Рашт. Хоҷагиҳои деҳқонӣ чӣ мушкил доранд?

№67 (4017) 13.06.2019

IMG_2803Солҳои охир Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон доир ба масоили гуногун ҳамкории судманд доранд.

- Ҳадафи асосӣ таҳкими қонуният ва тавсеаи ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ мебошад.  Аз ҷониби дигар, чунин тарзи ҳамкорӣ ба рушди демократия ва ҳамкории парлумони касбӣ бо ниҳодҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ боис мегардад, — иброз намуд  раиси кумитаи зикршуда Олим Салимзода.

Дар ҳамин радиф, чанде пеш дар маркази ноҳияи Рашт бо ибтикори кумита ва ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқот доир гардид.

Маҳмадамин Ҷомидов, мутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия қайд намуд, ки дар ноҳия зиёда аз се ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, на ҳама фаъол буда, баъзе аз онҳо, фақат ба фурӯши алаф машғул гардида, гумон мекунанд, ки хоҷагидорӣ шакли харидуфурӯш аст. Мушкилии дигар баъд аз кишти зироат дар мавсими гармо нарасидани об мебошад.

Дар баробари ин, кишоварзон аз он нигаронанд, ки тухмии картошкаи воридшуда аз сабаби мавҷуд набудани озмоишгоҳ ҳосили хуб намедиҳад.

Худойназар Ғоибов — раиси Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия қайд кард, ки дар соҳаи кишоварзӣ пешравӣ ҳаст. Бо вуҷуди ин, дар фаъолияти баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ камбудию норасоиҳо дида мешавад, ки ба кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ оварда мерасонад. Дар натиҷаи омӯзиш муайян гардид, ки аксар заминҳо ба эрозияи вирусӣ гирифтор шуда, аз онҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда намешавад. Мутаассифона, то ҳол дар минтақа ягон маркази озмоишӣ барои санҷиши хок ва тухмӣ мавҷуд нест.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзодавлат Сабурзода дар мавзӯи «Даровардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» маърӯза карда, аз ҷумла, иброз дошт, ки қонуни зикршуда бо мақсади мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ, аз байн бардоштани ихтилофот, номуайянӣ ва номураттабӣ дар танзими муносибатҳои хоҷагидорӣ таҳия гаштааст ва дар идома оид ба ҳар боб ва моддаҳои қонун андеша иброз дошт.

Дар хотима, иштирокчиён мубодилаи афкор намуда, баргузории мулоқотро манфиатбахш дониста, барои баланд бардоштани сатҳи дониши роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ судманд арзёбӣ карданд.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»