Рашт. 120 қарор барои ҷудо намудани замин баҳри бунёди толору майдонҳои варзишӣ

№134 (3928) 08.11.2018

DSC_2209Тоҷикон аз қадимулайём ба намудҳои гуногуни варзиш мароқ доштанд. Агар мо саҳифаҳои  таърихи миллатро дар замони шӯравӣ бозгардон намоем, мебинем, ки дастовардҳои варзишгарони мо дар қиёс бо дигар ҷумҳуриҳо назаррасанд. Аммо даврони соҳибистиқлолӣ имконияту шароити мусоид фароҳам оварда,  Пешвои миллат барои рушди соҳаи варзиш пайваста талош менамояд ва варзишгароне, ки ғолиб мегарданд, қадрдонӣ мешаванд. Бегуфтугӯ, ин муносибати падарона шавқу рағбати ҷавононро ба варзиш зиёдтар менамояд.

Дар ноҳияи Рашт ба рушди варзиш, дастгирии варзишгарон, бунёду азнавсозии майдонҳои варзишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни наврасону ҷавонон    диққати махсус дода мешавад. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия  Қаноатшо Лоиқзода иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади рушди варзиш мунтазам тадбир  меандешад.

- Варзиш рукни муҳими тарзи ҳаёти солим мебошад. Дар баробари ин, варзиш яке аз воситаҳои беҳтарини муаррифӣ намудани давлат ва миллат дар арсаи байналмилалӣ аст. Лаҳзае, ки ба туфайли ғалабаи варзишгаре Парчами Тоҷикис­тон дар мамолики гуногуни олам боло бардошта мешавад, қалби ҳар як сокини кишвар аз фараҳ лабрез мегардад, — гуфт Қаноатшо Лоиқзода.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти дигар соҳаҳо варзиш низ такомул ёфта, барои варзишгарони тоҷик имконият фароҳам омадааст, ки дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Футбол аз маъмултарин ва сермухлис­тарин намудҳои варзиш ба ҳисоб рафта, бо дастгирии Пешвои миллат ин намуди варзиш дар кишвар босуръат рушд ёфта, насли ҷавон ба он ҳавасмандии хоса зоҳир менамояд.

Бамаврид аст аз футболбозони навраси тоҷик ёдовар шавам, ки чанде пеш дар чемпионати ҷаҳон ҷои дувумро соҳиб шуданд. Ин омил моро мутмаин сохт, ки футболбозони мамлакат дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар ояндаи наздик ба дастовардҳои арзанда ноил мегарданд.

Ташкил гардидани федератсияҳои футбол дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ барои рушди ин намуди варзиш заминаи мусоид фароҳам овард. Бо қарори раиси ноҳия «Барномаи  рушди футбол дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2017-2021» таҳия ва тасдиқ гардида, дар давоми як соли амалисозии барнома 28 мусобиқаи байнидеҳавӣ, 14 мусобиқаи ноҳиявӣ ва 3 мусобиқаи минтақавӣ оид ба футбол баргузор гардид.

Чанде пеш барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи минтақавӣ оид ба футбол доир гардид, ки дар он 12 даста аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ширкат варзиданд. Дар ин мусобиқа дастаи футболи ҷавонони ноҳия — «Рашт» ҷойи аввалро гирифт.

Тайи як соли охир 120 қарори раиси ноҳия оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони толору майдончаҳои варзишӣ ба тасвиб расид, 45 майдончаи варзишӣ  мавриди истифода қарор гирифта, бунёд ва азнавсозии 2 толору 75 майдончаи варзишӣ идома дорад.

- Имрӯз дар ноҳияи Рашт сафи гӯштингирони ҷавон низ хеле афзудааст, — мегӯяд раиси ноҳияи Рашт дар идомаи суҳбат. Гӯштингирони номии ноҳия Юсуфпаҳлавон аз Тагоба ва Қандилпаҳлавон аз Ҳоит ҳанӯз пеш аз Инқилоби Октябр дар ҳудуди Аморати Бухоро маъруф будаанду нависандаи маъруфи тоҷик Раҳим Ҷалил дар асари хеш «Маъвои дил» дар бораи паҳлавонии Қандилпаҳлавони ҳоитӣ қисса кардааст.

Дар баробари иқдомоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  ноҳия низ  ба рушди варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Соҳибкорони саховатпеша варзишгарони дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкаткунандаро сарпарастӣ менамоянду дар бунёду азнавсозии майдончаҳои варзишӣ саҳм мегузоранд.

- Бунёди толору майдонҳои варзишӣ, дастгирии варзишгарон аз як тараф, ба оммавишавии варзиш ва ривоҷи тарзи солими ҳаёт мусоидат намояд, аз тарафи дигар, дар тарбия намудани ҷавонони солиму ватандӯст нақши бориз  хоҳад гузошт, — гуфт дар хатми суҳбат Қаноатшо Лоиқзода.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»