузарондашуда возеҳ гардид, ки иддае аз онҳоро шуъбаи маориф ҳанӯз чанд рӯз қабл аз ташкилшавии ярмарка соҳиби ҷойи кор намудааст. Масалан, Анвари Сайобид дар рӯйхати шуъбаи маориф 7- уми август таҳти фармоиши №26 ба кор таъин шудааст, аммо шуъбаи Агентӣ номи ӯро дар 15 — уми август бо роҳхат ба кор таъминшуда тавассути ярмарка ҳисобот додааст. Сомонҷони Назрулло, ки бо роҳхати Вазорати маориф ва илм омадааст, аз ҷониби шуъбаи маориф 4-уми август таҳти фармони № 25/1 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ба кор қабул шудааст. Шуъбаи Агентии меҳнат бошад, ӯро дар маълумотномааш 15-уми август соҳиби ҷойи «кори доимӣ» намудааст. Хулоса, номи 11 нафар омӯзгоре, ки дар маълумотномаи ярмаркаи 15-уми августи шуъбаи Агентӣ ҷой шудаанд, дар рӯйхати бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ба кор таъиншудагон низ ҳаст. Фарқ байни рӯйхати мураттабнамудаи ду ниҳод дар санаҳою рақамҳои фармонашон мебошад. Саволе ба миён меояд: модом ки ин нафарон бо роҳхати Вазорати маориф ва илм омадаю аллакай ба кор таъмин шудаанд, пас чӣ зарурат будааст, ки ба шаҳри Кӯлоб омада, дар ярмарка иштирок намоянду боз роҳхати шуъбаи Агентии меҳнатро соҳиб шаванд?

Пайгирии мавзӯъ дар самти бакортаъминкунии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Муъминобод боз чанд ҳолати изофанависию сохтакориро ошкор намуд. Сардори шуъбаи Агентӣ Раҳмон Икромов аз натиҷаи ярмаркаи 15-уми августи соли равон дар Боғи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ташкилнамуда 22 — юми ҳамон моҳ ба сардори раёсати Агентӣ дар минтақа гузориш додааст. Мувофиқи гузориш 11 нафарро ба кор таъмин карда будааст. Вақти санҷиш ошкор шуд, ки 9 нафари онҳо на дар моҳи август, балки чанд моҳ қабл дар муассисаҳои шуъбаи маорифи ноҳия ба кор таъмин шудаанд. Санаи ба кор қабулшавии воқеии он нафаронро аз рӯи китоби фармоишоти шуъбаи кадрҳои маориф пешниҳод менамоем:

Хаймурод Шарифов 15-уми феврали соли 2017;

Муслимҷони Саймурод 15-уми феврали соли 2017;

Ҳукмиддин Муҳиддинов 12-уми майи соли 2017;

Давлаталӣ Азизов 27-уми апрели 2017;

Фазлиддин Миров 24-уми апрели соли 2017;

Шодӣ Амиршоев 6-уми марти соли 2017;

Меҳроҷи Абдулмаҷид 6-уми марти соли 2017;

Фазлиддин Фозилов 1-уми марти соли 2017;

С. Шарифов 2-юми марти соли 2017.

Аз ин бармеояд, ки шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ярмаркаи 15-уми август ду нафарро (онҳо ҳам дар гумонанд) барои кор роҳхат додааст, вале дар гузориши ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии минтақа ирсолнамуда сохтакорӣ ва исми нафарони зикршударо изофа кардааст.

Як ҳолати дигари «дурӯғ» — нависии масъулони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи мазкурро худи сардори минтақавии Агентӣ С. Пириев ошкор намуд. Ӯ дар вокуниш ба мақола навиштааст, ки Одил Табаров бо тавсияномаи шуъбаи Агентии ноҳиявӣ 17-уми феврали соли ҷорӣ дар шуъбаи маориф ба ҳайси ронанда ба кор қабул шудааст. Аз фармони О. Табаров маълум гардид, ки ӯро 31 — уми январ шуъбаи маориф ба кор қабул кардааст, на 17- уми феврал. Мутасаддиёни шуъбаи Агентӣ номи ӯро дар рӯйхати бакортаъминшудагон бо роҳи ярмаркаи ҷойҳои кори холии 17- уми феврал навиштаанд.

Дар ҳисоботи моҳи июл ашхоси аз тарафи шуъбаи Агентӣ соҳиби ҷойикоргардида 15 нафар нишон дода шудааст. Гӯё онҳоро ҳамчун «заргар» дар бозори марказии ноҳия ба кор таъмин карда бошанд. Назар ба қавли Бахтиёр Тошпӯлодов, ки дар бозор ба фаъолияти заргарӣ машғул аст, «Дар ҳудуди бозор се нуқтаи заргарӣ амал мекунад. Нафарони дар рӯйхати шуъбаи Агентӣ омада, хатм­кардагони курси кӯтоҳмуддати заргарии Муассисаи давлатии Маркази таълимии касбомӯзии ноҳия мебошанд. Алҳол ягон нафари онҳо дар бозор аз рӯи касби омӯхта кор намекунанд».

Рӯйхати 303 — нафараи аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Муъминобод «бакортаъминшудагон» хонандаро ба ҳайрат меорад. Дар қисмати болои он чунин навишта шудааст: «Рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба кор таъмин шудаанд, дар семоҳаи дуюми соли 2017». Тасаввур кунед, исми 90 нафар беихтисосро дар ин рӯйхат нигоштаанду ҷойи корашонро деҳоти мухталифи ноҳия нишон додаанд. Ба чӣ кор таъмин шудаанд, ба ҳайси кӣ, дарҷ нашудааст. Ба замми ин, 99 нафари дигарро гӯё дар саҳро «кор» додаанд. Магар метавон ин омори подарҳаворо бовар кард?

Бо мақсади муайян кардан аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Темурмалик то чӣ ҳад саҳеҳ иҷро шудани нақшаи бакортаъминкунии шаҳрвандон, ба ин ноҳия низ сафари хизматӣ доштем. Ба иттилои сардори шуъбаи Агентии ноҳия Музаффар Мирзоев, 712 нафар соли 2017 бо ҷойи кор таъмин ва нақша пурра «иҷро» шудааст. Боиси таассуф аст, ки мутасаддиёни ин ниҳод назири дигар ҳампешаҳо ба вазорату идораҳои болоӣ ҳисоботи дурӯғ додаанд. Ному насаби шахсони як сол боз дар идораву муассисаҳо фаъолиятдоштаро сардори шуъбаи Агентӣ дар нақшаи бакортаъминкунӣ дарҷ кардааст. Мушовир оид ба кадрҳои шуъбаи маорифи ноҳия Исфандиёр Розиқов баробари дидани рӯйхат 31 нафари онро ишора карда, гуфт, ки «Соли 2016 дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба кор қабул шудаанд, соли 2017 не».

Дар соҳаи тандурустӣ низ чунин ҳолат ошкор шуд. Тибқи маълумотномаи соли 2017 — и шуъбаи Агентӣ Иззатулло Бобоназаров, Абдуҷалил Ҷабборов, Ҳабиба Ятимова, Сиёвуши Амирхон, Моҳшариф Забирова, Гулнисо Раҳматова бо «тавсиянома» дар Маркази саломатии ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд. Аммо Шоира Давронова, нозири шуъбаи кадрҳои марказ, изҳор дошт, ки: «Ашхоси мазкур соли 2016 бо хоҳиши худашон аз кор рафтаанд ва ягон нафари онҳо дубора ба кор барнагаштаанд». Ба ҳамин монанд, Саломат Холбобоева, Марҷона Пиракова, Ҷӯра Элмирзоев, Гадобегим Ҳотамова, Маҳмадалӣ Саидовро гӯё соли 2017 маҳз бо тавсияномаи шуъбаи Агентӣ ба кор гирифта бошанд. Вале масъули кадрҳои маркази саломатӣ санаи ба кор гузаштани ин нафаронро низ соли 2016 арзёбӣ кард. Албатта, нозири кадрҳо ному насаб, санаи ба кор қабул шудан, рақами фармон ва вазифаҳои зикршудагонро аз рӯи китоби фармонҳо аниқу дақиқ пешниҳод намуд.

Шуъбаи Агентӣ, инчунин ба Нуралӣ Табаров, Зумратбӣ Иззатова, Гулнора Абдуалимова, Мадина Ятимова, Давлатшо Алматова, Ҳангома Тиллоева, Алишер Алиев, Майсарамои Аламурод, Фотима Обудинова, Мадина Рустамова ва Шаҳноза Тешаева гӯё соли 2017 барои кор дар Беморхонаи марказии ноҳия тавсиянома дода бошад. Бино ба иттилои нозири кадрҳои беморхона Тошпӯлод Алаёров, номбурдагон низ соли 2016 ба кор қабул шудаанд. Мадина Ятимова, Майсарамои Аламурод, Мадина Рустамова ва Шаҳноза Тешаева бо сабаби шавҳар кардану ба кори дигар гузаштан, ҳамон сол аз кор рафтаанд.

Дастандаркорони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия бо ин ҳама «изофанависӣ» қаноат накарда, аз 11 нафари 11-уми январи соли равон тавассути ярмарка роҳхатгирифтаю соҳиби коргардида, 10 нафарашро дар ҳисоботи ярмаркавии моҳи июн ҷой намуда, ба раёсатҳои Агентии болоӣ гузориш додааст, ки зимни баргузории ярмарка (14-уми июни соли 2017) 10 нафар барои ишғоли ҷойҳои кори холӣ роҳхат гирифтанд. Сардори шуъба Музаффар Мирзоев бошад, изҳори бехабарӣ кард.

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Асалбӣ Нав­рӯззода 8-уми декабр зимни суҳбати телефонӣ гуфт:

« … Дар куҷое кор ҳаст, норасоӣ низ дида мешавад. Барои чӣ шумо нанавиштед, ки ташкилоту муассисаҳо қабл аз ба кор қабулкунӣ бо шуъбаҳои Агентии меҳнат мувофиқа намекунанд? Бояд менавиштед, ки идораҳо ҷойҳои кории холиро тавассути шуъбаҳои Агентӣ бо кадр таъмин кунанд. Гапҳои мақолаи шумо дар сари ман зад, дашному ҳақоратро ман шунавидам. Вазорат муовини Агентиро супориш додааст, ки ба мақола ҷавоб гардонад. Нисбат ба Пириеву дигар сардорони шуъбаҳои Агентӣ ягон чора дида намешавад, танбеҳ танҳо ба ман дода мешавад… Ҳамин худат бигӯ, ки дар куҷо ҳақ (ҳақиқат) ҳаст?» (сабти гуфтугӯ 19 дақиқаю 22 сония).

Ҳадаф аз таҳқиқ, таҳлил, ошкор кардан ва рӯи чоп овардани далелу арқоми болоӣ паст задани обрӯи касе нест, балки масъулони вазорату раёсатҳои марбутаро бедор кардан аст, то огоҳ бошанд, ки иҷрогарони нақшаи кортаъминкунӣ бо кадом роҳу васила онро амалӣ мекунанд. Изофанависӣ, сиёҳ кардани коғаз сатҳи бекориро зиёд мекунад, на кам. Зери шиори «дар куҷо ҳақ ҳаст?» (иқтибос аз гуфтаҳои Наврӯззода А.) фаъолият кардану Давлату Ҳукуматро фиреб додан то кай идома меёбад?

Ёқуби СОДИҚ,

«Садои мардум»