Рашт ба дастовардҳои бештар ноил мешавад

№ 13.11.2020

РаисНоҳияи Рашт бо манзараҳои зебо, обҳои зулол ва меваҳои лазиз шуҳратёр аст. Чанде пеш атрофи дастовардҳои сокинони он дар нуҳ моҳи соли равон бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ суҳбат доштем ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

- Инсон танҳо туфайли заҳмати содиқона ва оқилона метавонад зиндагии шоистаро таъмин намуда, байни мардум соҳиби обрӯ ва эътибор гардад. Сокинони Рашт ба ин масъала хуб сарфаҳм мераванд ва дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон софдилона заҳмат мекашанд, — гуфт дар оғоз Раҳимҷон Муқимӣ.

Ин буд, ки дар 9 моҳи соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо дарназардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 50 млн. 955 ҳазору 219 сомонӣ пешбинӣ шуда, 50 млн. 776 ҳазору 592 сомонӣ ё 100 фоиз иҷро гардид. Аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо 103,2 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 16 млн. 223,5 ҳазор сомонӣ, 16 млн. 749,2 ҳазор сомонӣ дохил шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 525,6 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2019 — ум 528 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ бунёди 69 га боғи нав ва барқарорсозии 74 га боғи куҳна ба нақша гирифта шуда, 73 га боғи нав бунёд ва 83 га боғи куҳна барқарор шуданд. Дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар майдони 7452 га кишти зироатҳо гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 174 гектар зиёд мебошад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти картошка дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 3136 га расонида шуд, ки нисбат ба нақша 89 га ва назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1027 га зиёд мебошад, — гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 276 млн. 260,4 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 992,2 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 101,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда кори зиёд ба анҷом расонида шуд. Аз ҷумла, дар мавзеи «Дашти беоб»-и деҳоти «Ҳоит» дар масофаи 2,5 км қубур хобонда шуд, ки маблағи корҳои ба анҷомрасонидашуда 1 млн. 900 ҳазор сомониро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Бо дастгирии обистифодабарандагон дар масофаи 8 км дар канали «Намуна»-и деҳоти «Ҳоит», Қарашаҳр — 1 ва 2, Ҳисорак — 1 ва 2 дар масофаи 33 км дар деҳоти «Ясман», инчунин, Сари Шухони деҳоти «Аскалон» дар масофаи 7 км ба маблағи 52370 сомонӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ ба анҷом расонида шуданд.

Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва аҳолӣ марҳилаи якуми сохтмони канали «Мардумӣ» дар деҳоти «Қалъаи Сурх» идома дошта, бо ба истифода супоридани он зиёда аз 100 га замин обёрӣ карда мешавад. Инчунин, бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд канали Камчароғ дар деҳоти «Қалъаи Сурх», ки солҳои зиёд аз истифода берун монда буд, ба маблағи 228 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд, ки дар натиҷа 150 га замин ба гардиши кишоварзӣ баргардонида мешавад.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатӣ 32 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 719,4 ҳазор сомонӣ ё 2,3 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар солҳои 2018-2021, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва сармояи хориҷӣ бунёди 12 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуд. Аз ҷумла, ташкил ва ба кор оғоз намудани коргоҳи мебелбарорӣ, корхонаҳои истеҳсоли хишти пухта, истеҳсоли хишти сементӣ, масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал), истеҳсоли макарон, хӯроки чорво, корхонаи дӯзандагӣ ва коргоҳҳои коркарди пашм, коркарди мева, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодӣ нақшабандӣ шуда, коргоҳҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодӣ, корхонаи дӯзандагӣ, корхонаи истеҳсоли хишти сементӣ ва корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал) ба фаъолият оғоз намуданд. Корҳои бақайдгирӣ ва барасмиятдарории фаъолият дар корхонаҳои истеҳсоли хишт дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ба роҳ мондани кор дар самти коркарди пашм ва хушк кардани мева таҷҳизоти лозимӣ ворид карда шуданд. Бино барои ташкили фаъолияти корхонаи истеҳсоли макарон омода, таҷҳизоту технологияҳои зарурӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой бо фароҳам омадани имконият ворид карда мешаванд.

Барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар 9 моҳи соли 2020 дар ҳаҷми 604 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, 50 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва 554 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳдории роҳҳо, харидории сӯзишворӣ ва масолеҳу қисмҳои эҳтиётӣ ҷудо гардид. Аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия кашонидан ва пошидани маводи зиддилағжишӣ 752 тонна, тоза кардани ҷӯйборҳои канори роҳ ва қубурҳо 435 метри мукааб, тоза кардани ҷӯйборҳои канори роҳҳо 840 метри тӯлонӣ, тоза кардани 3 қубури обгузар, гузоштани лавҳа ва парчамҳо 15 адад, барқарор кардани садди муҳофизатӣ 1261 метри мукааб ба анҷом расонида шуданд. Инчунин, дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 10 истгоҳи замонавӣ дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Рашт — сарҳади Қирғизистон ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд. Мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва бахши хусусӣ зиёда аз 6,3 км роҳи дорои аҳамияти маҳаллиро таъмиру навсозӣ ва мумфарш намуд.

Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия зиёда аз 2483 нафар шаҳрванд муроҷиат намуданд, ки аз он 744 нафар зан мебошанд, 1323 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 273 нафар, аз ҷумла, 58 нафар духтар ба филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, омӯзиши компютер, устои автомобил, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ фиристода шуданд, 695 нафар (187 нафар зан) дар соҳаҳои гуногун ба кор таъмин гардидаанд.

Аз ҷониби филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт 11 гурӯҳи омӯзишӣ бо фарогирии 273 нафар касбомӯз (146 нафар зан) ва аз тариқи худмаблағгузорӣ 71 нафар (43 нафар зан) ба омӯзиш ҷалб гардиданд. Ба шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ 127 нафар (57 нафар зан) ва аз ҳисоби Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 75 нафар (45 нафар зан) ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 19 маркази саломатии деҳотӣ, 51 хонаи саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият бурда, дар онҳо 139 нафар табиб ва 463 нафар корманди миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Инчунин, диспансери байниноҳиявии бемориҳои рӯҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.

Ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, сил, гепатити С ва бемории сироятии коронавирус (COVID-19) масъулини соҳа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои профилактикӣ ва ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд.

Бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) аз тарафи муассисаи давлатии Шуъбаи дизенфексияи профилактикии ноҳия дар ташкилоту муассисаҳо, масҷиду фароғатгоҳҳо, мактабу боғчаҳо, бозору марказҳои савдову хизмат­расонӣ ва манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 490058 метри мураббаъ корҳои безарраргардонӣ гузаронида, ҷиҳати иҷро намудани корҳои зиддиэпидемикӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 36120 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Барои қабул ва табобати гирифторони бемории коронавирус 30 нафар табиби ботаҷриба ҷалб гардида, дар назди шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия ва беморхонаҳои минтақавии Навобод, Ҳоит ва Қалъаи Сурх ҳуҷраҳои махсус ташкил ва беморон дар онҳо ба табобат фаро гирифта шуданд.

Аз ҷониби Пешвои миллат барои кормандону беморони муассисаҳои тиббии ноҳия зиёда аз 50 тонна маҳсулоти озуқавории талаботи аввалия ва доруворӣ ворид гардид.

Соҳибкорони саховатпеша низ, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат кумакҳои беғаразона расониданд. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш ба кормандони соҳаи тандурустӣ зиёда аз 151 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуда, 300 адад либосҳои махсус ва 1000 дона ниқобҳои яккарата дастрас гардид. Шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказӣ барои иловатан қабул намудани 20 бемор бо рахти хоб, яхдону ҷевон ва мизу курсиву дигар ҷиҳозу лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуд.

Чунин кумакҳо аз ҷониби соҳибкорон Ғаюр Судуров (ба маблағи зиёда аз 50 ҳазор сомонӣ маҳсулоти озуқаворӣ, доруворӣ ва дигар асбобу лавозимоти тиббӣ), Ҳамзаалӣ Шеров (6 адад асбоби нафасдиҳии оксигенератор аз Федератсияи Россия) ва Қимом Қиёмов (кумаки молиявӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ) низ расонида шуданд.

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия хона-вагон барои бо табобат фаро гирифтани 20 нафар бемор ворид гардида, насб ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо таҷҳизоти лозимӣ таъмин карда шуд.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Инчунин, 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият доранд, ки дорои 386 кат мебошанд.

Ҳамчунин, бо ҷалби маблағгузории бахши хусусӣ соли 2020 сохтмони биноҳои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Санги кари деҳоти ба номи Б. Раҳимзода ва нуқтаҳои тиббӣ дар деҳаҳои Истиқлол ва Чуғдабиёни деҳоти «Қалъаи Сурх» ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд. Дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва шарикони рушд соли ҷорӣ сохтмони 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Кочони деҳоти «Навдӣ», Зарифии деҳоти «Тагоба» ва Навдонаки деҳоти «Қалъаи Сурх» ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони китобхонаҳо дар деҳаҳои Қазноқи деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, Қалъаи Сурхи деҳоти «Қалъаи Сурх», Варзигони деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзода, деҳаи Мусофирони деҳоти «Ясман» идома дошта, дар деҳаҳои Ҳиҷбораки деҳоти «Ҳиҷборак» ва Навдонаки деҳоти «Қалъаи Сурх» биноҳои нави китобхонаҳои замонавӣ ­сохта ба истифода дода шуд. Дар 7 ҷамоати шаҳраку деҳот сохтмони китобхонаҳо дар нақша аст.

Дар ноҳия 130 иншооти гуногуни варзишӣ, аз ин 3 варзишгоҳ, маҷмааи варзишӣ, 97 майдончаи варзишӣ, 23 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, мактаби варзишӣ бо ҷалби 23 нафар мураббӣ ва 690 машқварз (50 нафар бонувон) фаъолият доранд.

Рашт дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат дорои захираҳои бой барои рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ мебошад. Дар ноҳия мавзеъҳои нодир хеле зиёданд. Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Ҷафр, Ҳоит, Ясман, Қалъанак ва даҳҳо манзараи дилфиреб ва обу шаршараҳо табъи бинандаро болида мегардонанд. Бо мақсади муаррифии имкониятҳои соҳа дар ҳамкорӣ бо Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон барномаи махсус «Сайёҳ» ва 5 ролику лавҳаҳои таблиғотӣ омода гардида, намоиши онҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ролики сайёҳӣ вобаста ба муаррифии ноҳия таҳия гардида, пешкаши ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳон гардонида шуд.

Ҷиҳати рушди намудҳои алоҳидаи сайёҳӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ду хатсайри нави сайёҳӣ вобаста ба намуди агро-экосайёҳӣ таҳия гардида, пешниҳоди ширкати сайёҳии «Рӯшноӣ» гардонида шуд. Дар маҷмӯъ, то ҳол дар ноҳия 8 хатсайри сайёҳӣ таҳия гардидааст. Онҳо экологӣ, фарҳангию таърихӣ, агро-экосайёҳӣ, куҳнавардӣ ва истироҳатӣ буда, амалӣ намуданашон аз моҳҳои апрел — октябр имконпазир мебошад.

Вобаста ба муҳайё намудани шароити фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази ноҳия 3 меҳмонхона, ҳостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуда, мавриди истифода қарор доранд.

Дар доираи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар ноҳияи Рашт» сохтмони 4 меҳмонхона бо фарогирии 89 ҳуҷра ва 200 кати хоб ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Рушди минбаъдаи соҳа ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия ба сифатнок иҷро гардидани нақша — чорабиниҳои «Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2020», ки бо қарори раиси ноҳия аз 1 июни соли 2018, №365 тасдиқ гардидаанд, вобастагии зиёд дорад. Тибқи нақшаи пешбинишудаи татбиқи барнома дар давоми се сол аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ 153 ҳазор сомонӣ ва аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 2 миллиону 398 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи барномаи мазкур дар шафати роҳи байналмилалӣ, воқеъ дар кӯчаи Сари Пули шаҳраки Ғарм, сохтмони меҳмонхона, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва таъмири автомобилҳо, дар деҳаи Ҷафри деҳоти «Ҷафр» сохтмони осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам» ва дар дараи Камароб осоишгоҳ бо ҳама имконият барои сайёҳон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд.

Ҳоло дар ноҳия ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 №АП-1059 оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1 июни соли 2018 таҳти №372 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021» таҳия ва тасдиқ карда шуда, бо қарорҳои раиси ноҳия аз 1 июли соли 2019 таҳти №264 ва аз 10 апрели соли 2020 таҳти №243 ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд ва корҳои ободонию созандагӣ дар ин самт бомаром идома доранд.

Дар арафаи ҷашни 23 — солагии «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» 18 иншоот ва рӯзҳои ҷашни 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд. Алҳол дар 71 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ идома доранд.

Аз 315 иншооти ба нақша гирифташуда 52 иншоот ба соҳаи маориф, 41 — ба соҳаи варзиш, 41 — оиди таъмир, барқарорсозӣ ва ободонию чароғонкунии роҳу кӯчаҳо, 24 — сохтмони биноҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ, 30 — хати оби нӯшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, 42 — бинои маркази савдо, меҳмонхона, таваққуфгоҳ, ҳаммом, нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурӯши сӯзишворӣ, 14 — корхонаи нави истеҳсолӣ, 19 — тандурустӣ, 14 — кишоварзӣ, 34 — ба соҳаи иҷтимоӣ ва беҳгардонии шароити зист ва 4 лоиҳа ба соҳаи барқтаъминкунӣ тааллуқ доранд.

- Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ­ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин замина таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ноҳия фаъолиятро равона менамояд, — гуфт дар хотима Раҳимҷон Муқимӣ.

Мусоҳиб Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»