Писархонди Боқӣ Раҳимзода

№31 - 32 (3825 - 3826) 10.03.2018

3Соли 1964 буд. Нав ба остонаи мактаби деҳа қадам гузош­тем. Ӯро намешинохтем. Хеле баъд фаҳмидем, ки акаи Мирзосафар ҳамдеҳаи мост.

- Мирзосафари мо, — бо алам мегуфт амаки Ризвоншо, — хеле барвақт аз навозиши модар маҳрум шуд.

Соле, ки Мирзосафар ба мактаб-интернат рафт, огоҳӣ надошт, ки дар дунё асбоби аҷиб вуҷуд дорад. Асбобе, ки метавонад сурати инсонро аккосӣ кунад.

Ва рӯзе бахт ба рӯяш хандид. Бори нахуст дар мактаб-интернат маҳфили  «суратгирони ҷавон» таъсис ёфт. Муаллим Ҷумъа Юсуф мехост ба шогирдон ҳунари суратгириро биомӯзад. Назди муаллим рафту ба маҳфил номнавис шуд. Ҳамин тавр, бахт ба рӯяш даричаи наве боз кард. Чанд  рӯз пас бо асбобу ускунаи суратгир ошно шуданд. Муаллим марди наҷиб буд. Онҳо низ ӯро дӯст медоштанд.

Мирзосафар бо истеъдодаш фарқ дошт ва муаллим вақти зиёдашро бо вай мегузаронд.

Боре муаллим супориш дод, ки ҳар кадоме як сурат мувофиқи интихоби худ гираду барои озмуни мактаб пешниҳод намояд. Вай ба Техникуми зоотехникӣ раҳсипор гардид. Мехост аз ҳаёти донишҷӯён сурат гирад. Кораш омад кард.

- Чашм нарасад, усто шудӣ, — бачам, — хурсанд шуд муаллим. — Инро ба рӯзномаи ноҳиявӣ мефиристам. Сурат, ки дар саҳифаи рӯзнома чоп шуд, фотеҳаи устодро мегирӣ. Ҳамин касб соҳиби нону номат мекунад, бачам.

Сурат дар рӯзнома чоп шуд. Ҳамон сол ӯ мактаб — интернати шаҳраки Навободро хатм кард…

Боре акаи Мирзосафар ба ман як сурат дод. Расми худам ва ҷӯраҳоямро дидаму аз шодӣ ҷои нишаст наёфтам. Ин ҳамон расме буд, ки дар саҳифаи рӯзномаи ноҳия чоп шуд ва зераш навишта буданд: «Бачаҳои хушбахт». Ба ҳар кас расмро нишон медодаму бо ифтихор мегуфтам, ки акаи Мирзосафар моро расм гирифт. Бисёр мехостам падарам расмро бинад, лекин аз вай дарак набуд. Давраи ғундоштани ҳосил буд. Онҳо вақти сархорӣ надоштанд. Як саҳарӣ аз хоб хеста, пиёлаи чоямро нӯшидаму роҳи ағбаи Турпиро пеш гирифтам. Аз шодӣ ва шавқи ба падарам нишон додани расм душвории роҳ ва тарсу ҳаросро фаромӯш кардам. Пешопеши ман ду-се марди калонсол мерафтанд. Маълум буд, ки онҳо кишоварзанд. Гашти рӯз ба қароргоҳи кишоварзон расидем. Падарам бригадири онҳо буд. Маро диду ба тааҷҷуб ба оғӯш гирифт. Ман чизе нагуфта, суратро ба ӯ нишон додам. Ба сурат нигаристу хандид.

-Бачат ҳафта шуд, Мирзосафар, — бо ханда тарафи ҳамкорон рӯй оварда гуфт падарам. — Бо суратгириаш бачаи бечораро дар ин роҳи дароз саргардон кард. Кори хубе кардааст, бо ин баҳона фарзанди мо роҳи хокдони гузаштагони хешро пайдо кард….

Акаи Мирзосафар мехост сурати модарашро пайдо ва чанд нусхаи хурду калон чоп кунад. Мехост акси модар ҳамеша ҷайби сари дилашро пур карда истад. Ҳамдаму ҳамрозаш бошад. Бо ин мақсад дар хонаи хола меҳмон шуд. Аз ӯ сурати модарашро пурсид. Хола як лаҳза болои сари ӯ истоду баъд бачаи хоҳарашро танг ба оғӯш кашид. Он рӯз аз нав фиғони пуршӯр фазои ҳавлии холаашро пур кард. Захми ҳанӯз шифо наёфта, аз дигар во шуд…Соле, ки модараш фавтид, ҳамагӣ шаш моҳ дошт. Ёд надорад чеҳраи модарро, навозишҳои ӯро. Модари ӯ, ба қавли кампири Ситора, «сиёҳпичамарг шуд». Ду фарзандаш яке дусолаву дигар шашмоҳа ятим монданд. Он рӯз алами холаашро тоза кард, вале сурати модар пайдо нашуд. Баъд акси кампиракҳоро зиёд мегирифт. Расм мегирифту дар девори утоқи корӣ овезон мекард. Девори ҳуҷра пур аз расми кампирҳо буд. Онҳоро ҳамранги модари худ дӯст медошт. Дар танҳоӣ дарди худро ба онҳо арз мекард, маслиҳат мепурсид. Аз сукути онҳо маънӣ мебардошт. Аз дуои онҳо кораш барор мегирифт.

Соле, ки мактаб-интернатро хатм кард, барои рафтан ба хизмати Ватан ариза навишт.

- Бачаи дурӯза азоб мекашӣ. – насиҳат мекарданд баъзеҳо. — Хонаи очакалонат нест аскарӣ.

Гӯш надод ба ин қабил гуфтаҳо. Барои видоъ ба хонаи муаллим Ҷумъаи Юсуф рафт. Дуои сафар гирифтан мехост.

- Хуб кардӣ бачам, — матлабашро фаҳмида гуфт муаллим. -Хизмати Ватан қарз аст ба зиммаи ҳар ҷавонмард, аз тарафи дигар як мактаби зиндагист, мактаби ҷавонмардию ибратомӯз. Марде, ки аз ин мактаб таълим мегирад, дар зиндагӣ дигар ба мушкил гирифтор нахоҳад шуд. Мактуб навис. Аз саломатиат маро хабардор карда ист, бачам.

- Албатта, менависам. Ба шумо нанависам, ба кӣ менависам?

- Дар ҳар куҷо бошӣ, аз касби писандидаат даст накаш, бачам. Арвоҳам хафа мешавад. Ояндаи ту ҳамин касбукор аст.

Қисми ҳарбие, ки онҳо хизмат мекарданд, дар канори шаҳри Алмаато ҷой гирифта буд. Баъди ду – се моҳи хизмат ҳамхизматҳо фаҳмиданд, ки ҳунари суратгирӣ дорад. Пул ғундош­та, дастгоҳи суратгирӣ хариданд. Туҳфаи рӯзи мавлудаш буд. Шодиаш ҳадду канор надошт. Бори аввал соҳиби суратгирак шуд. Орзуи деринааш ҷомаи амал пӯшид. Аз ҳаёти ҳамхизматон чанд сурат гирифт,  ба рӯзномаи ҳарбии қисм «На страже Родины»  супурд. Баъди як ҳафта дар саҳифаи рӯзнома ҷой доданд. Муҳаррир ӯро ба кор  гирифт…

Умр дарёвор мегузашт. Баъди се солу шаш моҳ боз ба зодгоҳи бобоӣ баргашт.  Ҳанӯз моҳе аз омаданаш  сипарӣ нагашта, муҳаррири  рӯзномаи ноҳиявӣ шодравон Эмом Муҳиддинов ба дафтари кории  рӯзнома  даъваташ кард.

-Хуб дунёра гаштӣ, додар, баъди пурсупоси анъанавӣ ба мақсад наздик омад муҳаррир. – Дунё дидан аз дунё хӯрдан беҳ аст. Пухта мешавӣ. Бовар дорам, таҷриба андӯхтӣ. Ҳайати эҷодии рӯзнома  қарор дод, ки туро ба ҳайси мухбири суратгир ба кор қабул кунем.

- Раҳмат, — базӯр ҳаяҷони дилашро фурӯ бурда, посух дод ба муҳаррир (Ин орзуи деринаи вай буд). – Ба бовариатон ташаккур. Вале мехостам ба ягон мактаби олӣ дохил шавам.

- Хондан хуб. Камтар кор кун, ёрӣ медиҳем. Ба шуъбаи рӯзноманигорӣ дохил мешавӣ. Донишатро дар ин соҳа мукаммал менамоӣ. Ҳозир рӯзнома ба мухбири суратгир ниёзманд аст.

Рӯзи дигар ба кор шурӯъ кард. Чор сол баъд ӯро барои ҳамкорӣ ба идораи ТоҷикТА даъват карданд. Як муддат аз устодони варзида таҷриба омӯхт. Суратгири хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Л. М. Охуновро ҳамеша бо некӣ ёд мекунад. Г. М. Топор низ ба вай ҳаққи устодӣ дорад. Суратгирони номӣ А. Раҷабов, М. Яҳёев, Н. Мирзоев ва Поздняков нозукиҳои касбро ба вай омӯзониданд. Он солҳо суратҳои офаридааш дар саҳафоти рӯзномаҳои машҳури «Правда», «Известия», «Советский фото», «Крестянка», «Селская жизнь», «Красная звезда», «Тоҷикистони советӣ», «Маориф ва маданият», «Коммунист Таджикистана», «Пионери Тоҷикистон» ва ғайра чоп шуданд.

Боре рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» озмуни беҳтарин суратҳоро эълон кард. Қатори суратгирони номдори ҷумҳурӣ дар озмун ширкат варзид. Мурғи бахт ба рӯяш хандид. Ғолиби  мусобиқа гардид. Он рӯз мехост бол барораду рӯйи ҷаҳон пар занад ва ба гӯши оламиён ин хушхабарро расонад. Мехост дар он рӯзи саид ҳама бо вай бошанд. Баъд дар  озмунҳои рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ»  ва чанд рӯзномаи дигар иштирок дошт. Аммо фараҳе, ки бори аввал чун ғолиби озмун саодатёраш гардонда, то ҳанӯз фаромӯш нашудааст…

Устод  Боқӣ Раҳимзода ба вай муҳаббати хоса дошт. Асарҳои офаридаашро меписандид. Зуд – зуд ба аёдати устод мерафту писархондаш шуд. Соли 2000 дар ноҳия тайёрӣ ба ҷашни 90 – солагии устод идома дошт. Комиссияи тадорукотӣ пайи дарёфти расму асарҳои соҳибҷашн давутоз дошт. Ин мушкили онҳоро шуниду рӯзи дигар як халта сурат дар даст вориди утоқи кории раиси комиссия гардид.

- Туҳфаи ночизи ман ба ҷашни устоди бузургвор, — бо овози паст гуфт  ӯ. Афсӯс бойгониамро хароб карданд, вагарна… Ӯ хомӯш монд, дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.

Ҳама медонист, ки рӯзҳои фоҷиаи миллӣ бойгонии суратгир оташ гирифта буд. Чанд рӯз даври бинои сӯхта танҳову ғамгин чархид.

- Беҳтарин туҳфаро ба ҷашни устод шумо овардед, -тасаллӣ дод раиси комиссия. – Ташаккур ба шумо…

Ба дидорбинии ӯ омадам. Шунидам, ки бо рӯзномаи ноҳиявӣ ҳамкорӣ дорад. Дар дафтари кории муҳаррир нишаста буд. Хеле пир шудааст, вале мисли солҳои пешин табъаш болида аст.

Ба чеҳраи хаставу қомати хамидааш менигарам. Дар дил аз рафтани умри инсон афсӯс мехӯрам.

-Акаи Мирзосафар, расми Ғайрати гиёҳшиносро гирифтан зарур, — мегӯям боэҳтиёт ба ӯ. Метарсам, ки мабодо корамро буд накунад. — Мехоҳам аз рӯзгори вай барои хонандагони рӯзномаи «Садои мардум»  очерке иншо кунам.

- Кори хайр мекунӣ, — аз ҷо бархоста мегӯяд ӯ. — Ҳоло мераваму расмашро гирифта меоям. Маро интизор шав. Ба қадри заҳмати дигарон расидан ҳунари ҳар кас нест.

Аз ҷо баланд мешавад ва ҷониби дар қадам мегузорад. Пойҳои камқувваташ бо азоб ҷисми солдидаашро кашола мекунанд, вале ӯ дар ин лаҳза шикоят намекунад, балки худро хушбахт мешуморад, ки ҳанӯз барои хизмат ба миллат зӯру тавон дорад.

 Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»